ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Фарҳанг асоси шинохти миллат ва давлат аст. Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи фарҳанг ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат ва пояи устувори давлатдорӣ ба рушди бесобиқа ва эҳёи бузурги маънавӣ ноил гардид.
Эҳёи ҷашнҳои миллӣ
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҷашнҳои миллии Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон мақоми байналмилалӣ касб намуданд.
— 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО дар қатори 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз саросари ҷаҳон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии башарият дохил карда шуд. Инчунин 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардид.
-6 декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.
— 4 декабри соли 2024 «Ҷашни Меҳргон» расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
— Дар баробари Наврӯз, Сада ва Меҳргон дар Тоҷикистон ҷашни дигари миллӣ- Тиргон низ эҳё гардид. Аз байни ин ҷашнҳо Тиргон куҳантарин иди мардумони ориёитабор ба шумор меравад.
— 10 декабри соли 2025 номинатсияи «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.
Инчунин соли 2003 аз ҷониби ЮНЕСКО санъати нодир- «Шашмақом» ҳамчун «Шоҳкори мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии инсоният» ва соли 2021 «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил гардиданд. Ҳамчунин ёдгориҳои таърихии Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон, ҳунарҳои миллии чакан ва оши палав ба рӯйхати мероси ҷаҳонӣ дохил карда шуданд.
Яке аз муъҷизаҳои дасти инсоният, шоҳкори азими халқи тоҷик- маҷмааи фарҳангии «Кохи Наврӯз» ба рӯйхати «8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай» ворид гардид.
Рушди инфрасохтор
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2628 муассисаи соҳаи фарҳанг (ба истиснои 4581 китобхонаи низоми маориф ва 136 китобхонаи вазорату идораҳо) ба қайд гирифта шудааст. Инҳо 75 қасри фарҳанг (кох), 658 хонаи фарҳангӣ (клуб), 28 маркази фарҳангӣ, 594 китобхона, 775 китобхона-филиал, 76 осорхона, 3 осорхона (хона-музей), 5 муҷтамаъ ва мамнуъгоҳ, 100 боғи фарҳангию фароғатӣ, 8 филармонияи халқӣ, 2 филармонияи ҷумҳуриявӣ, 22 театри халқӣ, 15 студияи сабти овоз, 2 театр-студия, 5 амфитеатр, 66 мактаби санъат, 16 мактаби мусиқӣ, 6 мактаби рассомӣ, 5 коллеҷ, 3 муассисаи таҳсилоти олӣ, 17 ансамбли шашмақомхонон, 2 гурӯҳи ҳаҷвӣ, 8 ансамбли фалаксароён, 25 ансамбли тарона ва рақс, 23 ансамбли рақсӣ, 6 радиои маҳаллӣ, 11 ансамбли эстрадӣ, 12 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 8 амнсамбли оилавӣ, 3 ансамбли созҳои миллӣ, 2 маркази сафарӣ ва ҳунарӣ, 3 оркестр, 2 ансамбли карнайнавозон, 2 ансамбли доиранавозон, 18 театри касбӣ, 1 сирк, 2 муассисаи илмӣ, 13 муассисаи табъу нашр ва 1 агентии давлатӣ мебошанд, ки фаъолият доранд.
Гиромидошти адибон
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади тақвияти худшиносии миллӣ ва гиромидошти симоҳои барҷастаи илму адаби тоҷик 1150 — солагии Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 1100–солагии давлати абарқудрати Сомониён, 90–солагии муаллифи китоби «Тоҷикон», Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров (соли 1999), Соли бузургдошти Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (2009), 1000-солагии шоир ва мутафаккири бузург Носири Хусрав, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (соли 2007), 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 400-солагии суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ, 700-солагии шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ ва 150-солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ҷашн гирифта шуданд.
Инчунин ҷашнҳои 2500-солагии шаҳри Истравшан (соли 2002), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (соли 2006), 3000-солагии шаҳри Ҳисор (соли 2015) ва 5500-солагии Саразм (соли 2020) бо барномаҳои мукаммали фарҳангию маърифатӣ таҷлил карда шуданд.
Тақдими китобҳо
Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, таҳкими худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани завқи мутолиа дар байни аҳолӣ тақдими китоб низ ба роҳ монда шуд.
Бо иқдоми Сарвари давлат нахуст китоби муқаддаси «Қуръон» ройгон ба мардум ҳадя карда шуд. Баъдан аз номи Пешвои миллат китоби «Тоҷикон» ба ҳар хонадони мамлакат туҳфа гардид, то мардум таърихи худро омӯхта, босавод, боҳувият ва сарбаланду донишманд гарданд. Инчунин соли 2025 китоби «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар хонадони тоҷик ҳадя гардид.
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ба роҳ монда шуданд.
Соли ҳаштум аст, ки дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор мегардад. Аз соли 2019 то 2025 дар озмун 21 ҳазору 687 довталаб аз тамоми қаламрави мамлакат иштирок намудааст, ки аз ин шумора бештари онҳо ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мебошанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 рушди фарҳанг ҳамчун асоси муҳимтарини сиёсати давлатӣ ва заминаи ҳифзи ҳастии миллат таъкид гардидааст.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд






