Дар пойтахти мамлакат Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Лахшу Сангвор баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-и шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Лахш ва Сангвор бо иштироки васеи меҳмонон ва сокинони пойтахт баргузор гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар даромадгоҳи боғ намоиши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти дастии занон, дастовардҳои ҷавонон ва варзишгарон ва дигар комёбиҳои сокинони ноҳияҳои Лахшу Сангвор пешниҳод гардиданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби ҳунармандон барномаи фарҳангӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ баргузор гардиданд, ки ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хосса бахшид.
Ёдовар мешавем, ки баргузории рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Ҷадвали баргузории ҷашну солгардҳо, фестивалу намоишгоҳҳо, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ барои соли 2026, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, дар моҳҳои июн–августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида баргузор мешавад.
Ноҳияи Лахш (то 3 марти соли 2016 ноҳияи Ҷиргатол) яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад. Ноҳияи Лахш дар водии Рашт ҷойгир шудааст. Он дар баландии зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, беш аз 95 фоизи ҳудуди онро қаторкӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ноҳия барои рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии экологӣ ва кӯҳию варзишӣ хеле мусоид мебошад. Иқлими хуб, боду ҳавои форам, табиати дилфиреб ва манзараҳои зебою дилкаш имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия рушд ва тараққӣ намояд.
Ноҳияи Тавилдара аз соли 2016 инҷониб ноҳияи Сангвор номгузорӣ гардидааст. Ёдгории таърихии мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ, ки таърихи зиёда аз 3-5-ҳазорсола дорад ва манзараи зебои фароғатии Ҳавзи Кабуд ва даҳҳо ё дгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия диққати сайёҳонро ҷалб намудаанд.
Дар ин минтақа ҳама дарахтони мевадор- себ, нок, олу, чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, гелос, ангур, бодом, растаниҳои даштӣ ва бешагӣ мерӯянд. Табиат ва иқлими ноҳия барои занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва сайёҳию кӯҳнавардӣ хеле мувофиқ мебошад. Ноҳияи Сангвор дорои захираҳои бои табиӣ ва гидроэнергетикӣ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»/Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш






































Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд






