ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст

Август 22, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 22.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз гӯшаҳои нодири Тоҷикистон буда, бо табиати зебо, кӯҳҳои осмонбӯс, кӯлҳои мусаффо, чашмаҳои шифобахш, пиряхҳои бузург ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун минтақаи дорои имконияти бузурги сайёҳӣ шинохта шудааст. Дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва муаррифии мавзеъҳои нодири ин минтақа  дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.

Соли 2013 бахшида ба 22–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Соли 2016 шоҳроҳи Помир аз тарафи National Geographic дар рӯйхати ҷойҳои аз ҳама ҷолиби ҷаҳон барои саёҳат дар мақоми дуюм қарор гирифт. Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳанги глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» дохил гардидаанд. Ин баҳогузории ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ омили ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ ба ин минтақа низ мебошад.

Сарез – гавҳари табиии Тоҷикистон 

Кӯли Сарез аз маъруфтарин мавзеъҳои табиии Бадахшон ба шумор меравад. Он дар кӯҳсори Рӯшон, дар баландии тақрибан 3250 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, яке аз падидаҳои нодири табиии минтақа мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Сарез чун яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии экологӣ ва кӯҳӣ бештар муаррифӣ гардида, ба барномаҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ ворид шудааст. Манзараҳои нотакрор, кӯҳҳои атроф ва мавқеи ҷуғрофии он барои рушди сайёҳии саргузаштӣ ва экологӣ имконияти васеъ фароҳам меоранд. 

Гармчашма – мавзеи табобатию солимгардонӣ 

Дар байни мавзеъҳои табобатӣ ва истироҳатии Бадахшон чашмаи шифобахши Гармчашма ҷойгоҳи махсус дорад. Ин мавзеъ бо чашмаҳои гарми минералӣ ва табиати зебои кӯҳӣ маъруф буда, дар рушди сайёҳии табобатӣ ва солимгардонӣ нақши муҳим дорад.

Дар баробари Гармчашма осоишгоҳҳои Ҷелондеҳ, Авҷ ва Бибӣ Фотимаи Зуҳро низ аз мавзеъҳои муҳими табобатию истироҳатии вилоят ба ҳисоб мераванд. Тибқи «Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чор осоишгоҳи асосӣ – Ҷелондеҳ, Авҷ, Гармчашма ва Бибӣ Фотимаи Зуҳро ҳамчун заминаи рушди сайёҳии табобатӣ ва солимгардонӣ арзёбӣ мешаванд. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ин осоишгоҳҳо барои меҳмонону ҷаҳонгардон шароити хуби муосир фароҳам оварда шуд.

Ямчун –пайванди табиат бо таърих 

Қалъаи Ямчун ва мавзеъҳои атрофи он аз ҷумлаи ҷойҳои таърихию фарҳангии машҳури Бадахшон мебошанд. Ин минтақа дар баробари мероси таърихӣ бо манзараҳои зебои кӯҳӣ ва чашмаҳои табиияш низ таваҷҷуҳи сайёҳонро  ҷалб менамояд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба ҳифз, омӯзиш ва муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилоят афзуд. Дар баробари Ямчун қалъаҳои Қаҳқаҳа, Карон, Вамар ва дигар ёдгориҳои таърихӣ ҳамчун бахши муҳими сайёҳии фарҳангӣ истифода мешаванд. 

Қаракӯл, Яшилкӯл ва Булункӯл 

Кӯлҳои баландкӯҳи Бадахшон низ аз захираҳои муҳими рушди сайёҳии экологӣ ба ҳисоб мераванд. Қаракӯл, Яшилкӯл ва Булункӯл бо табиати нотакрор, иқлими хоси кӯҳистон ва манзараҳои зебо барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиб мебошанд.

Махсусан Қаракӯл, ки дар яке аз баландтарин минтақаҳои Помир ҷойгир аст, барои рушди сайёҳии экологӣ, саёҳати кӯҳӣ ва аксбардории табиӣ имконияти зиёд дорад. 

Қуллаҳои баланд ва пиряхҳои Бадахшон

Бадахшон барои рушди кӯҳнавардӣ ва сайёҳии варзишӣ низ имконияти бузург дорад. Қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Истиқлолият, Озодӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҳамасола диққати кӯҳнавардони дохилию хориҷиро ҷалб менамоянд.

Пиряхи «Тоҷикистон» аз ҷумлаи мавзеи нодири табиии Бадахшон мебошад. Маҳз мавҷудияти чунин қуллаҳо ва пиряхҳои бузург ин минтақаро ба яке аз самтҳои муҳими кӯҳнавардӣ ва экотуризм табдил додааст. Аз ҷумла дар шаш моҳи соли 2026 129 сайёҳи хориҷӣ бо мақсади сайёҳии кӯҳнавардӣ ва 18 ҳазору 809 ҷаҳонгарди хориҷӣ барои сайёҳии экологӣ омадаанд.

Шоҳроҳи Помир – масири ҷолиби сайёҳӣ

Яке аз омилҳои муҳими рушди сайёҳии Бадахшон дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ- ин беҳтар гардидани роҳҳои нақлиётӣ ва дастрасии сайёҳон ба мавзеъҳои дурдасти вилоят мебошад. Шоҳроҳи Помир барои сайёҳоне, ки мехоҳанд аз манзараҳои кӯҳӣ, деҳаҳои қадимӣ ва фарҳанги мардуми Бадахшон дидан намоянд, ба масири маъруфи сайёҳӣ табдил ёфтааст.

Дар солҳои истиқлол роҳҳои байналмилалии минтақа марҳила ба марҳила навсозӣ гардида, ин раванд барои рушди робитаҳои иқтисодию сайёҳӣ ва дастрасии сайёҳон ба мавзеъҳои дурдасти Бадахшон заминаи мусоид фароҳам овард.

«ЗЕВ.С» – намунаи нави рушди инфрасохтори сайёҳӣ

Соли 2025 дар таърихи 34–солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» бунёд карда шуд. Ин маҷмаа дар беш аз ду гектар сохта шуда, дорои иншооти табобатию солимгардонӣ ва дигар хизматрасониҳои сайёҳӣ мебошад.

Комплекс тарҳи муосиру ҷавобгӯи талаботи стандарти байналмилалӣ дошта, дар як вақт имкон дорад ба зиёда аз 100 ҷаҳонгард хизмат расонад.   Ин иншооти нави сайёҳӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудааст.

Дар деҳаи этнографии «ЗЕВ.С» ба ҷаҳонгардон тарзи зиндагии суннатии мардуми кӯҳистон, хонаҳои қадимӣ, осиёби обӣ, ҷувоз ва дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ муаррифӣ карда мешаванд. Дар деҳаи этнографӣ хонаҳои хурди бо лой ва чӯб сохташуда, ки асрҳо тоҷикони кӯҳистон барои худ месохтанд, ба сайёҳон муаррифӣ карда мешаванд.

Дар деҳаи этнографӣ на танҳо хонаҳои қадимаи мардуми Бадахшон, балки иншооти муосир ҳам сохта шудаанд, ки диққати сайёҳонро  ҷалб месозанд. Дар он ҷо 8 хонаи истиқоматӣ, осиёби обӣ, бодӣ, ҷувоз ва дигар намуди суннату анъанаҳои мардумӣ, ки давраҳои гуногуни зиндагӣ ва фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегиранд, бунёд шудаанд. 

Рушди мавзеъҳои сайёҳӣ – рушди иқтисоди маҳаллӣ 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ сайёҳӣ дар Бадахшон тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди маҳаллӣ табдил ёфтааст. Афзоиши меҳмонхонаҳои хурд, хонаҳои қабули сайёҳон, хатсайрҳои сайёҳӣ ва хизматрасониҳои роҳбаладӣ барои қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ имконияти бештарро фароҳам овард. Тибқи маълумоти шуъбаи рушди сайёҳии вилоят, ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар вилоят 52 меҳмонхона таъсис ёфтааст.

Ҳоло дар Бадахшон намудҳои гуногуни сайёҳӣ — кӯҳнавардӣ, экологӣ, табобатӣ, фарҳангӣ, пиёдагардӣ ва шикорӣ рушд доранд. Танҳо дар шаш моҳи соли 2026 ба вилоят 23 ҳазору 222 сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардидааст. Ин нишондиҳанда аз афзоиши таваҷҷуҳ ба имконияти сайёҳии минтақа шаҳодат медиҳад.

Ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар вилоят 31 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамояд, ки далели ташаккули заминаҳои нави хизматрасонии сайёҳӣ дар минтақа мебошад.

Бадахшон – сарзамини имконоти бузурги сайёҳӣ

Дар маҷмуъ, солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди мавзеъҳои сайёҳии Бадахшон марҳилаи муҳим ба ҳисоб мераванд. Имрӯз Сарезу Қаракӯл, Яшилкӯлу Булункӯл, Гармчашмаю Ҷелондеҳ, Ямчуну Қаҳқаҳа, қуллаҳои баланди Помир, пиряхҳои азим ва шоҳроҳи Помир на танҳо сарватҳои табиию таърихии вилоят, балки муҳимтарин захираҳои рушди сайёҳии давлат мебошанд.

Идомаи корҳои созандагӣ, беҳтар намудани роҳҳо, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, омода намудани мутахассисони соҳа ва муаррифии имконоти сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар дохилу хориҷи мамлакат метавонад мавқеи ин минтақаи кӯҳистониро дар бозори байналмилалии сайёҳӣ боз ҳам мустаҳкам намояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 22, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»