Дар Сангвор бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
САНГВОР, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади арҷгузорӣ ба ташаббуси навбатии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии аҳамияти таърихии қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» дар ноҳия Сангвор ҳамоиши бошукӯҳи сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор хабар доданд.
Муовини раиси ноҳияи Сангвор Садорат Бафозода иброз дошт, ки қабули ин қатъномаи муҳими Созмони Милали Муттаҳид дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонаи эътирофи нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ мебошад.
Изҳор гардид, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат сиёсати сулҳҷӯёна, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаро пеш гирифта, имрӯз ҳамчун давлати ташаббускор ва сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб намудааст.
Таъкид шуд, ки қатъномаи навбатии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар собит сохт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои инсондӯстона ва созандаи Тоҷикистонро баланд арзёбӣ менамояд. Сулҳ неъмати бебаҳо, асоси рушду пешрафти давлат ва кафили зиндагии шоистаи мардум мебошад. Аз ин рӯ, қабули «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои густариши ҳамкории байналмилалӣ, таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва тарбияи насли оянда дар руҳияи инсондӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Сокинони ноҳияи Сангвор аз чунин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон ифтихор намуда, минбаъд низ барои татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор








Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд






