Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз агентӣ.
Иштирокдорони маҳфил иброз намуданд, ки китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо мероси бузурги адабӣ ва фарҳангии миллати тоҷик аст, балки ҳамчун василаи маънавӣ барои омӯзиши таърихи миллат, эҳсоси ифтихори миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон хизмат мекунад. Омӯзиши ин асари бебаҳо метавонад барои наврасону ҷавонон заминаи устувори тарбияи маънавӣ, худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллиро фароҳам орад.
Изҳор гардид, ки бо назардошти бузургии ин асари безавол бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар хонадони тоҷик тақдим карда шуд, зеро он сарчашмаи худшиносӣ, тарбияи маънавӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Муовини якуми директори агентӣ Комрон Сафолзода гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ дар партави ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани сатҳи маърифат, рушди фарҳанги китобхонӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши осори гаронбаҳои адабиёти миллӣ мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ иброз доштаанд, ки ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳама андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».
Бо хушнудӣ ёдоварӣ гардид, ки 23 июли соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Озмуни XХIII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар озмун китоби «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






