ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, якшанбе, 235-умин рӯзи соли 2026 аст

Август 23, 2026 08:00

Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Ашқобод аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар фазои тантанавӣ бо мукофоти олии давлатӣ — ордени Президенти Туркманистон- Битараплик (Бетарафӣ) сарфароз гардонида шуданд.

***

23 августи соли 2021 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Шурои амнияти дастҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

***

23 августи соли 2022 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин доир гардид. Дар ҷараёни суҳбати дӯстона сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазам ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия, ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар чаҳорчӯби шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев «Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон»-ро ба имзо расониданд.

***

23 августи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Маркази хизматрасонии «Дунёи ош»-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд.

***

23 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ва ҳайати бонкҳои қатариро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоил оид ба ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Қатар ва ниҳодҳои иқтисодию бонкии он баррасӣ шуд.

23 АВГУСТ:

 Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ғуломфурӯшӣ ва маҳви он

***

Дар Эрон – Рӯзи табибон

***

Дар Беларус – Рӯзи кормандони омори давлатӣ.

***

Дар  Украина – Рӯзи Парчами давлатӣ.

РӮЙДОДҲО:

23 августи соли 2001 Паралумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ»-ро қабул кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар Тоҷикистон аввалин гурӯҳи занони авфшуда  ба озодӣ баромаданд.

***

23 августи соли  2012 Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи ҳамгироӣ дар мубориза бо қонунигардонӣ ва расмикунонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм бадастомада ба имзо расид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1617 дар Лондон аввалин роҳи мошингарди яксамта ифтитоҳ ёфт.

***

Соли 1889 дар Сан-Франсискои Амрико аввалин иттилои радиоӣ аз киштӣ ба соҳил қабул гардид.

***

Соли 1904 занҷири чархҳои автомобилӣ ихтироъ карда шуд.

***

Соли 1913 полиси Лондон аз Ҳукумати ин кишвар дархост кард, ки дар маҳаллаҳои шаҳрӣ барои суръати баланди мошинҳо маҳдудият ҷорӣ намояд.

***

Соли 1948 дар Амстердам Шурои байналмилалии калисоҳо таъсис ёфт.

***

Соли 1959 Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои дар 400 мактаб ҷорӣ намудани забони русӣ ҳамчун фанни дарсӣ эълон нашр кард.

***

Соли 2010  100 давлати дунё барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо–2010 аризаи расмӣ ирсол карданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Парда Ҳабиб, соли 1962—рӯзноманигор, шоир, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2008), дорандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2009), медали «Хизмати шоиста» (2014), Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон.

Август 23, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, шанбе, 234-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, ҷумъа, 233-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, панҷшанбе, 232-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, чоршанбе, 231-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, сешанбе, 230-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, душанбе, 229-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, якшанбе, 228-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, шанбе, 227-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, ҷумъа, 226-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, панҷшанбе, 225-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, чоршанбе, 224-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, сешанбе, 223-юмин рӯзи соли 2026 аст