Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хати форсӣ (бо нависагардонии Суҳайло Юсуфӣ ба нашр расидааст) баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-ро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо нашриёти «Хирадгон» ба нашр расонидааст.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳёи ҳувияти миллии тоҷикон нақши калидӣ ва таърихӣ доранд. Ҷаҳду талоши Пешвои миллат дар ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёди Тоҷикистони навин беназир аст. Дар шароити соҳибистиқлолӣ маҳз тавассути ташаббусҳои Сарвари давлат заминаҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва сиёсии худшиносии миллӣ аз нав зинда ва устувор гардиданд.
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни ҳамоиш иброз дошт, ки китоб ду мақолаи муфассали Пешвои миллат- «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Арзишҳои ориёӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ»-ро фаро мегирад.
Таъкид гардид, ки дар китоб масъалаҳои гуногуни таърих ва тамаддуни ориёӣ, арзишҳои фарҳанги ориёӣ, саҳми мардумони ориёӣ дар ихтирои хат ва таълифи осори хаттӣ, робитаҳои мутақобили тамаддунҳо ва фарҳангҳо дар сарзаминҳои ориёӣ, мақоми дониш ва фарҳанг дар давлатдории ориёиҳо ва масъалаҳои дигари арзишҳои фарҳангии ин мардумон мавриди баррасӣ ва гуфтугӯ қарор гирифтаанд.
Дар охирсухани китоб таъкид шудааст, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тасаллуте, ки бар таърих ва фарҳанги минтақа доранд, тавонистаанд бо забоне шево ва дилнишин хонандаро ба сафаре дар дили таърихи ориёиҳо даъват кунанд. Ин китоб танҳо муруре бар таърих нест, балки даъвате аст ба тафаккур дар бораи ҳувият, фарҳанг ва мероси муштараки мо».
Хонандаи эронӣ бо хондани ин китоб аз ҳадафҳои бузургдошти тамаддуни ориёӣ дар замони Истиқлоли Тоҷикистон ва саҳми мардуми тамаддунсоз ва фарҳангофарини тоҷик дар ташаккули арзишҳои муштараки маънавӣ, илмӣ ва таърихии ориёӣ огоҳ мегардад.
Ҳамчунин дар китоб аксҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва сарчашмаҳои бозёфта аз замони ориёиҳо, ба монанди Панҷакенти қадим, Саразм, Тахти Сангин ва дигар минтақаҳо ҷой дода шудаанд.
Ба нашр расидани китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» бо хати ниёгон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таҳкими робитаҳои фарҳангиву илмӣ байни ду давлати ҳамзабон ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик заминаи муҳим фароҳам меорад.
Иштирокдорони рӯнамоӣ мазмуну муҳтавои китоб, аҳаммияти илмӣ-таърихии он ва нақши асарро дар шинохти дурусти тамаддуни ориёӣ мавриди баррасӣ қарор дода, андешаҳои худро баён намуданд.
Таъкид гардид, ки чунин асарҳо барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи миллат, баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва таҳкими ифтихори ватандӯстии насли наврасу ҷавон аҳаммияти муҳим доранд.
Рӯнамоии китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» дар доираи чорабиниҳо оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ба рушди ҳамкории илмӣ-фарҳангӣ ва муаррифии мероси пурғановати таърихию фарҳангии тоҷикон равона гардид.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






