Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ айни замон 4 лоиҳаро дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ айни замон 4 лоиҳаро дар самти роҳу нақлиёт амалӣ менамоянд. Ин нукта дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сардори бюрои роҳи оҳани Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея (MOLIT) Ким Тебён ва Сардори бахши лоиҳаҳои хориҷии Корпоратсияи миллии роҳи оҳани ин мамлакат –«Korea Railroad Corporation» О Бён Ил дар Душанбе баён гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи роҳу нақлиёт ва дурнамои он, аз ҷумла вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи роҳу нақлиёт муҳокима гардиданд.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои вусъат бахшидани муносибатҳои дӯстона бо ҷониби Корея дар ин самт баён дошт.
Гуфта шуд, ки ҳамкории ду ҷумҳурӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ афзоиш меёбад. Илова ба ин, ҷонибҳо барои дар соли 2026 оғоз намудани татбиқи боз як лоиҳаи нав дар самти рушди нақлиёти ҳушманд дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд. Дар мулоқот инчунин омода намудани мутахассисони роҳи оҳан ва метро, такмили ихтисоси кормандони соҳаи роҳи оҳан баррасӣ шуданд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






