ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 июл, чоршанбе, 196-умин рӯзи соли 2026 аст

Июль 15, 2026 08:00

15 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш Шайх дар маросими муаррифӣ ва тақдими китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки дар Миср ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудааст, иштирок намуда, ба тарҷумони китоб доктор Абдулваҳҳоб Аллуб, роҳбари нашриёти «Дору-л-фикри-л-арабӣ» Отиф ал-Ҳазарӣ, устодони донишгоҳи Миср, мутахассисони адабиёти тоҷик доктор Ҳамдӣ ва доктор Аҳмад Сомӣ ва ҳамаи ононе, ки дар нашри он саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуданд.

***

 15 июли соли 2009 дар Миср зимни вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Филиппин хонум Глория Макапагал Арройо масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд байни ду кишвар баррасӣ гардид.

***

15 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  муовини ёвари Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майкл Макфол масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрикоро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мавзеи бунёди ин иншоот ба шаҳри Роғун сафар карда, дар он ҷо аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ боздид намуданд.

***

15 июли соли 2021 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷкистон чорабинии муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Дафтари ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Муаррифӣ ва тасдиқи харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор» баргузор гардид.

***

15 июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини вақти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи нахустини Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ баргузор гардид. Гуфта шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ,  дар ҷумҳурӣ 6752 нафар ҳунарманд ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ машғул мебошанд, ки аз ин шумора 226 нафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1636 нафар ба вилояти Хатлон, 3983 нафар ба вилояти Суғд, 828 нафар ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 79 нафар ба шаҳри Душанбе рост меояд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 мақомоти минтақаи миллии пойтахти Деҳлӣ (Ҳиндустон) пас аз он ки сатҳи оби дарёи Ямуна ба баландтарин сатҳи рекордӣ расид, тақрибан 24 ҳазор нафарро кӯчониданд.

15 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон.

***

Дар Ботсвана – Рӯзи президент.

***

Дар Бруней  – Рӯзи султон.

РӮЙДОДҲО:

 15 июли соли 2016 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он қариб 40 масъала баррасӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1922 Ҳизби коммунистии Ҷопон таъсис дода шуд.

***

15 июли соли 1923 Парлумони Италия Конститутсияи нав қабул кард.

***

15 июли соли 1965 Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қонуне қабул намуд, ки талаб мекард дар қуттиҳои сигор ба саломатӣ зиён доштани он навишта шавад.

***

15 июли соли 1991 дар Англия рекламаи сигорро бе навиштаҷоти «Тамокукашӣ мекушад» манъ карданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1888 нахустин маротиба дар таърихи 1000-солаи Ҷопон вулқони Бандай фаввора зад.

***

Соли 1933 аввалин маротиба яккапарвозӣ бо ҳавопаймо дар атрофи кураи Замин оғоз гардид.

Июль 15, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш