Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конференсия ва роҳпаймоии сулҳ баргузор гардид

Июль 17, 2026 20:30

ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Ёвон бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» конференсияи ноҳиявӣ ва роҳпаймоии тантанавии сулҳ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Дар конференсия Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, омӯзгорон, фаъолон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Зимни конференсия таъкид гардид, ки қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» дастоварди муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаи ташаббусҳои созандаву сулҳпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Иброз гардид, ки ин иқдоми байналмилалӣ идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон буда, нуфуз ва мавқеи мамлакатро ҳамчун давлати пешоҳанги ташаббусҳои сулҳпарварона дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.

Иштирокчиёни конференсия вобаста ба аҳаммияти таърихии қатъномаи қабулшуда андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи нав барои таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, муколамаи байни тамаддунҳо, рушди ҳамкорӣ байни давлатҳо ва таъмини зиндагии осоишта барои наслҳои имрӯз ва оянда аҳаммияти бузург дорад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ роҳпаймоии тантанавии сулҳ таҳти шиори «Аз сулҳ то созандагӣ — ба хотири наслҳои оянда!» баргузор гардид.

Дар роҳпаймоӣ раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон, варзишгарон, омӯзгорон ва дигар фаъолони ҷомеа иштирок намуда, бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи сулҳу дӯстӣ аз кӯчаҳои марказии ноҳия гузаштанд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи роҳпаймоӣ арҷгузорӣ ба сулҳу суботи пойдор, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва пуштибонии ташаббуси ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди фарҳанги сулҳ мебошад, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст.

Иштирокчиёни роҳпаймоӣ садоқати худро ба арзишҳои муқаддаси сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта иброз дошта, саҳми Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки сулҳ неъмати бузургтарин ва заминаи асосии рушди устувори давлат буда, танҳо дар фазои орому осуда метавон барои пешрафти иқтисод, илму маориф, фарҳанг, варзиш ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст шароити мусоид фароҳам овард.

Тавре иштирокчиёни чорабинӣ иброз доштанд, сокинони ноҳияи Ёвон ҳамчун ҷонибдорони сиёсати созандаву сулҳпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат минбаъд низ барои татбиқи ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036», ҳифзи сулҳу оромӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Июль 17, 2026 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИИ ЭКОЛОГӢ: аз обу иқлим то зеҳни сунъӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ НАВИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир шуд