Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид

Сентябрь 12, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди кории Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳои «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат иттилоъ доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди соҳаи маориф, илм, маърифатнокии ҷомеа, худшиносии миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон баргузор мегарданд.

Таъкид шуд, ки барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани даври сеюми озмунҳо ҳайати ҳакамон ва комиссияҳои дахлдор омода гардида, ҷадвали маконҳои баргузорӣ муайян карда шудааст. Ҳакамон вазифадор гардидаанд, ки ҳангоми баҳогузорӣ ба донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ, қобилияти ҳалли масъалаҳо, гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ ва дастовардҳои навоваронаи иштирокчиён таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, талаботи Низомнома ва принсипҳои шаффофиятро риоя намоянд.

Дар ҷаласа иброз шуд, ки бо назардошти аҳаммияти озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» масъулон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ҳайати комиссияҳо ва ҳакамон вазифадоранд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффоф ва одилона баргузор намудани даври сеюми озмунҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 12, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд