35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 барои мардуми шарафманди Тоҷикистон соли воқеан таърихӣ ва пурифтихор ба ҳисоб меравад. Таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсатест барои бознигарии роҳи тайкардаи давлат ва миллат, арзёбии дастовардҳо ва муайян намудани вазифаҳои марҳалаи нави рушд. Истиқлолияти давлатӣ барои халқи тоҷик на танҳо рӯйдоди муҳими сиёсӣ, балки оғози марҳалаи навини давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва имкони мустақилона муайян намудани ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ гардид.
— Солҳои аввали истиқлол барои Тоҷикистон давраи озмоишҳои сангин буданд. Ҷомеа ба субот ва ҳамдигарфаҳмӣ ниёз дошт. Дар чунин вазъият масъалаи ҳифзи давлатдорӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ба вазифаи умумимиллӣ табдил ёфт. Бо талошҳои роҳбарияти давлат ва иродаи сулҳҷӯёнаи мардуми Тоҷикистон заминаи барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ фароҳам гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд нақши таърихӣ гузоштанд. Сиёсати давлат ба он равона шуд, ки сулҳу субот ҳамчун шарти асосии давлатсозӣ таъмин гардида, кишвар аз марҳалаи муқовимат ба марҳалаи созандагӣ гузарад.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки муколама, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва иродаи сиёсӣ метавонанд барои ҳалли низоъҳои мураккаб заминаи устувор гузоранд. Имрӯз ин таҷриба ҳамчун яке аз саҳмҳои муҳими Тоҷикистон дар фарҳанги сулҳпарварии ҷаҳон арзёбӣ мешавад.
Дар баробари сулҳу субот дар кишвар корҳои бузурги созандагӣ оғоз гардиданд. Роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд шуданд. Ин раванд симои кишварро тағйир дода, заминаи рушди минбаъдаро мустаҳкам намуд.
Ҳамин тавр, 35 соли истиқлолиятро метавон марҳалаи ташаккули давлатдории навин ва ҳамзамон давраи бунёди дипломатияи миллии Тоҷикистон номид. Зеро давлате, ки истиқлолияти худро ҳифз ва таҳким медиҳад, бояд дар арсаи байналмилалӣ дорои сиёсати мустақил, мутавозин ва дурнамо бошад.
Барои Тоҷикистон дар оғози истиқлолият ин масъала аҳаммияти махсус дошт, зеро давлати нав бояд дар муддати кӯтоҳ муносибатҳои дипломатии худро ба роҳ монда, манфиатҳои миллиро дар муҳити нави байналмилалӣ ҳифз мекард.
Дар чунин марҳилаи ҳассос роҳбарии дурандешона ва муайян намудани самтҳои устувори сиёсати хориҷӣ аҳаммияти калидӣ дошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар ташаккули низоми муносибатҳои хориҷии кишвар нақши муҳим гузоштанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, мафҳуми «меъмор ва бунёдгузори сиёсати хориҷӣ» ифодагари нақши роҳбарияти давлат дар муайян кардани принсипҳо, афзалият ва фарҳанги сиёсии дипломатияи Тоҷикистон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият таҳти ҳидояту раҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи усули «дарҳои боз» тавонист бо барқарор намудани муносибатҳои судманд бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳила ба марҳила мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад.
Давоми солҳои истиқлол Тоҷикистон дар асоси принсипҳои байналмилалии баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми тарафайн бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Амрикову Аврупо, Осиёву Африқо робитаҳои мустақими дипломатӣ ба роҳ монд.
Дар 35 соли тай намудани истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мавқеи хоси худро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ касб кунад ва то имрӯз кишвари моро 192 давлати ҷаҳон эътироф карда, бо 186 кишвар муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин кишвари мо узви комилҳуқуқи аксари созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ буда, узви 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад.
Меъмории сиёсати хориҷӣ танҳо ба ташкили робитаҳои дуҷониба маҳдуд намешавад. Он ҳамчунин ташаккули дипломатияи бисёрҷониба иштироки фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ, пешбурди ташаббусҳои глобалӣ ва истифодаи дипломатия барои ҳалли масъалаҳои амниятӣ ва иқтисодиро дар бар мегирад.
Давоми 35 сол дипломатияи Тоҷикистон аз марҳалаи муаррифии давлати навтаъсис ба марҳалаи дипломатияи фаъол ва ташаббускор расид. Ин таҳаввулот шаҳодат медиҳад, ки сиёсати хориҷӣ ҳамчун ҷузъи стратегии давлатдорӣ тадриҷан такмил ёфтааст.
Имрӯз дипломатияи Тоҷикистон дорои таҷрибаи бой, ҳадафҳои муайян ва самтҳои устувор мебошад. Дар паси ин дастовардҳо мактаби сиёсии давлатдорӣ қарор дорад, ки дар он ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ ҳамчун ду ҳадафи ба ҳам пайваста баррасӣ мешаванд.
Сиёсати «дарҳои боз» барои кишвар имконият фароҳам овард, ки робитаҳои дӯстона ва ҳамкории созандаро бо доираи васеи давлатҳо ба роҳ монад. Ин сиёсат ҳамзамон ба ҳифзи истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ва ба истифодаи имкониятҳои ҳамкории байналмилалӣ равона мебошад.
Ҳамзамон робитаҳо бо шарикони бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ ба рушди имкониятҳои кишвар мусоидат мекунанд. Дар чунин раванд дипломатия бояд на танҳо намояндагии сиёсӣ, балки воситаи ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак ва фароҳамсозии муҳити мусоиди ҳамкорӣ бошад.
Яке аз натиҷаҳои муҳими сиёсати бисёрсамта баланд гардидани эътибори байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Кишвар дар масъалаҳои муайян, аз ҷумла об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ташаббусҳо пеш гузошта, дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ саҳм мегузорад.
Ҳамин тавр, сиёсати «дарҳои боз» низоми фарогири муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Он ба Тоҷикистон имкон додааст, ки дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ робитаҳои худро гуногунсамт нигоҳ дошта, манфиатҳои миллӣ ва ҳадафҳои рушди кишварро пайгирӣ намояд.
Яке аз самтҳои фарқкунандаи дипломатияи Тоҷикистон дар давраи истиқлолият пешбурди масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мебошад. Ин мавзуъҳо аз хусусияти ҷуғрофии Тоҷикистон сарчашма мегиранд, вале аҳаммияти онҳо аз ҳудуди як давлат хеле берун меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ пайваста ба зарурати истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳамкории давлатҳо ва пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Ин равиш ба кишвар имкон дод, ки таҷриба ва манфиатҳои миллии худро дар масъалаи дорои аҳаммияти умумӣ ба муҳокимаи ҷаҳонӣ пешниҳод намояд.
Ҳифзи пиряхҳо низ ба яке аз самтҳои муҳими ташаббусҳои Тоҷикистон табдил ёфтааст. Пиряхҳои минтақаи Осиёи Марказӣ барои ташаккули захираҳои об аҳаммияти калон доранд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва ҳифзи онҳо на танҳо масъалаи экологӣ, балки масъалаи амнияти обӣ ва рушди устувори минтақа мебошад.
Пешбурди чунин ташаббусҳо ба баланд шудани мақоми Тоҷикистон дар муҳокимаҳои байналмилалӣ мусоидат намуд. Барои давлати рӯ ба рушд ин шакли дипломатияи ташаббускор аҳаммияти махсус дорад, зеро таъсири байналмилалӣ танҳо аз имкониятҳои иқтисодӣ вобаста нест; пешниҳод намудани ғояҳои муҳим ва ҷалби шарикон ба ҳалли масъалаҳои умумӣ низ шакли таъсиргузории дипломатӣ мебошад.
Давоми се даҳсолаи истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои худро бо кишварҳои араб аз равобити навтаъсиси дипломатӣ то ба сатҳи ҳамкории густурдаи сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона рушд ва таҳким бахшидааст. Имрӯз ин самт дар сиёсати хориҷии бисёрсамтаи кишвар ҷойгоҳи устувор пайдо кардааст.
Робитаҳои Тоҷикистон бо ҷаҳони араб зодаи як лаҳза ва ё падидаи чанд даҳсола нест, балки он аз асолати таърихие маншаъ мегирад, ки тӯли қарнҳо ташаккул ёфтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари арзишманди худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба ин нукта ишораи нафисе намудаанд: “Минтақаи Осиёи Марказиро, ки арабҳо Мовароуннаҳр номида буданд, пайвандҳои таърихии ҳазору сесадсола бо ҷаҳони араб мепайванданд. Баъди зуҳури ислом ва таъсиси хилофати исломӣ дар аҳди халифаҳои рошидин ва халифаҳои умавӣ таҳти парчами ислом садҳо қавму миллатҳои гуногун дар Осиё, Африқо ва ҳатто Аврупо гирд омада, як тамаддуни бузургу беназир ва густурдаеро ба ҷомеаи башарӣ пешкаш намуданд, ки бо номи тамаддуни исломӣ шуҳрати оламгир пайдо кард”.
Пешвои миллат аснои суханронӣ дар ифтитоҳи нишасти дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ёдрас намуданд, ки “имрӯз фарҳангу тамаддуни исломиро бе зикри номҳои Абӯалӣ ибни Сино, Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва даҳҳо тани дигар наметавон тасаввур кард”. Дар ҷавҳари суханҳои арзишманди Сарвари давлатамон ишораи мустақим бар ин далоили баҳснопазир ва ҳақиқати таърихӣ шудааст, ки фарзандони фарзонаи тоҷик дар ғанисозии тамаддуни башарӣ ва пешрафти илми ҷаҳонӣ саҳми беназиру босазо гузоштаанд ва ниёгони шарифи мо дар баробари арабҳо паҳлуҳои зиндагисози тамаддуни исломиро вусъат бахшидаанд.
Дар тасдиқи ин гуфтаҳо метавон аз суханони Дабири кулли Лигаи кишварҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт ёдовар шуд, ки дар нишасти зикршуда ангезаи таърихии эҳтимоми ҷаҳони арабро ба Осиёи Миёна чунин баён намуда буд: “Мояи хурсандист, ки имрӯз дар мизбонии Осиёи Миёна қарор дошта, тамаддуну фарҳанги бостониеро, ки дар ин минтақа ва шаҳрҳои он, ба монанди Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Хатлон, Тошканд, Хоразм ва ғайраҳо ташаккул ёфтааст, ба ёд меорем. Зеро ин минтақа дар масири таърихи худ олимони беназиреро, амсоли Ибни Сино, Хоразмӣ, Форобӣ, Бухорӣ, Насоӣ, Замахшарӣ ва дигарон зодааст, ки онҳо чароғи дурахшони тамаддуни арабию исломии мо мебошанд….”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта дар як мусоҳиба бо гурӯҳи хабарнигорон аз кишварҳои арабии Халиҷи Форс зикр доштанд, ки “Тоҷикистон ва кишварҳои арабиро анъанаҳои деринаи муносиботи нек ва равобити таърихӣ, ки аз тааллуқ доштан ба фазои ягонаи тамаддунӣ ва муштаракоти зиёди иҷтимоию фарҳангӣ бармеоянд, бо ҳам зич мепайванданд”.
Чунин посухи дурбинона ва хирадмандонаи Роҳбари ҷавону фарзонаи миллат анвори чароғи фарҳанги дӯстӣ, инсонпарварӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистиро, ки мероси бебаҳо аз ниёгони тамаддунсозамон мебошад, дубора дар фазои сиёсию иҷтимоии олами араб фурӯзон кард. Дар баробари ин, сиёсати хориҷии мутавозин, шаффоф ва санҷидашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавҳари онро усули дарҳои боз ташкил медиҳад, низ ангезаи эҳёи робитаҳои кишварҳои арабӣ бо давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва эҳтимоми мутақобил дар ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба шуд.
Дар ин росто нахустин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири шодравони Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ дар шаҳри Дорулбайзои Мағриб моҳи декабри соли 1994 дар доираи нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ гардиши калидиеро дар масири муносибатҳои ду давлат ба миён овард Ин мулоқот, бешубҳа барои муайян сохтани дурнамои ҳамкорӣ таъсиргузор буд, зеро маҳз дар заминаи он робита байни роҳбарони олии ду кишвар эҷод гардид.
Аз ин ҷост, ки бо гузашти чанд моҳ аз ин мулоқоти таърихӣ, истиқрори робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувайт 31 марти соли 1995 расман эълон гардид. Дар моҳи апрели ҳамон сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати расмии Шайх Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ба Давлати Кувайт нахустин сафари расмии худро анҷом доданд.
Кувайт аввалин кишвари арабие мебошад, ки ба он Сарвари давлати навбунёди Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф оварданд. Пешвои миллат дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо рӯзноманигорони кувайтӣ бардоштҳо ва назари худро дар бораи аҳаммияти нахустин сафари худ ба ин кишвари арабӣ чунин васф намуданд: “Кувайт барои Тоҷикистон як кишвари намунавие буд, ки мо бояд дар раванди рушду пешрафт аз таҷрибаи он истифода барем. Ман ҳамчун Президенти Тоҷикистон Кувайтро нахустин кишвари арабӣ барои сафарҳои расмии худ интихоб намудам, ки ин худ таваҷҷуҳи моро ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва ҳавасмандии ин ҷонибро ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи Кувайт ҳамчун кишвари пешрафта инъикос менамояд”.
Қобили тазаккур аст, ки муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Кувайт дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ бар асоси эҳтироми мутақобил, манофеи муштарак ва истинод ба усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ тақвияту густариш ёфтанд. Дар ин замина табодули мунтазами боздидҳо ва баргузории музокирот дар сатҳҳои олию баланд ба таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Кувайт таъсири амиқ гузоштанд.
Дар се даҳаи гузашта робитаҳои фарҳангӣ байни кишварҳои мо, бахусус дар соҳаҳои фарҳанг, ҳунар ва адабиёт ба таври чашмгир рушд карданд. Раванди тавсеаи робитаҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ва Кувайт низ қобили ситоиш аст.
Ҳамкории ду кишвари дӯст дар бахши гардишгарӣ низ дар ҳоли рушд мебошад. Ин амр ба туфайли ифтитоҳи парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои Тоҷикистону Кувайт имконпазир шуд.
Бо лутфи сиёсатҳои хирадмандона ва талошҳои хастагинопазири раҳбарони олии ду кишвар имрӯз дар ҷиҳати таҳкиму густариши беш аз пеши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳамкории мутақобили судманд дар ҳавзаи сармоягузориҳо ва иҷрои дигар ҳадафҳои барномарезишуда дар марҳилаи наву пурсамари муносибатҳои дуҷониба қарор дорем.
Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ва Кувайт дар Ховари Миёна дар масири тиҷоратию иқтисодии “Роҳи Абрешим” аҳаммияти стратегӣ дорад ва ҳамкории васеи ду кишвари мо ин роҳи таърихиро дар замони муосир мукаммал мекунад ва ба нафъи ду минтақаи бузург хидмат хоҳад кард. Ҳамзамон истифодаи самаранок аз иқтидори молиявию сармоягузории Кувайт ва зарфиятҳои иқтисодию захираҳои табии Тоҷикистон барои татбиқи стратегияҳои рушди миллии ҳарду кишвар фоидабахш хоҳад буд.
Заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, ки самараи мулоқоту гуфтушунидҳои созандаю бародаронаи раҳбарони олии ду кишвар мебошад, барои расидан ба ҳама ҳадафҳои наҷиби мо шароити мусоидро фароҳам кардааст.
Аз замони истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ҷиҳати татбиқи дастурҳои раҳбарони олӣ барои таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак пайгирона талош меварзанд. Механизми муҳимми пайгирӣ ва ҳамоҳангсозӣ байни ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ машваратҳои сиёсии дуҷониба мебошад, ки то имрӯз чандин ҷаласаҳои он дар пойтахтҳои ду кишвари дӯст баргузор шудааст.
Ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт дар тақвияти робитаҳои байналмилалӣ ва байниминтақавӣ низ аз аҳаммияти вежа бархурдор аст. Дидгоҳҳои муштарак дар мавриди мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла мавқеи ягона ва ё наздик нисбат ба ҳалли мушкилиҳои минтақавию глобалӣ дар тавсеаи робитаҳои дӯстии кишварҳои мо саҳми назаррас мегузоранд. Тоҷикистон ва Кувайт шарикони қобили эътимоди СММ эътироф шудаанд ва ибтикороти глобалии кишварҳои мо барои таъмини сулҳу амнияти пойдор ва дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди босубот дар саросари ҷаҳон нақши муассиру барҷаста мебозанд.
Муносибат бо ҷаҳони араб аз як тараф ба робитаҳои таърихию фарҳангӣ ва аз тарафи дигар, ба манфиатҳои мушаххаси иқтисодиву сиёсӣ такя мекунад. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки дипломатияи муосир метавонад робитаҳои фарҳангиро бо ҳадафҳои рушди иқтисодӣ ва шарикии дарозмуддат пайванд диҳад.
Дар марҳалаи нави рушди Тоҷикистон дипломатияи иқтисодӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Агар дар солҳои аввали истиқлол вазифаи асосӣ ташкили муносибатҳои дипломатӣ ва муаррифии давлати соҳибистиқлол бошад, имрӯз масъалаи истифодаи ин муносибатҳо барои рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар ба миён меояд.
Тоҷикистон дорои имконоти назаррас дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, нақлиёт ва иқтисоди “сабз” мебошад. Муарифии ин имконият дар хориҷ, ҷалби сармоягузории босифат, рушди содирот ва пайдо намудани бозорҳои нав бояд ба вазифаи муҳими дипломатияи муосир табдил ёбад.
Ҳамин тавр, дипломатияи иқтисодӣ идомаи мантиқии сиёсати «дарҳои боз» мебошад. Агар дипломатияи сиёсӣ муҳити эътимодро фароҳам созад, дипломатияи иқтисодӣ метавонад ин эътимодро ба лоиҳаҳои мушаххаси рушд табдил диҳад.
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб аз самтҳои муҳимми ҳамкории кишвар бо ниҳодҳои молиявии давлатҳои арабӣ ва намунаи беҳтарини пешбурди дипломатияи иқтисодӣ ба шумор мераванд. Ин ҳамкорӣ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ, аз ҷумла таҳкими амнияти энергетикӣ, беҳсозии инфрасохтори нақлиётӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. То имрӯз Фонд барои маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, обёрӣ ва инфрасохтор дар Тоҷикистон тақрибан 200 миллион доллари амрикоӣ саҳм гузоштааст.
Ҳамкории ҷонибҳо, пеш аз ҳама, дар татбиқи тарҳҳои дорои аҳаммияти миллӣ таҷассум меёбад. Аз ҷумла, Фонди кувайтӣ дар маблағгузории сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард, беҳтарсозии шабакаҳои барқу обёрӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ саҳм гузоштааст. Дар солҳои охир таваҷҷуҳи махсус ба иштирок дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зоҳир гардид: созишномаҳои дахлдор маблағгузории умумии то 100 миллион долларро пешбинӣ мекунанд, ки он марҳила ба марҳила амалӣ мешавад.
Густариши ҳамкорӣ бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб барои Тоҷикистон аҳаммияти стратегӣ дорад, зеро он на танҳо ба ҷалби сармояи имтиёзнок, балки ба пешбурди рушди «иқтисоди сабз», истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ ва таҳкими ҳамгироии иқтисодии кишвар мусоидат менамояд.
Дар ин раванд намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон низ метавонанд нақши фаъолтар дошта бошанд: муаррифии имконияти сармоягузорӣ, мусоидат ба робитаҳои соҳибкорон, ҷустуҷӯи роҳҳои нави равобит ва пешниҳоди маълумоти дақиқ дар бораи имконоти иқтисодии кишвар.
Бояд гуфт, ки дар ҷаҳони муосир дипломатия танҳо муносибатҳои байни давлатҳо нест. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, махсусан дар шароити буҳронҳои мусаллаҳона ва башардӯстона ба яке аз вазифаҳои муҳимми сиёсати хориҷӣ табдил ёфтааст.
Таҷрибаи Тоҷикистон дар бозгардонии занону кӯдакон аз минтақаҳои даргирии Сурия ва Ироқ намунаи чунин муносибати инсонмеҳвар мебошад. Бозгардонии шаҳрвандон танҳо амалиёти маъмулӣ набуда, ифодаи масъулияти давлат дар назди шаҳрванд, таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани имкони бозгашт ба зиндагии осоишта мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар суханронии нахустинашон ҳамчун Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ баён дошта буданд, ки «то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худамро ором намеҳисобам».
Маҳз ҳамин суханҳо илҳомбахш ва боиси идомаи мантиқии амалиёти баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз урдугоҳҳои Сурияву Ироқ гардиданд.
Дар ин радиф бо дастуру роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба баргардонидани занону кӯдакон аз Сурия ва Ироқ таъсис дода шуд.
Дар ин муддат Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон (қаблан дар Кувайт) дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо мақомоти зирабти Тоҷикистон ва Сурияву Ироқ ҷиҳати амалисозии ин иқдоми башардӯстона ба натиҷаҳои амалӣ даст ёфт.
Тоҷикистон аз соли 2019 дар чанд марҳила шаҳрвандони худро аз минтақаҳои ҷангзада ба ватан баргардонд. Дар се марҳила- солҳои 2019, 2022 ва 2023 дар маҷмуъ 339 нафар занону кӯдаки тоҷик ба Ватан оварда шуданд, ки аз онҳо 231 нафар кӯдакон буданд. Соли 2024 низ гурӯҳи дигари шаҳрвандони кишвар аз Сурия бозгардонида шуд.
Дипломатияи башардӯстонаи Пешвои миллат ҳамчунин ба имиҷи байналмилалии давлат таъсир мерасонад. Давлате, ки дар муносибатҳои хориҷӣ масъалаи инсонро дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳад, метавонад таҷрибаи худро ҳамчун намунаи масъулияти давлатӣ пешниҳод намояд.
Имрӯзҳо таҷрибаи Тоҷикистон дар амри баргардонидани занону кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба намунаи муваффақ дар ҳалли масъалаҳои амниятӣ ва ҳуқуқию табдил ёфтааст.
Дар 35 соли истиқлолият чунин равиш ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон шудааст. Он нишон медиҳад, ки дипломатияи миллӣ бояд ба зиндагии воқеии шаҳрвандон пайванди мустақим дошта бошад.
Нақши Пешвои миллат дар ин раванд дар муайян намудани муносибати инсонмеҳвар ва масъулияти давлат нисбат ба шаҳрвандон аҳаммияти махсус дорад. Ҳамин сиёсати инсонпарварона ба дипломатияи Тоҷикистон мазмуни иҷтимоӣ ва башардӯстона мебахшад.
Хотима
35 соли истиқлолият собит сохт, ки давлатдорӣ ва дипломатия ду рукни ба ҳам пайвастаи ҳифзи истиқлолият мебошанд. Тоҷикистон бо такя ба сулҳу ваҳдат, сиёсати хориҷии мутавозин ва руҳияи созанда метавонад роҳи рушди устуворро идома диҳад.
Вазифаи насли имрӯз аз он иборат аст, ки ин таҷрибаро нигоҳ дошта, онро мутобиқи талаботи замони нав инкишоф диҳад. Истиқлолият бояд на танҳо ҳамчун дастоварди таърихӣ, балки чун масъулияти ҳаррӯза дар назди Ватан ва наслҳои оянда дарк карда шавад.
Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидон, сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор, сиёсати хориҷии кишвар устувор ва обруи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам баландтар гардад. Бигзор ҳама дастовардҳои 35 соли гузашта ба таҳкурсии боз ҳам қавии ояндаи давлат ва миллат табдил ёбанд.
Зубайдулло ЗУБАЙДЗОДА,
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон








Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд






