Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид

Август 25, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Фурӯғ ва таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» маҳфили адабии «Сад дорандаи ҷоизаи Нобел»-и шуъбаи адабиёти хориҷии китобхона баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, маҳфил ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар он масъалаҳои марбут ба рушди фарҳанги китобхонӣ, нақши мутолиа дар ташаккули маърифати ҷомеа ва таъсири адабиёти ҷаҳонӣ ба ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавзуи асосии маҳфил ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ду чеҳраи маъруфи адабиёти ҷаҳонӣ – барандагони ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт Светлана Алексиевич ва Михаил Шолохов бахшида шуд.

Иброз гардид, ки китобу китобхонӣ яке аз омилҳои муҳими рушди маънавӣ ва зеҳнии ҷомеа ба ҳисоб рафта, мутолиаи осори адибони тоҷик ва ҷаҳонӣ барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, такмили донишу маърифат ва ташаккули тафаккури созандаи хонандагон аҳамияти хосса дорад. Ҳамчунин нақши китобхонаҳо дар тарғиби фарҳанги мутолиа ва фароҳам овардани имконияти бештар барои дастрасӣ ба адабиёти гуногунҷанба таъкид карда шуд.

Адабиётшинос ва пажӯҳишгар Ҳафиз Раҳмон дар бораи фаъолияти адабӣ, хусусияти эҷодӣ ва осори Светлана Алексиевич ва Михаил Шолохов андешаронӣ намуда, саҳми ин адибонро дар рушди адабиёти муосир ва ҷаҳонӣ мавриди таҳлил қарор дод.

«Осори ин ду нависанда аз ҷиҳати мазмун ва сабки баён гуногун бошад ҳам, дар онҳо масъалаҳои муҳими инсонӣ, таърих, сарнавишти ҷомеа ва хотираи мардум инъикос ёфтаанд. Омӯзиши чунин осор барои хонандаи имрӯз имкон фароҳам меорад, ки ба рӯйдодҳои таърихӣ ва падидаҳои иҷтимоӣ аз диди васеътар назар намояд», — афзуд Ҳафиз Раҳмон.

Дар идомаи маҳфил дорандаи Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 Фариса Холиқова низ ибрози андеша намуд.

Солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди фарҳанги китобхонӣ ва фароҳам овардани имкониятои бештар барои мутолиаи осори миллӣ ва ҷаҳонӣ марҳилаи муҳим ба ҳисоб мераванд. Ба роҳ мондани озмунҳои китобхонӣ, баргузории маҳфилҳои адабӣ, вохӯриҳо бо аҳли адаб ва ташкили намоишҳои китобӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки ба ҷалби бештари ҷомеа, бахусус ҷавонон ба китобу китобхонӣ мусоидат мекунанд.

Дар идомаи маҳфил байни иштирокчиён доир ба аҳамияти мутолиаи адабиёти ҷаҳонӣ, завқи китобхонӣ ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба китоб ибрози андеша карда шуд. Таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ нигоҳ доштани ҷойгоҳи китоб аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Чунин маҳфилҳои адабӣ дар тарғиби фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани завқи адабии хонандагон ва ҷалби бештари ҷавонон ба мутолиаи осори миллӣ ва ҷаҳонӣ нақши муҳим доранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 25, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд