Доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Ташаббусҳои Тоҷикистон дар сархати рӯзномаи ҷаҳонӣ: аз обу иқлим то ойини сулҳофарӣ» — таҳти ин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамкорӣ бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, конфронс ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Дар он масъалаҳои марбут ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаҳои об, иқлим, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таҳкими фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд.
Иброз гардид, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист бо фаъолияти соҳаи геология ва кӯҳкорӣ низ робитаи мустақим доранд. Зеро омӯзиши сохтори геологии мамлакат, захираҳои обҳои зеризаминӣ, пиряхҳо, канданиҳои фоиданок ва равандҳои геодинамикӣ барои истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор буда, дорои захираҳои фаровони обӣ ва канданиҳои фоиданок мебошад. Кӯҳҳои он на танҳо манбаи бузурги захираҳои зеризаминӣ, балки ташаккулдиҳандаи қисми зиёди захираҳои обии минтақа мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи сохтори геологӣ, ҳолати пиряхҳо ва захираҳои обии зеризаминӣ яке аз самтҳои муҳими рушди устувор ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хосса дошта, таҳқиқоти геологӣ барои муайян намудани захираҳои табиӣ, омӯзиши обҳои зеризаминӣ, арзёбии равандҳои геологӣ ва мусоидат ба истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ замина фароҳам меоранд.
Ҳамзамон рушди соҳаи кӯҳкорӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок бояд дар асоси талаботи муосири экологӣ, технологӣ ва бехатарӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин раванд фаъолияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои таъмини бехатарии меҳнат, пешгирии ҳолатҳои хатарнок ва риояи меъёрҳои бехатарӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Яке аз самтҳои асосии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон масъалаи об мебошад. Бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005–2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018–2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардиданд.
Ин ташаббусҳо барои соҳаи геология низ аҳамияти муҳим доранд, зеро ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об бе омӯзиши сарчашмаҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, сохтори геологӣ ва равандҳои табиӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ, таҳқиқоти геологӣ метавонад дар таъмини истифодаи устувори захираҳои обӣ ва пешгирии таъсири манфии равандҳои табиӣ саҳми назаррас гузорад.
Истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла маълумоти моҳворавӣ, низоми иттилоотии ҷуғрофӣ, мониторинги пиряхҳо ва усулҳои нави таҳқиқоти геологӣ метавонад дар омӯзиши тағйирёбии иқлим, ҳолати захираҳои обӣ ва равандҳои геодинамикӣ имконияти васеъ фароҳам оварад.
Омӯзиши илмии сарватҳои зеризаминӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат намояд.
Бояд гуфт, ки масъалаҳои об, иқлим, захираҳои табиӣ ва сулҳу субот бо ҳамдигар робитаи ногусастанӣ доранд. Барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз захираҳои обии муштарак истифода мебаранд, ҳамкории созанда дар самти омӯзиш, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ омили муҳими рушди устувор ва таҳкими суботи минтақавӣ мебошад.
Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва таҳкими сулҳу субот имрӯз ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Дар ин раванд рушди илмҳои геологӣ, такмили таҳқиқоти соҳавӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва таъмини бехатарӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ метавонад дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии мамлакат саҳми назаррас гузорад.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд






