Дар мавзуи «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳукумати электронӣ» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (e-khizmat.tj) ва ҳукумати электронӣ»-таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш оид ба имконияту хизматрасониҳои Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, тартиби истифодаи хизматрасониҳои электронӣ, нақши технологияҳои рақамӣ дар содагардонии хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди ҳукумати электронӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Гуфта шуд, ки татбиқи хизматрасониҳои рақамӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ буда, барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, сарфаи вақт ва коҳиш додани истифодаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон барои истифодаи самараноки имконоти хизматрасониҳои электронӣ дар фаъолияти корӣ тавсияҳои зарурӣ дарёфт намуданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






