Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ганҷи саноат» ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Коргоҳ бо ташаббуси соҳибкор Рустам Наҷмиддинов дар заминаи захираи фаровони қуму шағали маҳаллӣ бо харҷи чор миллион сомонӣ, насби таҷҳизоти чинӣ ва хариди 8 техникаи муҳандисӣ бунёд шуда, дар як баст то 120 тонна масолеҳи бинокорӣ истеҳсол менамояд.
Дар коргоҳи нави истеҳсолӣ 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шудаанд.
Ин сеюмин коргоҳи истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дар ҳудуди деҳоти Сӯҷина мебошад, ки солҳои охир бо сармоягузории соҳибкорон дар доираи Панҷсолаи рушди саноат (2022-2026) дар мамлакат сохта шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид






