Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар доираи Намоишгоҳи 39-уми байналмилалии китоби Москва Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» баргузор шуд, ки дар он китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза (Гран-при) гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар озмуни мазкур, ки моҳи июли соли 2026 дар шаҳри Мински Беларус доир шуда буд, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин китобҳои муассисаҳои нашриявии кишварро дар 9 номинатсия пешниҳод намуд. Китобҳои пешниҳодшуда бо назардошти арзиши баланди адабӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, инчунин сатҳи таҳия, ороиш ва иҷрои полиграфӣ интихоб гардида буданд.
Ин дастовард аҳаммияти хосса дорад. «Шоҳнома» бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба табъ расида, ба ҳар хонаводаи кишвар тақдим гардид.
Нашри чунин теъдоди бузурги «Шоҳнома» ва тақдими он ба хонаводаҳои мамлакат яке аз иқдомҳои муҳими фарҳангӣ дар самти арҷгузорӣ ба мероси адабии ниёгон, таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби китобхонӣ ва рушди фарҳанги маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар баробари Шоҳҷоиза якчанд китобҳои дигари Тоҷикистон низ дар озмун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Китоби «Олами гулдӯзии тоҷик» ҷойи якумро соҳиб шуд. Китобҳои «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода, «Физикаи олам, фалсафаи ҳастӣ»-и Фарҳод Раҳимӣ ва маҷмуаи «Сандуқи афсонаҳо», ки дар муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» ба табъ расид, ҷойи дуюмро гирифтанд.
Ҳамчунин китобҳои «Достони Душанбе»-и Давлат Сафар, «Мулки меҳру мулки шеъру мулки сеҳр»-и Низом Қосим ва «Намунаи адабиёти тоҷик» сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.
Китоби «Раҳбари дилҳо» бо Дипломи махсуси озмун қадрдонӣ карда шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ соҳиби Шоҳҷоиза, як ҷойи якум, се ҷойи дуюм, се ҷойи сеюм ва Дипломи махсус гардид. Ин натиҷа Тоҷикистонро аз рӯи шумораи ҷоизаҳои бадастоварда дар қатори кишварҳои пешсафи озмун қарор дод.
Ба даст овардани чунин натиҷаи назаррас аз рушди пайвастаи соҳаи табъу нашр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд гардидани сатҳи касбии муассисаҳои нашриявӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди китобу китобдорӣ шаҳодат медиҳад.
Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» барои муаррифии беҳтарин намунаҳои маҳсулоти нашрии кишварҳои аъзои ИДМ, табодули таҷрибаи касбӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи табъу нашр ва баланд бардоштани сатҳи сифати китобҳо баргузор мегардад.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин озмун имкон фароҳам овард, ки дастовардҳои муассисаҳои нашриявии кишвар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, имконияти мавҷудаи соҳаи табъу нашр ва осори адабию фарҳангии тоҷик ба доираи васеи аҳли фарҳанг, мутахассисон ва намояндагони кишварҳои иштирокчӣ пешниҳод карда шавад.
Дар доираи иштироки ҳайати расмии Тоҷикистон дар маросими ҷоизасупорӣ ва Намоишгоҳи 39-уми байналмилалии китоби Москва масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи китоб ва табъу нашр, табодули таҷриба, густариши робитаҳои байни муассисаҳои нашриявӣ ва иштироки минбаъдаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалии соҳавӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Москва ҳамчунин барои шиносоӣ бо равандҳои муосири рушди соҳаи китоб, технологияҳои нави нашр ва полиграфия, инчунин барқарор намудани робитаҳои нави касбӣ бо намояндагони муассисаҳои соҳавии кишварҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар Намоишгоҳ ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанг Давлат Сафарзода иштирок намуд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


















«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад






