САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд

Август 5, 2026 09:57

ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назарраси бахши саноат истиқбол мегирад. Солҳои охир ҷумҳурӣ масири саноатикунонии босуръатро пеш гирифта, саноатро ба яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисодӣ табдил додааст. Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба дастовардҳои соҳа, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои нав ва дурнамои рушди саноат андешаронӣ намуд.

— Ба назари Шумо муҳимтарин дастовардҳои соҳаи саноат давоми 35 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд?

— Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати мамлакат аз марҳилаи ҳифзи иқтидори асосии истеҳсолӣ дар шароити душвори таърихӣ то ташаккули низоми муосир, гуногунсоҳа ва ба содирот нигаронидаи саноат роҳи бузургеро тай намуд. Ба назари ман, муҳимтарин дастовард он аст, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноат ба яке аз такягоҳҳои асосии иқтисоди миллии кишвар табдил ёфт ва саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии давлат муайян гардид.

Аз нигоҳи таърихӣ, ин қарор ба нуқтаи гардиши сиёсати иқтисодии ҷумҳурӣ табдил ёфт. 26 декабри соли 2018 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, ки саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шавад. Ҳамзамон дар ин Паём вазифа гузошта шуд, ки иқтисодиёти кишвар аз модели аграрӣ-индустриалӣ ба модели индустриалӣ-аграрӣ гузаронида шавад. То он давра саҳми саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфта буд. Ин на танҳо қарори соҳавӣ, балки интихоби стратегии давлат буд. Аз ҳамон вақт рушди саноат ҳамчун заминаи устувори иқтисодиёт, таъмини шуғли пурмаҳсул, афзоиши содирот ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар арзёбӣ гардид.

Натиҷаҳои солҳои охир махсусан назаррас мебошанд. Соли 2025 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 66 миллиарду 726,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд ва суръати афзоиши истеҳсолот бо нархҳои муқоисавӣ 22,1 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 13,3 миллиард сомонӣ бештар мебошад. Аз ҳаҷми умумии истеҳсолот 51,8 дарсад ба саноати коркард, 30 дарсад ба саноати истихроҷ, 17,6 дарсад ба таъмини неруи барқ ва 0,6 дарсад ба таъминоти об, тозакунии партовҳо, коркарди онҳо ва истифодаи такрории ашё рост меояд.

Солҳои 2019-2025, яъне давоми ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта, беш аз 87 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд. Танҳо соли 2025    396 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, 13 ҳазору 113 ҷойи нави кор ташкил гардид. Ин нишондиҳандаҳо аз тавсеаи устувори заминаи саноатии кишвар шаҳодат медиҳанд.

Муҳим он аст, ки ин тамоюли мусбат дар соли ҷашнии 2026 низ идома дорад. То 1 июли соли 2026 дар ҷумҳурӣ 4002 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 89 ҳазору 59 ҷойи кор таъсис ёфтааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 шумораи корхонаҳо 153 адад зиёд гардидааст. Дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба бахши саноат аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳо ва сармоягузории хориҷӣ 4 миллиарду 916,7 миллион сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (4 миллиарду 271,3 миллион сомонӣ) 645,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаҳо аз таҳкими минбаъдаи иқтидори саноатии кишвар ва устувории сиёсати саноатикунонии босуръат шаҳодат медиҳанд.

Дастоварди муҳим танҳо дар афзоиши нишондиҳандаҳои рақамӣ нест, балки дар тағйир ёфтани сифати саноат зоҳир мегардад. Имрӯз самтҳои афзалиятнок аз коркарди амиқи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, рушди металлургия, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати хӯрокворӣ, сабук, кимиё, дорусозӣ, мошинсозӣ ва комплекси кӯҳию маъдан иборат мебошанд. Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала аҳамияти махсус дорад, зеро саноат имрӯз нишонаи камолоти иқтисоди миллӣ, иқтидори дохилӣ ва самаранокии сиёсати пайгиронаи давлатӣ мебошад.

Дар асл, ҳадафи чоруми стратегӣ идомаи мантиқии се ҳадафи асосии давлат — таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Маҳз неруи барқ, роҳҳо ва амнияти озуқаворӣ замина фароҳам оварданд, ки имрӯз иқтисоди нави саноатии Тоҷикистон бар пояи он рушд мекунад.

— Метавонед рушди саноати Тоҷикистонро дар оғози соҳибистиқлолӣ ва имрӯз муқоиса кунед?

— Агар оғози давраи истиқлолиятро бо марҳилаи кунунӣ муқоиса намоем, сатҳи рушд аз ҷаҳиши бузурги таърихӣ намоён аст.  Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 46 миллиард сомонӣ гузашта, нисбат ба соли 1992    4,6 баробар афзоиш ёфт. Аллакай соли 2024 ин нишондиҳанда ба 53 миллиарду 819 миллион сомонӣ расид ва соли 2025 то 66 миллиарду 726,1 миллион сомонӣ афзоиш ёфт.

Агар дар гузашта Тоҷикистон асосан ҳамчун кишвари аграрӣ шинохта мешуд, имрӯз мо бо итминон иқтисоди индустриалӣ-аграриро ташаккул медиҳем. Ин маънои онро дорад, ки кишоварзӣ нақши муҳими худро нигоҳ медорад, вале маҳз саноат ба омили асосии навсозии сохтории иқтисодиёт, коркарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда ва таҳкими иқтидори содиротии мамлакат табдил ёфтааст.

Сохтори истеҳсолот низ тағйир ёфтааст. Соли 2025 дар ҷумҳурӣ 3972 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият мекард. Дар маҷмуъ, дар солҳои истиқлолият зиёда аз 3000 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода шуда, 54 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст. Танҳо дар солҳои 2019-2025 зиёда аз 2600 корхона ва беш аз 87 ҳазор ҷойи нави кор ташкил карда шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои моҳҳои январ-апрели соли 2026 дар ҷумҳурӣ аллакай 3983 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошт, ки аз онҳо 3446 корхона ба бахши саноати коркард, 364 корхона ба саноати истихроҷ, 72 корхона ба таъмини неруи барқ, газ ва буғ ва 101 корхона ба таъминоти об ва коркарди партовҳо тааллуқ доштанд.

Сатҳи рушд махсусан дар бахши истеҳсоли маҳсулоти маъданӣ равшан ба назар мерасад. Агар соли 1991 дар саноати кӯҳӣ ҳамагӣ се номгӯй маҳсулот истеҳсол мешуд, пас соли 2025 ин нишондиҳанда ба 17 номгӯй расид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати кӯҳӣ аз 7,7 миллиард сомонӣ дар соли 2020 то 27 миллиард сомонӣ дар соли 2025 афзоиш ёфт, яъне 3,4 баробар зиёд гардид.

— Оё технологияҳои нав ва навовариҳо ба рушди соҳаҳои саноат таъсир расониданд?

— Бале, технологияҳои нав рушди саноати мамлакатро куллан дигаргун сохтанд. Агар қаблан вазифаи асосӣ барқарорсозӣ ва ба фаъолият даровардани иқтидори истеҳсолӣ буд, имрӯз ҳадаф хеле фарохтар аст, пеш аз ҳама, таъсиси корхонаҳои муосир, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи энергия, баланд бардоштани сифати маҳсулот, амиқ гардондани коркарди ашёи хом ва ворид шудан ба бозорҳои хориҷӣ бо маҳсулоти рақобатпазир.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вазифаҳо оид ба амалӣ намудани хизматрасониҳои рақамӣ, гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи энергия, рушди паркҳои инноватсионӣ ва технологӣ, марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата сентрҳо) ва татбиқи Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ муайян карда шуданд. Ҳамчунин солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидаанд, ки ин иқдом идомаи мантиқии сиёсати саноатикунонии босуръат ва навсозии технологӣ ба ҳисоб меравад.

Барои саноат ин маънои гузариш ба истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашударо дорад. Технологияҳои муосир имкон медиҳанд, ки нахи пахта, алюминий, канданиҳои фоиданок, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш амиқтар коркард гардида, ҳамзамон соҳаҳои саноати кимиё, дорусозӣ, металлургия, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон рушд ёбанд. Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ 26,1 фоиз, маснуоти резинӣ ва пластикӣ 21,1 фоиз ва маҳсулоти дорусозӣ 10,6 фоиз афзоиш ёфт, ки ин аз густариши истеҳсолоти аз ҷиҳати технологӣ мураккаб шаҳодат медиҳад.

Ин тамоюл дар моҳҳои январ-апрели соли 2026 низ идома ёфт. Дар ин давра корхонаҳои саноати коркард ба маблағи 11 миллиарду 401,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025     28 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳама муҳим он аст, ки афзоиш маҳз дар самтҳои ба коркарди амиқи ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ вобаста ба қайд гирифта шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла нӯшокиҳо ва маҳсулоти тамоку ба 3 миллиарду 747,7 миллион сомонӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ба 864 миллион сомонӣ, маҳсулоти кимиёвӣ ба 210,3 миллион сомонӣ, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ ба 1 миллиарду 494,6 миллион сомонӣ ва маҳсулоти металлургӣ ва маснуоти тайёри металлӣ ба 4 миллиарду 288,7 миллион сомонӣ расид.

Дар баробари ин, омода намудани мутахассисон барои низоми нави саноатӣ аҳамияти калон дорад. Соли 2025 дар муассисаҳои тобеи вазорат зиёда аз 8042 донишҷӯ аз рӯи 129 ихтисос таҳсил намуданд, ки аз онҳо 80 ихтисос ба бахши саноат марбут мебошанд. Ҳамчунин дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсия ва иқтисоди рақамӣ зиёда аз 20 ихтисоси нав таъсис дода шуд. Ин замина фароҳам меорад, ки рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва салоҳияти муҳандисӣ барои иҷрои ҳадафҳои саноатикунонӣ хизмат намоянд.

Маҳз чунин ҳамоҳангии саноат, илм, инноватсия ва омодасозии кадрҳо ба “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мувофиқ мебошад. Дар ин стратегия сенарияҳои рушди индустриалӣ ва индустриалӣ-инноватсионӣ пешбинӣ гардида, дар марҳилаи сеюм, солҳои 2026-2030, таваҷҷуҳи асосӣ ба анҷом расонидани босуръати раванди саноатикунонӣ тавассути афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, рушди илм ва инноватсия равона шудааст.

— Кадом соҳаҳои саноат дар ин солҳо рушди бештар нишон доданд ва кадом бахшҳо ба рушди иловагӣ ниёз доранд?

— Солҳои охир суръати бештари рушд дар саноати истихроҷ, саноати коркард, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати хӯрокворӣ, металлургия, энергетика, инчунин саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ба мушоҳида мерасад.

Соли 2025 ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард ба 34 миллиарду 595,4 миллион сомонӣ расид. Аз ҷумла, маҳсулоти саноати хӯрокворӣ 12,4 миллиард сомонӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 4,2 миллиард сомонӣ, дигар маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 4,5 миллиард сомонӣ ва маҳсулоти металлургӣ ва маснуоти тайёри металлӣ 10,6 миллиард сомониро ташкил доданд.

Дар ҳамин сол саноати истихроҷ ба маблағи 20 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро ба 136,2 дарсад расонид. Ҳаҷми истеҳсоли саноати коркард 34,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 110,5 дарсад, истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ 11,8 миллиард сомонӣ бо афзоиши 13 дарсад ва таъминоти обу коркарди партовҳо 0,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 22,8 дарсадро ташкил дод.

Агар дар бораи бахшҳои алоҳида сухан ронем, саноати кӯҳӣ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 27 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки 44 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатии мамлакатро ташкил медиҳад. Дар бахши истеҳсоли масолеҳи сохтмон ҳаҷми истеҳсолот ба 4,1 миллиард сомонӣ расида, 12,3 фоиз афзоиш ёфт. Истеҳсоли семент ба 5,1 миллион тонна баробар гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ба 12 миллиарду 442,1 миллион сомонӣ расида, 16,1 дарсад зиёд шуд. Саноати сабук, аз ҷумла корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи 4,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, 6,4 дарсад афзоишро таъмин кард.

Омори моҳҳои январ-апрели соли 2026 низ нишон медиҳад, ки кадом бахшҳо муҳаррики асосии рушд мебошанд. Афзоиши умумии истеҳсолоти саноатӣ ба андозаи 13 дарсад, пеш аз ҳама, аз ҳисоби афзоиши 28-фоизаи саноати коркард ва 23,2-фоизаи саноати хӯрокворӣ таъмин гардид. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти консервшуда 41,5 фоиз, равғани растанӣ 12,3 фоиз, орд 37,6 фоиз ва гӯшти паранда 10,9 фоиз зиёд гардид.

Ҳамчунин дар соҳаҳои нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва сохтмон низ тамоюли мусбат ба қайд гирифта шуд. Дар моҳҳои январ-апрели соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 11 фоиз, истеҳсоли қолин ва маснуоти қолинӣ 1,2 фоиз ва истеҳсоли нахи пахта 1,6 баробар афзоиш ёфт. Дар бахши истеҳсоли маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ бошад, афзоиш 23,7 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, истеҳсоли семент 9,4 фоиз, арматураи сохтмонӣ 9,7 фоиз ва хишти сохтмонӣ 1,8 баробар зиёд гардид, ки барои рушди сохтмон ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории кишвар аҳамияти калон дорад.

Бо вуҷуди ин, бахшҳое мавҷуданд, ки бояд боз ҳам фаъолтар рушд дода шаванд. Ба онҳо мошинсозӣ, саноати электротехникӣ, дорусозӣ, саноати кимиё, истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ, коркарди амиқи металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо, инчунин коркарди ниҳоии пахта ва ашёи хоми кишоварзӣ дохил мешаванд. Аллакай соли 2025 корхонаҳои мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимиё ба маблағи 5 миллиарду 298,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, афзоиши 18,6-фоизаро таъмин карданд. Корхонаҳои коркарди алюминий 26 ҳазору 850 тонна алюминийро коркард намуданд, ки нисбат ба соли 2024 ба андозаи 8780 тонна зиёд мебошад. Маҳз рушди ин самтҳо имкон медиҳад, ки кишвар аз содироти ашёи хом ба содироти маҳсулоти тайёр гузарад, ҳаҷми содиротро зиёд намуда, ҷойи нави кори баландихтисос таъсис диҳад.

Самти стратегии дигаре, ки таваҷҷуҳи махсус талаб мекунад, истеҳсоли металлҳои нодир ва нодирзамин мебошад. Тибқи маълумоти Саридораи геология, соли 2024 дар Тоҷикистон 15 кони нави металлҳои нодир, аз ҷумла литий, тантал, ниобий, бериллий, лантан, серий, неодим ва дигар унсурҳо кашф гардиданд. Тоҷикистон дорои захираҳои 10 навъи металл аз 12 металли барои гузариш ба энергетикаи «сабз» аз ҷиҳати стратегӣ муҳим мебошад, ки ин мамлакатро метавонад ба яке аз иштирокчиёни муҳими бозори ҷаҳонии ашёи хоми стратегӣ табдил диҳад. Вазифаи вазорат аз он иборат аст, ки гузариши пайгирона аз корҳои иктишофӣ ба азхудкунии ин конҳо таъмин гардида, тавассути ҷалби сармоягузорӣ ва ташкили истеҳсолоти коркарди амиқи металлҳои нодир дар дохили кишвар арзиши иловашуда зиёд карда шавад.

— Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорӣ чӣ тадбирҳо меандешад?

— Ҷалби сармоягузорӣ ба бахши саноат яке аз самтҳои калидии фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин фаъолият дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ карда мешавад. Барои мо сармоягузорӣ танҳо манбаи маблағгузорӣ нест, балки ин технологияҳои нав, таҷҳизоти муосир, таҷрибаи идоракунӣ, дастрасӣ ба бозорҳои хориҷӣ ва таъсиси ҷойи кори устувор мебошад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ дар самтҳои мушаххаси соҳаи саноат фаъолияти амалӣ пеш мебарад. Пеш аз ҳама, сухан дар бораи коркарди амиқи ашёи хоми маъданӣ, металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо, коркарди алюминий, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, саноати хӯрокворӣ, кимиё, дорусозӣ, мошинсозӣ, саноати заргарӣ ва амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар истеҳсолот меравад. Аз рӯи ҳар яке аз ин самтҳо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои дурнамо муайян намуда, заминаи ашёи хом, иқтидори истеҳсолӣ, имконияти инфрасохторӣ ва талаботи бозорро меомӯзад. Пас аз он ба сармоягузорон пешниҳодҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок ва барои татбиқи амалӣ омодашуда манзур карда мешаванд.

Бояд махсус таъкид намуд, ки фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо муаррифии имконоти сармоягузории кишвар маҳдуд намегардад. Дар амал он сармоягузорро дар тамоми марҳилаҳо ҳамроҳӣ мекунад. Аз ҷумла, аз музокироти ибтидоӣ ва пешниҳоди маълумоти соҳавӣ то ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, корхонаҳои саноатӣ ва шарикони эҳтимолии ватанӣ. Чунин тарзи фаъолият ба сармоягузор имкон медиҳад, ки дар муҳлати кӯтоҳ шароити фаъолиятро дар кишвар хубтар дарк намуда, майдони мувофиқи истеҳсолиро интихоб кунад, заминаи ашёи хом, имконияти логистикӣ ва энергетикӣ, талабот ба кадрҳо ва дурнамои фурӯши маҳсулотро арзёбӣ намояд.

Давлат барои сармоягузорон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ фароҳам овардааст. Дар сатҳи ҷумҳурӣ кафолатҳои ҳуқуқии ҳифзи сармоягузорӣ, имконияти интиқоли даромад ба хориҷи кишвар, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, инчунин механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, консессияҳо ва созишномаҳои сармоягузорӣ пешбинӣ шудаанд. Вазифаи вазорат аз он иборат аст, ки ин имконият маҳз барои рушди истеҳсолот истифода шаванд, на барои савдои кӯтоҳмуддати ашёи хом.

Яке аз абзорҳои муҳими ҷалби сармоягузорӣ фаъолияти панҷ минтақаи озоди иқтисодии ҷумҳурӣ: «Суғд», «Данғара», «Кӯлоб», «Панҷ» ва «Ишкошим» мебошад. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба сармоягузорон имтиёзҳои андозию гумрукӣ, кафолатҳои ҳуқуқии ҳифзи сармоя ва расмиёти содаи бақайдгирӣ пешниҳод менамоянд, ки онҳоро ба майдони самараноки оғоз намудани фаъолияти сармоягузорони хориҷӣ, махсусан дар самти истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот табдил медиҳад.

Дар баробари ин, фаъолияти мустақими Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ аҳамияти калон дорад. Соли 2025 Форуми байналмилалии заргарӣ ва намоишгоҳи саноатӣ дар шаҳри Душанбе, Форуми байналмилалии кӯҳкорӣ ва намоишгоҳи саноатии Тоҷикистон дар шаҳри Лондон, Форуми байналмилалии нассоҷӣ, Форуми байналмилалии зеҳни сунъӣ, инчунин Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории соҳаи кӯҳию металлургӣ баргузор гардиданд. Дар ин чорабиниҳо намояндагони зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон ва беш аз 500 намояндаи 85 ширкату ташкилоти хориҷӣ иштирок намуданд. Ин ҳамоишҳо на танҳо хусусияти муаррифӣ доштанд, балки ба майдони гуфтушунидҳои амалии соҳибкорӣ, пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ, муаррифии иқтидори саноатии кишвар ва барқарор намудани робитаҳои мустақим байни корхонаҳои Тоҷикистон, ширкатҳои хориҷӣ, институтҳои молиявӣ ва шарикони технологӣ табдил ёфтанд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо сармоягузорон ва соҳибкорони ватанӣ низ фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Барои татбиқи босуръати саноатикунонӣ муҳим аст, ки дар баробари сармояи хориҷӣ фаъолияти соҳибкории миллӣ низ тақвият ёбад. Аз ин рӯ, лоиҳаҳои навсозии корхонаҳои амалкунанда, васеъ намудани хатҳои истеҳсолӣ, таъсиси коргоҳҳои нав, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронида ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешаванд. Ин раванд ба таҳкими заминаи дохилии саноат ва ташаккули ширкатҳои миллӣ, ки қодир ба рақобат дар бозорҳои минтақавӣ мебошанд, мусоидат мекунад.

Натиҷаҳои ин фаъолият аллакай ба назар мерасанд. Танҳо дар соли 2025 ба соҳаҳои саноат аз ҳисоби маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ 10 миллиарду 326,3 миллион сомонӣ равона гардид, ки нисбат ба соли 2024 ба андозаи 384,4 миллион сомонӣ бештар мебошад.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба бахши саноат 4 миллиарду 916,7 миллион сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ ҷалб гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (4 миллиарду 271,3 миллион сомонӣ) 645,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаҳо аз идома ёфтани афзоиши фаъолияти сармоягузорӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар ва татбиқи пайгиронаи сиёсати саноатикунонии иқтисодиёт шаҳодат медиҳанд.

Сиёсати сармоягузорӣ дар соҳаи саноат пурра ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ равона гардидааст. “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” вазифа мегузорад, ки суръати рушди саноат боз ҳам баланд бардошта шуда, саҳми он дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёбад, иқтисодиёт диверсификатсия гардида, вобастагии содирот аз шумораи маҳдуди молҳо коҳиш дода шавад. Аз ин рӯ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста он лоиҳаҳои сармоягузориро пешбарӣ менамояд, ки барои кишвар самараи бештар доранд, махсусан коркарди ашёи хоми ватанӣ, ташкили арзиши иловашуда дар дохили мамлакат, содироти маҳсулоти тайёр, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва васеъ намудани шуғли аҳолӣ.

Ин масъала бо назардошти сохтори савдои хориҷии кишвар аҳамияти махсус дорад. Соли 2025 аз ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ 96,8 фоиз ба маҳсулоти саноатӣ ва ҳамагӣ 3,2 фоиз ба маҳсулоти кишоварзӣ рост омад. Қисми асосии содиротро алюминий, неруи барқ, семент, маъдану металлҳо, маҳсулоти нассоҷӣ, ришта ва дигар маҳсулоти саноатӣ ташкил медиҳанд. Дар айни замон бояд ба назар гирифт, ки тақрибан 70 фоизи содиротро ҳанӯз ҳам ашёи хом ва тақрибан 30 фоизро маҳсулоти тайёри саноатӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, вазифаи асосии вазорат танҳо зиёд намудани ҳаҷми содирот набуда, балки беҳтар намудани сифати он мебошад. Ҳадаф афзоиши ҳиссаи маҳсулоти тайёр, рушди коркарди амиқи ашёи хом ва табдил додани содироти саноатӣ ба манбаи рушди дарозмуддати технологӣ ва иқтисодӣ мебошад. Агар соли 2020 саҳми маҳсулоти саноатӣ дар содирот тақрибан 48 фоизро ташкил медод, пас афзоиши он то 96,8 фоиз нишон медиҳад, ки давоми солҳои охир саноат дар савдои хориҷии Тоҷикистон мавқеи хеле муҳимтарро касб намудааст.

— Истеҳсолоти ватанӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои ивазкунандаи воридот чӣ гуна дастгирӣ карда мешаванд?

— Дастгирии истеҳсолоти ватанӣ дар кишвар, пеш аз ҳама, бо шарофати таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон стратегияҳои давлатӣ, барномаҳо ва нақшаҳои соҳавӣ оид ба рушди саноат, коркарди ашёи хом ва дигар бахшҳои калидии иқтисодиёт пайваста таҳия ва бомаром амалӣ карда мешаванд.

Сиёсати давлатии саноат ба густариши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва таҳкими мустақилияти иқтисодии Тоҷикистон равона шудааст. Бо ин мақсад минтақаҳои саноатӣ ташкил карда мешаванд, таҷҳизоти муосири технологӣ ҷорӣ мегардад, минтақаҳои озоди иқтисодӣ рушд дода мешаванд, коркарди ашёи хоми ватанӣ дастгирӣ гардида, фаъолияти корхонаҳое, ки маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот истеҳсол мекунанд, ҳавасманд карда мешавад.

Дар доираи афзалияти давлатӣ ба коркарди амиқи нахи пахта, истеҳсоли алюминийи «сабз», коркарди ашёи хоми маъданӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ҳамзамон самтҳои нави саноатӣ низ босуръат рушд меёбанд. Дар шаҳри Душанбе кластерҳои заргарӣ ташаккул дода мешаванд, ки ба коркарди амиқи металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои арзиши баланди иловашуда равона гардидаанд.

— Самти муҳими дигар дар дастгирии истеҳсолоти ватанӣ кадом аст?

— Самти муҳими дигар навсозии корхонаҳои саноати кӯҳӣ ва металлургия мебошад. Дар ин соҳа технологияҳои муосири истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ҷорӣ гардида, инфрасохтори истеҳсолӣ таҷдид мешавад ва иқтидори коркарди тилло, нуқра, сурма ва дигар захираҳои маъданӣ васеъ мегардад. Ин раванд ба зиёд шудани ҳаҷми коркарди дохилии ашёи хоми ватанӣ ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат мекунад.

Ба рушди саноати хӯрокворӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Сиёсати давлатӣ ба афзоиши коркарди маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, зиёд намудани истеҳсоли орд, равғани растанӣ, маҳсулоти консервшуда, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ, нӯшокиҳои беалкогол ва маҳсулоти қаннодӣ равона гардидааст. Рушди саноати хӯрокворӣ бо таҳкими амнияти озуқаворӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот алоқаманд мебошад.

Яке аз намунаҳои муваффақи сиёсати ивазкунандаи воридот истеҳсоли масолеҳи сохтмон мебошад. Бо шарофати рушди саноати семент ҷумҳурӣ имрӯз бозори дохилиро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намуда, вобастагиро аз воридот коҳиш медиҳад ва имконияти содироти маҳсулоти худро васеъ мегардонад.

Бояд гуфт, ки рушди минбаъдаи ин соҳа тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 майи соли 2026 дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд, амалӣ карда мешавад. Дар ду-се соли наздик дар минтақаҳои гуногуни кишвар сохтмони чор корхонаи нави истеҳсоли семент бо иқтидори умумии 6 миллион тонна маҳсулот дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи ин лоиҳаҳо имкон медиҳад, ки истеҳсоли семент қариб ду баробар афзоиш ёфта, бозори дохилӣ пурра бо маҳсулоти ватанӣ таъмин гардад ва тақрибан 5 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шавад.

Барои Тоҷикистон сиёсати ивазкунандаи воридот маънои маҳдуд намудани иқтисодиётро надорад. Баръакс, сухан дар бораи таъсиси истеҳсолоти муосир ва рақобатпазир дар дохили кишвар меравад, ки аз рӯи сифат, нарх ва сатҳи технологӣ қодир бошанд бо маҳсулоти воридотӣ рақобати самаранок намоянд. Соли 2025 бозори дохилӣ асосан аз ҳисоби маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин гардид. Аз ҷумла, саҳми нӯшокиҳои беалкоголи истеҳсоли дохилӣ 94,9 фоиз, орд 93 фоиз, гӯшт 78,2 фоиз, маҳсулоти ширӣ 63,6 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 54,4 фоиз ва маҳсулоти қаннодӣ 49,7 фоизро ташкил дод.

Маълумоти омории моҳҳои январ-апрели соли 2026 низ аз таҳкими мавқеи истеҳсолоти ватанӣ аз рӯи молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад. Афзоиши истеҳсоли орд, равғани растанӣ, маҳсулоти консервшуда, гӯшти паранда, семент, хишт, арматураи сохтмонӣ, инчунин маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ нишон медиҳад, ки сиёсати давлатии саноат бевосита ба таъмини бозори дохилӣ, коҳиш додани вобастагӣ аз воридот ва таҳкими мустақилияти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

— Аз нигоҳи логистика имрӯз ҳамкории муваффақона бо кадом давлатҳо ба роҳ монда шудааст?

— Сиёсати логистикии Тоҷикистон бо ҳадафи дуюми стратегии давлат — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани кишвар ба давлати транзитӣ робитаи зич дорад. Аз ин рӯ, имрӯз низоми логистикаи саноатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон аз рӯи чанд самти асосӣ рушд меёбад. Самти шимолӣ Тоҷикистонро бо Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва минбаъд бо бозорҳои авросиё мепайвандад. Самти шарқӣ барои баромадан ба Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути масирҳои байналмилалии автомобилгарди Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Қароқурум ва дигар роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Самти ҷанубӣ тавассути Афғонистон ҳамчун роҳи ояндадор барои дастрасӣ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва бандарҳои баҳрӣ арзёбӣ мегардад. Самти ғарбӣ  тавассути Узбекистон ва Туркманистон имкони истифодаи долонҳои минтақавии нақлиётиро васеъ менамояд.

Дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон дар долонҳои нақлиётӣ ва механизмҳои ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла ТРАСЕКА, БРИОМ (ЦАРЭС), Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва дигар абзорҳо фаъолона иштирок мекунад. Барои соҳаи саноат ин маънои коҳиш ёфтани монеаҳои логистикӣ, густариши роҳҳои содирот ва баланд гардидани ҷолибияти кишвар барои сармоягузороне мебошад, ки ба бозорҳои Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Шарқӣ нигаронида шудаанд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати транзитӣ, ки мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ дорад, ният дорад аз долонҳои нави минтақавӣ барои зиёд намудани содироти маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла семент, алюминий, маҳсулоти нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмон ба таври васеъ истифода барад.

Натиҷаҳои амалии чунин сиёсати логистикӣ аллакай дар содироти маҳсулоти саноатӣ мушоҳида мешаванд. Соли 2025 ангишт асосан ба Ҷумҳурии Узбекистон содир карда шуд. Маҳсулоти мошинсозӣ, саноати кимиё ва алюминий ба Узбекистон, Қазоқистон, Туркия, Русия, Туркманистон ва кишварҳои Аврупо содир гардид. Маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ба Қазоқистон, Русия, Туркия, Олмон, Чин, Узбекистон ва Гурҷистон содир карда шуд. Ин нишон медиҳад, ки ҳамкории саноатии Тоҷикистон ҳамзамон дар самтҳои Осиёи Марказӣ, Авросиё, Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо рушд мекунад.

Рушди саноат дар минтақаҳои кишвар низ аз ҷиҳати логистикӣ аҳамияти муҳим дорад.

— Тоҷикистон дар се даҳсолаи охир содироти кадом маҳсулоти саноатиро оғоз намуд ва имрӯз кадом брендҳо дар хориҷи мамлакат шинохта шудаанд?

— Дар солҳои истиқлолият Тоҷикистон номгӯи маҳсулоти содиротии саноатиро ба таври назаррас васеъ намуд. Имрӯз ба самтҳои асосии содиротӣ алюминий ва маҳсулоти металлӣ, неруи барқ, нахи пахта ва маҳсулоти нассоҷӣ, семент ва масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кӯҳӣ, баъзе намудҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва меваҳои хушк дохил мешаванд.

Яке аз брендҳои маъруфи саноатии кишвар ҳамоно Ширкати алюминийи Тоҷикистон — ТАЛКО мебошад. Ин ширкат ҳамчун бузургтарин корхонаи саноатии ҷумҳурӣ мавқеъ дошта, алюминий яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳсулоти ТАЛКО ба Туркия, Узбекистон, Ҷопон, Чин, кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар давлатҳо содир карда мешавад. Соли 2025 корхонаҳои мошинсозӣ, саноати кимиё ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷикистон» ба маблағи 262,5 миллион доллари ИМА маҳсулот содир намуданд, ки ба он алюминийи аввалия, маводи таркандаи саноатӣ ва профилҳои алюминӣ дохил мешаванд. Ҳаҷми содирот нисбат ба соли 2024   16,7 фоиз афзоиш ёфт.

Дар бахши сохтмон низ корхонаҳои истеҳсоли семент нақши муҳим доранд. Онҳо ҳам ба таъмини бозори дохилӣ ва ҳам ба ташаккули иқтидори содиротии кишвар мусоидат мекунанд. Соли 2025 дар ҷумҳурӣ 5,1 миллион тонна семент истеҳсол гардид, ки аз ин миқдор 312,1 ҳазор тонна ба маблағи 16,1 миллион доллари ИМА содир карда шуд. Иқтидори назарраси содиротӣ инчунин ба маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва нассоҷӣ низ хос аст. Соли 2025 ҳаҷми содироти маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ ба 68,1 миллион доллари ИМА расид ва тақрибан 60 фоизи маҳсулоти дӯзандагии истеҳсолшуда ба маблағи қариб 280 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содир гардид.

Барои мо муҳим аст, ки дар бозорҳои хориҷӣ на танҳо ашёи хом, балки маҳсулоти тайёри дорои арзиши иловашудаи Тоҷикистон низ шинохта шавад. Аз ин рӯ, минбаъд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди саноати нассоҷӣ ва истеҳсоли либоси тайёр, маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, металлургия, маҳсулоти коркарди амиқи маъданҳо, дорусозӣ ва маҳсулоте, ки дар заминаи энергияи «сабз» истеҳсол мешаванд, равона хоҳад гардид.

Дар ин замина консепсияи «Made in Tajikistan» аҳамияти махсус пайдо мекунад, ки ҳадафи он ташаккули симои шинохташудаи маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои байналмилалӣ мебошад. Имрӯз корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон маҳсулоти худро таҳти тамғаҳои тиҷоратии «Нассоҷии Тоҷик» (Tajik Textile), «Oriyon J Textile», Gulistoni Dushanbe, Arvis, Jadid, Carrera ва дигар брендҳо истеҳсол намуда, ба бозорҳои хориҷӣ муваффақона роҳ меёбанд ва истеҳсолоти Тоҷикистонро ҳамчун истеҳсолоти муосир, босифат ва рақобатпазир муаррифӣ мекунанд. Вазифаи марҳилаи оянда дастгирии низомноки ин раванд мебошад, махсусан фароҳам овардани шароит барои бақайдгирии тамғаҳои миллии тиҷоратӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва пешбурди маҳсулоти Тоҷикистон тавассути платформаҳои рақамии тиҷоратӣ.

— Дар бораи дурнамои рушди саноати Тоҷикистон чӣ гуфта метавонед?

— Дурнамои рушди саноати Тоҷикистон хеле фарох ва умедбахш аст. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ҳадафҳои стратегӣ муайян гардидаанд, аз ҷумла ба 95 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ду баробар зиёд намудани содироти маҳсулоти саноатӣ ва то 26 дарсад расонидани саҳми саноат дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Ин ҳадафҳо гарчанде баланданд, вале пурра ба имкониятҳои кишвар мувофиқат мекунанд, зеро Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ, иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ, захираҳои меҳнатӣ ва мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ мебошад.

Марҳилаи навбатӣ бо татбиқи “Барномаи нави саноатикунонии босуръат барои солҳои 2026-2030” алоқаманд хоҳад буд. Тибқи супоришҳои дахлдор, лоиҳаи барнома бо мақсади таъмин намудани афзоиши воқеии солонаи саноат на камтар аз 25 фоиз таҳия мегардад. Дар ин барнома таваҷҷуҳи махсус ба рушди саноати сабук, коркарди амиқи ашёи хом, истеҳсоли металлҳои нодир ва аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, инчунин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот равона хоҳад шуд.

— Барои расидан ба ин ҳадафҳо чӣ замина фароҳам оварда шудааст?

— Заминаи амалии татбиқи ин ҳадафҳо аллакай муҳайё гардидааст. Соли 2025 ба бахши саноат ба маблағи 10,3 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ ҷалб гардида, садҳо корхонаи нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамчунин форумҳои бузурги байналмилалӣ оид ба соҳаҳои заргарӣ, саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ, зеҳни сунъӣ ва сармоягузорӣ дар бахши кӯҳию металлургӣ баргузор шуданд. Дар доираи сафарҳои сатҳи баланд бо вазоратҳои соҳавии кишварҳои шарик 14 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба имзо расид.

Дар кишвар низоми мукаммали ҳуҷҷатҳои соҳавӣ амал мекунад, ки ба он Стратегияи рушди саноат то соли 2030, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», барномаҳои саноатикунонии босуръат, рушди саноати ангишт, саноати хӯрокворӣ, мошинсозӣ, қолинбофӣ, металлургия ва Стратегияи миллии рушди коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ барои солҳои 2024-2040 дохил мешаванд.

Натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2026 воқеӣ будани ҳадафҳои гузоштаро тасдиқ менамоянд. Дар моҳҳои январ-июн ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 33 миллиарду 982,2 миллион сомонӣ расида, дар нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025  13,2 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин миён рушди устувори саноати коркард аҳамияти махсус дорад, зеро маҳз ин бахш ҷойи нави кор таъсис дода, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва тавсеаи иқтидори содиротии кишварро таъмин мекунад.

Мо ояндаи саноати Тоҷикистонро дар се самти асосӣ мебинем. Самти аввал — коркарди амиқи ашёи хоми ватанӣ мебошад, то ки кишвар на ашёи хом, балки маҳсулоти тайёр содир намояд. Самти дуюм – ташкили технологияҳои рақамӣ, каммасрафи энергия ва «сабз» мебошад, то саноати мо дар бозорҳои байналмилалӣ рақобатпазир бошад. Самти сеюм — таъсиси маҷмааҳои нави саноатӣ дар минтақаҳои кишвар мебошад, то раванди саноатикунонӣ на танҳо як лоиҳаи иқтисодӣ, балки лоиҳаи иҷтимоӣ низ гардад, ки шуғли ҷавонон, занон ва мутахассисони баландихтисосро таъмин мекунад.

Яке аз бартариҳои муҳими рақобатии Тоҷикистон имконияти рушди саноати «сабз» дар заминаи неруи барқароршавандаи гидроэнергетикӣ мебошад. Имрӯз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷикистон» (ТАЛКО) алюминийе истеҳсол мекунад, ки дорои изи ҳадди ақалли карбон буда, ҳамчун «алюминийи сабз» шинохта мешавад. Бо назардошти ҷорӣ гардидани Механизми танзими карбон дар сарҳад (CBAM) аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ин маҳсулот дар бозорҳои Аврупо талаботи бештар пайдо мекунад. Дар оянда ҳамин усул метавонад барои истеҳсоли «пӯлоди сабз», гидроген ва дигар маҳсулоти дорои изи пасти карбон низ истифода шавад. Тоҷикистон дорои иқтидори гидроэнергетикии зиёда аз 527 миллиард киловатт-соат дар як сол мебошад, ки барои ба яке аз пешсафони минтақавӣ дар соҳаи истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи саноатӣ табдил ёфтани кишвар то соли 2030 заминаи нодир фароҳам меорад.

Фалсафаи саноатикунонии босуръат аз он иборат аст, ки саноат на танҳо ҳамчун як бахши иқтисодиёт, балки ҳамчун рамзи рушди созандаи давлати соҳибистиқлол арзёбӣ мешавад. Ин роҳест ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рушди иқтисоди «сабз», коҳиш додани вобастагӣ аз воридот, ташаккули брендҳои миллӣ ва таҳкими соҳибихтиёрии иқтисодӣ. Аз ҳамин сабаб Барномаи нави солҳои 2026-2030 бояд на танҳо идомаи тадбирҳои амалкунанда, балки марҳилаи нави гузариш ба модели индустриалӣ-инноватсионии рушд гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз саноат ба рамзи рушди созанда, мустақилияти иқтисодӣ ва ояндаи дурахшони давлати мо табдил ёфтааст.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Август 5, 2026 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самти рушди иқтидори захираҳои инсонӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти такрорӣ 96 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз шуд