Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги шаҳри Бохтар доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги шаҳри Бохтар бо пешниҳоди намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Рӯзи фарҳанги шаҳри Бохтар бо тамошои намоишгоҳи дастовардҳо оғоз гардид. Меҳмонон аз гӯшаҳои намоишӣ дидан намуда, бо намунаҳои беҳтарини маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезӣ, мева, маҳсулоти саноатӣ, маҳсули фаъолияти соҳибкорон, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг ва варзиш шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ намунаҳои беҳтарини чакандӯзӣ, зардӯзӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, маҳорати ҳунармандони ноҳия диққати меҳмононро ҷалб намуд. Ҳамчунин намунаҳои гуногуни таомҳои миллӣ, шириниҳо ва маҳсулоти коркарди ватанӣ пешкаши ҳозирин гардиданд.
Таъкид гардид, ки шаҳри Бохтар имрӯз ҳамчун яке аз шаҳрҳои пешқадами ҷумҳурӣ дар самтҳои кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ даҳҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Бохтар дорои мавзеъҳои ҷолиби сайёҳист. Дар шаҳр теппаи ба таври сунъӣ сохташуда, наҳрҳои Ҷӯйбору Бибихонум, муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, муҷассамаи трактор ҳамчун рамзи рушди кишоварзӣ, лавҳаи азхудкунии заминҳои водии Вахш, манораҳои Парчам ва Нишони давлатӣ аз ҷумлаи маъруфтарин мавзеъҳо ба ҳисоб мераванд. Дар шаҳри Бохтар барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»




































































Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд






