Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд

Июнь 10, 2026 10:21

ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак таҳти унвони «Перекресток» («Чорсу») бо намоиши «Наврӯз» иштирок намуданд.  Фестивал аз 31 май то 8 июн дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия доир гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, иштирок дар ин фестивали бонуфуз барои муаррифии санъати театрии лӯхтаки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва мубодилаи таҷриба бо театрҳои мамлкатҳои гуногун имконияти мусоид фароҳам меорад.

Ҳадафи фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театр, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 10, 2026 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид