НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид

Сентябрь 7, 2026 09:57

ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давлат ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоиву таърихӣ на танҳо сохтори сиёсиву ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари амиқи шуури миллӣ ва хиради ҷамъиятии ҳар халқ мебошад. Кӯшиши бунёди давлат, пеш аз ҳама, решаи маърифатӣ дошта, аз шинохти халқ, таърих, забон, фарҳанг ва ҷойгоҳи таърихӣ сарчашма мегирад. Ба ибораи дигар, давлатсозии миллӣ маҳсули табиии раванди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ буда, баъди дарк кардани ҳувияти таърихии худ устувор мемонад.

— Барои расидан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр рамзу рукнҳои миллӣ унсури бисёр арзишманд буда, дар ташаккули тафаккури ҷомеа ва устувор кардани пояҳои давлатдории миллӣ нақши муассир мегузоранд. Ҳамзамон онҳо чун унсурҳои ҳувиятсоз ба мафкураи миллӣ таъсир мерасонанд ва ба устувор гардидану шакл гирифтани давлати соҳибихтиёр мусоидат менамоянд. Аз нигоҳи назарӣ ва фалсафӣ, робитаи мустақим байни се падидаи ба ҳам вобаста — шуури таърихӣ, худшиносии миллӣ, давлатдории устувор занҷираи мантиқии ин равандро ташкил медиҳад.

Барои дарки амиқтари масъала миллат нақши калидӣ бозида, бо муштаракоти забон, сарзамин, ҳаёти иқтисодӣ ва хусусияти равонию фарҳангии муштарак пояи устувор мегирад. Ҳувияти миллӣ маҷмуи тасаввурот, арзишҳо ва рамзҳоест, ки ҷомеаро ба миллати муайян мансуб мегардонад. Дар илми ҷомеашиносии муосир ду равиши асосӣ дар масъалаи миллат вуҷуд дорад: равиши бунёдгаро (примордиалистӣ), ки миллатро падидаи табиӣ ва деринаи таърихӣ медонад ва равиши созишгаро (конструктивистӣ), ки миллатро натиҷаи раванди огоҳонаи ташаккули шуури ҷамъиятӣ мешуморад. Таҷрибаи давлатсозии тоҷикон нишон медиҳад, ки ин ду равиш якдигарро истисно намекунанд. Миллати тоҷик решаи амиқи таърихӣ дошта, барои эҳёи хотираи таърихӣ огоҳона талош мекунад ва тавассути сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди давлатсозиро амалӣ мегардонад. Решаҳои таърихи халқи тоҷик аз давраи Пешдодиёну Каёниён ва тамаддуни ориёӣ сарчашма гирифта, минбаъд дар давраи Сомониён ташаккул меёбанд ва дар давраҳои баъдӣ шакл гирифта, дар аввали садаи бистум ба ҷумҳурии мустақил табдил ёфт. Дар давраи истиқлол  тоҷикон соҳиби рамзҳои давлатӣ гашта, мустақилона ҳамчун давлати соҳибихтиёр зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, барои мо эҳёи хотираи таърихӣ омили муттаҳидсоз ва давлатсоз ба шумор рафта, дар ташаккули худшиносии мардум таъсири босазо мерасонад.

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳуриҳои тобеи он ҳар кадом худро давлати мустақил ва соҳибихтиёр эълон намуда, бо роҳи осоишта пояҳои давлатдориашонро устувор гардониданд ва барои бартараф сохтани мушкилоти иқтисодиву сиёсии мавҷуда талош варзиданд. Аммо Тоҷикистон бинобар сабабҳои субъективӣ, таъсис ёфтани ҳизбу ҳаракату созмонҳои беҳисоб, ки иддае аз онҳо, минҷумла, Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҳамон оғози фаъолияташон зиёдаравиву  тундравиро пеша карда буданд, дахолати бевоситаву бавоситаи баъзе доираҳои манфиатҷӯйи хориҷӣ ва аз ҳама асосиаш, заиф гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ  натавонист ин зинаи гузаришро орому босубот  тай намояд ва аввал ба буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва пасон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд.

Ҷанги шаҳрвандӣ беш аз панҷ сол, аз соли 1992 то нимаи соли 1997 идома ёфт ва талафоти зиёди моддиву маънавӣ  ба бор овард. Дар ин муддат тибқи арзёбии коршиносони дохиливу хориҷӣ, талафоти ҷонӣ ба даҳҳо ҳазор нафар расида, зиёда аз як миллион нафар тарки кишвар кард. Бештари хонаву манзил, молу ашё ва инфрасохтори иҷтимоӣ дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон, баъзе шаҳру навоҳии водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон валангор ва ё ба нестӣ расида,  хисороти иқтисодии ҷанг миллиардҳо доллари амрикоиро ташкил дод. Ин талафоти бесобиқа барои давлати тозаистиқлоли мо ниҳоят гарон омад ва давлату Ҳукумати кишварро ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ намуд.

Сабаб ва решаҳои ин буҳронро дар чанд омили ба ҳам алоқаманд, минҷумла, заиф будани пояҳои мафкураи ягонаи миллӣ ва худшиносии умумидавлатӣ, ноустувору нокоромад гаштани ниҳодҳои давлатӣ,  ғалабаи мафкураи маҳалгароӣ ва музофотӣ бар манфиати умумимиллӣ, надоштани таҷрибаи давлатдории мустақил дар даврони муосир  метавон ҷустуҷӯ намуд. Ба ибораи дигар, аҳли ҷомеа дар он айём ба дараҷаи зарурӣ ба камолоти сиёсиву фарҳангӣ нарасида буд ва маҳз ҳамин  холигоҳи маънавӣ заминаи бархурди манфиатҳои ночизи қишрҳои мухталифи ҷомеа гардида, оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд.

Дар ин давраи бисёр мушкили сарнавиштсоз хиради азалии халқи тоҷик, азму талоши фаъолони ҷомеа ва саъю кӯшиши иддае аз вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ҷаҳолат ғолиб омад ва  ҷиҳати  пешгирии вусъати ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешида шуданд. Бо ин мақсад зарурати баргузор намудани Иҷлосияи навбатии  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он вақт ягона сохтори давлатии амалкунандаи қонунӣ буд, пеш омад ва аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд (алъон ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин иҷлосия, ки воқеан барои миллату сарзамини мо тақдирсоз гардид, вазъи сиёсии кишвар мавриди муҳокимаву баррасиҳои ҷиддии вакилони халқ қарор гирифт, рамзҳои давлатӣ – Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, санадҳои дахлдор барои ба эътидол овардани авзои ҷомеа, бозгардонидани гурезагон ва авфи умумӣ ба тасвиб расиданд.

Маҳз дар ҳамин иҷлосия дар таърихи 19 ноябри соли 1992 вакилони халқ бо аксарияти овозҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд ва дар чунин айёми басе душвори таърихи навини кишвар амалан сарварии давлат бар уҳдаашон афтод.  Роҳбари ҷавону дурандеш пеш аз ба минбар баромадан бо нишони садоқату вафодорӣ ба миллату меҳан дар назди муқаддастарин рамзи давлатӣ — Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сари таъзим фуруд оварда, онро  бӯсиданд. Ин нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба давлатдории миллӣ ва қасами фидокорӣ дар назди Ватан ва кулли мардуми  Тоҷикистон буд. Раиси Шурои Олии тозаинтихоб дар нахустин суханронӣ бо қатъият таъкид намуданд: «Ман барои халқи азизам, барои Тоҷикистон сулҳ меорам ва тамоми қуввату таҷрибаи кориамро барои ҳалли буҳрони сиёсӣ ва барқарор кардани ваҳдати комил дар мамлакат сарф менамоям». Ин суханони саршори меҳру самимият, ки аз ниҳоди поку нияти неки Сарвари ҷавони кишвар дарак медоданд, нахустин қадами ҷиддӣ дар роҳи сулҳофаринӣ маҳсуб шуда, дар дили мардуми азияткашидаи кишвар шуълаи умеду боварро ба фардои рӯшану беҳтари Тоҷикистон  ба вуҷуд оварданд.

Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро аз сулҳофаринӣ оғоз намуданд, дар минтақаҳои ҷангзада оқибатҳои ногувори бесомониҳои дар кишвар баамаломадаро бо чашмони худ мушоҳида карда, ба хулосае омаданд,  ки ягона роҳи наҷоти миллату сарзамин ваҳдату ягонагии кулли шаҳрвандони кишвар мебошад. Бад-ин  манзур барои дастёбӣ ба сулҳу ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ дар байни намояндагони Ҳукумати қонунӣ ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки дар хориҷи кишвар сукунат доштанд, борҳо бо роҳбарони кишварҳои ҳамсоя, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ мулоқот намуданд. Бо вуҷуди нобасомон будани вазъи кишвари ҳамсояи Афғонистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷуръату ҷасорати ба худ хос борҳо ба он кишвар сафар карда, бо роҳбарони Иттиҳоди мухолифини тоҷик рӯ ба рӯ нишаста мулоқот намуданд ва чунин муносибат бовару эътимоди мухолифонро ба ниятҳои неки Сарвари давлати Тоҷикистон дар роҳи барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ бештар намуд.

Дар таърихи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавишти миллат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва тавассути баргузории интихоботи умумихалқӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Баъди ин рӯйдоди таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идеяи «ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон»-ро ҳамчун унсури таҳкими давлатдорӣ ва муттаҳидсозии тамоми минтақаҳои кишвар пешниҳод  намуданд, ки аз ҷониби халқ бо дилгармии афзун пазируфта шуд. Маҳз идеяи мазкур имкон фароҳам овард, ки мардум дар атрофи Сарвари худ муттаҳид шаванд ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф намоянд.

Ҷаҳду талошҳои собитқадамонаи Роҳбари давлат дар роҳи эҳёи сулҳу ваҳдат ниҳоят натиҷаи дилхоҳ дод ва дар таърихи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Ин санади тақдирсоз на фақат пеши роҳи ҷангу хунрезиро гирифт, балки барои расидан ба сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Бар хилофи иддаои баъзе намояндагони кишварҳои манфиатҷӯ ҳар ду тараф, ки хоҳони сулҳу оштӣ буданд, тавассути гуфтушунид ба мувофиқа расиданд.

Барои дар амал татбиқ намудани бандҳои Созишномаи сулҳ Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд, ки дар он тарафҳои даргир ба таври баробар намоянда доштанд. Тибқи механизми созиш, ба Иттиҳоди мухолифини тоҷик 30 фоизи вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ ҷудо гардид ва ба ин васила намояндагони мухолифон ҳам ба сохторҳои давлатӣ ва низомии кишвар дохил гардиданд. Бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 60 ҳазор гуреза аз хоки кишвари ҳамсоя — Афғонистон ба Ватан баргардонида шуда, яроқу аслиҳае, ки бо роҳҳои мухталиф ба дасти  мардум афтода буданд, ҷамъоварӣ гардид ва ҳама гуноҳҳое, ки намояндагони ҳар ду тараф дар солҳои нобасомонӣ содир карда буданд, бахшида шуданд.

Ин таҷрибаи нодири сулҳофарӣ буд, ки дар он ба ҷои саркӯбу интиқом роҳи созиш, ҳамдигарбахшӣ ва ҳамгироӣ интихоб гардид. Аз нигоҳи назарӣ, ин таҷриба собит кард, ки ваҳдати миллӣ на як шиори сиёсӣ, балки шарти воқеии бақои давлат ва пешрафти мамлакат маҳсуб меёбад. Бо ҳамин хотир Рӯзи ваҳдати миллӣ (27 июн) ба рамзи муҳимтарин дастоварди давлатдории навин табдил ёфтааст. Боиси хушнудист, ки дар илми муосири сиёсатшиносӣ ва низоъшиносӣ таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи муваффақи бунёди сулҳ ва модели беназири ҳалли осоиштаи низоъ эътироф гардида, дар мактабҳои сулҳшиносии ҷаҳон омӯхта мешавад.

Аз нигоҳи назарияи давлат, рукну рамзҳои давлатӣ на танҳо нишонаҳои расмии соҳибихтиёрӣ, балки ҷавҳари ҳувияти миллӣ ба шумор мераванд, ки таърих  ва ормонҳои миллиро дар шакли мукаммал ифода мекунанд. Ҳар рамз вазифаи муайяни маърифатӣ ва тарбиявӣ дошта, дар шуури ҷамъиятӣ ҳисси мансубият ба давлатро қавитар месозад. Аз ин ҷиҳат, рамзҳои давлатӣ ҳамчун иқдоми амиқи ҳувиятсоз дар ташаккули давлати миллӣ нақши бисёр муҳим доранд. Махсусан, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллии Тоҷикистон ба сифати рамзҳои муҳимми давлатӣ барои устувор гардидани идеяи ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишвар нақши калидӣ мебозанд. Дар баробари ин рамзҳои ҳувиятсоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  санади олии ҳуқуқӣ, забони давлатӣ рукни асосии ҳувияти миллӣ,  пули миллӣ (сомонӣ) муҳимтарин омили муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, пойтахтшаҳри Душанбе маркази сиёсиву фарҳангии кишвар ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амнияту истиқлоли кишвар буда, унсурҳои дигари асосии давлатдории миллӣ мебошанд. Ҳамаи ин унсурҳо дар маҷмуъ низоми томи давлатдории миллиро ташкил медиҳанд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала рушду такомул ёфтаанд.

Ҷолиби диққат аст, ки бисёре аз ин рамзҳо решаи амиқи таърихӣ доранд ва гузаштаро бо имрӯз пайванд месозанд. Масалан, номгузории пули миллӣ ба «сомонӣ» ва интихоби ҳайкали Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи имтидоди давлатдории миллии тоҷикон на танҳо рамзи миллист, балки аз қудрату матонати тоҷикон дар тӯли таърих дарак медиҳанд. Ба ин тартиб, рамзҳои давлатӣ вазифаи дугонаро иҷро карда, аз як тараф, соҳибихтиёрии ҳуқуқии давлатро дар арсаи байналмилалӣ таъмин менамоянд, аз ҷониби дигар, ба ҳамгироии дохилии ҷомеа ва мустаҳкам кардани ҳисси ягонагии миллӣ мусоидат мекунанд. Маҳз ба ҳамин сабаб дар назарияи давлат қабули рамзҳои давлатӣ яке аз нахустин ва муҳимтарин марҳалаҳои ташаккули давлатдорӣ ба шумор меравад.

Дар байни унсурҳои ҳувиятсоз забон ҷойгоҳи хосса дошта, на танҳо василаи муошират, балки ганҷинаи хотираи таърихӣ ва унсури асосии фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ раванди тӯлонӣ дошта, чандин марҳаларо тай кардааст. Ҳанӯз 22 июли соли 1989 Қонуни ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи забон» қабул гардид ва забони давлатӣ «забони тоҷикӣ (форсӣ)» номида шуд Ин таъкид аз ҷиҳати илмӣ басе муҳим буда, ягонагии таърихии забони тоҷикиро бо забони форсӣ эътироф менамояд. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 «забони тоҷикӣ  забони давлатии Тоҷикистон» эълон гардид Баъдан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул шуд, ки мақоми забони тоҷикиро ба таври мукаммал танзим менамояд Дар ин марҳалаи таърихӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи забони тоҷикӣ дар соҳаҳои идора, илм, таълим ва фарҳанг тақвият ёфта, ба забони давлатдорӣ мубаддал гардид. Президенти кишвар дар асари бунёдии худ «Забони миллат — ҳастии миллат» (иборат аз ду ҷилд) забонро на танҳо василаи муошират, балки «ҳастӣ ва мояи бақои миллат» арзёбӣ намудаанд

Аз нигоҳи забоншиносӣ забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ се шохаи як забони муқтадир (форсӣ-тоҷикӣ)  буда, ба гурӯҳи забонҳои эронии ҷанубу ғарбии оилаи ҳиндуаврупоӣ мансуб мебошанд. Таърихи алифбои забони тоҷикӣ низ ин пайвандро таъйид мекунад. Тоҷикон қарнҳо аз хати форсӣ-арабӣ истифода мебурданд ва мероси хаттии муштаракро бо форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ дар якҷоягӣ фароҳам овардаанд. Соли 1929 хати меросии тоҷикон ба лотинӣ ва соли 1940 ба сириллики русӣ иваз карда шуд. Ин дигаргуниҳо ҳарчанд дастрасии бевоситаи мардумро ба сарчашмаҳои классикии хати арабиасос маҳдуд намуданд, моҳияти забониро тағйир дода натавонистанд. Заминаи муштараки классикии ин се шоха осори ҷовидонаи Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофизу Мавлонои Балхӣ ва садҳо нобиғаи илму адаб мебошанд, ки мероси муштараки мардуми Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, тоҷикону эрониёни Осиёи Марказӣ ва кулли форсизабонҳои дунё  ба шумор мераванд. Тафовути асосии онҳо бештар дар алифбо (сириллики русӣ дар Тоҷикистон, форсӣ-арабӣ дар Эрону Афғонистон) ва баъзе вижагиҳои овоиву лаҳҷавӣ буда, дар сохтори бунёдӣ қариб, ки тафовуте  надоранд. Лозим ба таъкид аст, ки забони осори классикии форсӣ барои тоҷикон назар ба мардуми кишварҳои дигари ҳамзабон фаҳмотару дастрастар аст. Ин муштаракону ҳампайвандӣ имрӯз заминаи мустаҳками ҳамкории фарҳангии се кишвари ҳамзабон — Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва тоҷикони Осиёи Марказиро ба вуҷуд овардааст. Дарки ин ягонагӣ ба тоҷикон имкон медиҳад, ки худро барҳақ вориси яке аз бузургтарин тамаддунҳои забониву адабии ҷаҳон бидонанд.  

Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар ва таҳкими сохтори давлатӣ ҳамзамон бо ҳалли масъалаҳои иқтисодиву фарҳангӣ проблемаи ташаккули афкори миллӣ, бедор кардани ҳисси худшиносӣ ва эҳёи ҳувияти таърихӣ ба миён омад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин марҳаларо аз шинохти таърихи халқи тоҷик оғоз намуданд.

Нахустин иқдоми бузургу шоиста дар ин ҷода таҷлили бошукуҳи ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён дар соли 1999 буд. Ин ҷашн на танҳо як чорабинии фарҳангӣ, балки ҷаҳиши маърифатие буд, ки нигоҳи мардумро ба ҷониби гузаштаи пурифтихорашон ҷалб намуд. Дар давраи омодагӣ ба ин чорабинӣ ва пас аз он садҳо мақолаву рисола ва таҳқиқоти арзишманд таълиф шуданд, ки барои бедор кардани таваҷҷуҳи мардум ба омӯзиши таърихи давлатдории аҷдодӣ мусоидат намуданд. Интихоби Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамз ва улгуи давлатдории миллӣ қадами устуворе дар роҳи ҳувиятсозӣ ба шумор мерафт. Аҳамияти иқдоми мазкур дар он аст, ки барои нахустин бор дар даврони муосир давлати Сомониён ҳамчун намунаи давлатдории миллии тоҷикон эътироф гардид. Лозим ба таъкид аст, ки шахсияти  мондагори таърихӣ ва хидматҳои барҷастаи ӯ дар асари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ба таври шоиста муаррифӣ шудааст.

Идомаи мантиқии ин раванд «Соли тамаддуни ориёӣ» эълон шудани соли 2006 буд. Ин ибтикор на танҳо як навъ ҷаҳиши фикрие барои ҷомеаи Тоҷикистон, балки кӯшиши илмӣ барои дуруст муайян кардани ҳақиқати таърихӣ ба шумор мерафт. Омӯзиши ин давра таърихи миллатро аз аҳди Сомониён ба чанд ҳазор сол пеш — ба замони Каёниёну Пешдодиён ва пас аз он, ба паҳн шудани ориёиҳо дар қаламрави Хуросони бузургу Варорӯд бурд ва мансубияти тоҷиконро ба тамаддуни бостонии ориёӣ асоснок намуд.

Заминаи илмии ин раванд дар асари мондагори академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» таъкид гардида буд. Минбаъд он дар силсилаи асарҳои Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» ба таври муфассал идома ёфт ва ба ин васила равиши нави мафкуравӣ барои ҳувиятсозӣ фароҳам омад ва ба ҷойи идеологияи воридотӣ шинохти решаҳои воқеии таърихӣ ҳамчун ҷавҳари иҷтимоӣ арзи ҳастӣ намуд.

Дар ҳақиқат, таваҷҷуҳ ба таърих ва мероси пешин ҳамчун унсури ҳувиятсоз бахши ҷудонашавандаи сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад. Бо ташаббуси Президенти мамлакат силсилаи ёдгориҳои моддиву маънавии халқи тоҷик ба феҳристи Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид шуданд, ки ин эътирофи ҷаҳонии бостонӣ ва аслӣ будани фарҳанги тоҷикон мебошад. Аз ҷумла, «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2009, бо густариши минбаъда), санъати «Фалак» (соли 2021), ҷашни «Сада» (соли 2023) ва маросими «Меҳргон» (соли 2024) ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил гардиданд. Дар қатори онҳо санъати гулдӯзии «Чакан», таоми миллии «Оши палав» ва дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ низ эътирофи байналмилалӣ ёфтанд.

Ворид шудани ин унсурҳои фарҳангӣ ба феҳристи ЮНЕСКО аз як тараф, ба ҳифзи мероси ғании тоҷикон мусоидат мекунад ва аз тарафи дигар, ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиро дар дохили кишвар тақвият мебахшад. Ба ибораи дигар, эътирофи ҷаҳонӣ ба омили дохилии ҳувиятсоз табдил меёбад. Ҳамзамон, дар дохили кишвар ёдгориҳои таърихии зиёде, ки гузаштаи пурифтихори халқи тоҷикро исбот мекунанд, барқарор ва ҳифз карда шуданд. Як қисми онҳо, аз ҷумла, мероси хаттӣ, сиккаҳо ва осори бостонии тоҷикон имрӯз дар осорхонаву бойгониҳои Эрон, Ҳинд, Покистон, Чин, Русия ва кишварҳои Аврупо нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар баробари мероси ғайримоддӣ таваҷҷуҳ ба ёдгориҳои моддӣ ва бунёди иншооти нави фарҳангӣ низ бахши муҳимми сиёсати ҳувиятсозӣ гардидааст. Дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои кишвар маҷмааҳои бошукӯҳи фарҳангиву таърихӣ, аз ҷумла, муҷассамаву маҷмааи “Истиқлол”, “Исмоили Сомонӣ”, “Кохи Наврӯз”, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва Парчами миллӣ бунёд гардиданд, ки ҳар кадом ба рамзи ифтихори миллӣ табдил ёфтаанд. Ин иншоот на танҳо арзиши меъморӣ, балки бори маърифатӣ ва тарбиявиро бар дӯш гирифта, дар шуури ҷамъиятӣ ҳисси пайванд бо гузашта ва ифтихор аз дастовардҳои давлатдории муосирро тақвият медиҳанд. Ҳамзамон, ҳифзу барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, аз қабили шаҳраки бостонии Саразм, ки беш аз ба панҷ ҳазор таърихдорад, гувоҳи қадимӣ будани тамаддуни мардуми ин сарзамин мебошад.  

Яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати ҳувиятсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи ҷашнҳои қадимии ориёӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон мебошад. Ин ҷашнҳо на танҳо чорабиниҳои фарҳангӣ, балки низоми томи ҷаҳонбинии ниёгонанд, ки муносибати инсонро бо табиат, кайҳон ва арзишҳои ахлоқӣ ифода мекунанд. Ҳар чор ҷашн ба гардиши солонаи табиат ва тақвими бостонии офтобии ориёӣ пайванди амиқ доранд ва аз ин ҷиҳат моҳияти илмиву фалсафии онҳо басо ғанӣ аст.

Махсусан, расму оинҳои Наврӯз, густурдани дастурхони ҳафтсину ҳафтмева, пухтани суманак ҳамчун рамзи баракат, хонатаконӣ, дидорбинии хешу табор ва оштикунӣ  ҳама дар маҷмуъ моҳияти созанда ва инсонсозии ин ҷашнро ифода мекунанд. Ин ҷашн бо арзишҳои инсонмеҳварии худ — сулҳ, ободкорӣ, некӯкорӣ ва ваҳдат ба яке аз рамзҳои дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо ташаббусу дастгирии фаъоли Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳавзаи Наврӯз 23 феврали соли 2010 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд, ки ин эътирофи ҷаҳонии арзиши умумибашарии  ҷашни мазкур мебошад.

Сада ҷашни оташу гармист, ки тақрибан панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз, дар миёнаи зимистон таҷлил мешавад ва рамзи ғалабаи гармӣ бар сармо, нур бар зулмот ва умед бар навмедӣ мебошад. Меҳргон ҷашни тирамоҳии ҳосилу баракат аст, ки ба ойини Меҳр (Митра), эзиди аҳду паймон ва рӯшноӣ бахшида шуда, рамзи меҳру вафодорӣ ва сипосгузорӣ ба неъматҳои табиат аст. Тиргон ҷашни тобистонаи об ва расидани ҳосили гандум мебошад, ки бо асотири Ораши Камонгир рамзи фидокорӣ дар роҳи Ватан пайванд мебошад. Ин ҷашн соли 2025 дар Тоҷикистон расман ҳамчун ҷашни миллӣ эътироф гардид. Эҳёи ин ҷашнвораҳо, ки бисёре аз онҳо ба феҳристҳои ЮНЕСКО ворид шудаанд, ба таҳкими ҳисси худшиносӣ, пайванди наслҳо ва ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ хидмат мекунанд.

Аҳамияти илмии ин ҷашнҳо дар он аст, ки онҳо бар пояи донишҳои амиқи нуҷумӣ ва тақвими офтобии ниёгон устуворанд. Ҳар чор ҷашн ба нуқтаҳои муҳимми гардиши солона — эътидоли баҳорӣ (Наврӯз), нимаи зимистон (Сада), эътидоли тирамоҳӣ (Меҳргон) ва миёнаи тобистон (Тиргон) рост меоянд, ки худ гувоҳи сатҳи баланди дониши астрономии тамаддуни ориёист. Аз ин ҷиҳат, ҷашнҳои мазкур на хурофот, балки ифодаи муносибати хирадмандона ва эҳтиромонаи инсон ба табиат ва қонунҳои он мебошанд. Ғайр аз ин, ҳамаи ҷашнҳои номбурда бори ахлоқии амиқ дошта, одамонро ба меҳнатдӯстӣ, покиза нигоҳ доштани муҳити зист, эҳтиром ба об, оташ ва хок ҳамчун унсурҳои муқаддас ва тарғиби меҳру дӯстӣ миёни мардум даъват менамоянд.

Аз нигоҳи илмӣ, ҷашнҳои миллӣ вазифаи муҳимми иҷтимоиро иҷро мекунанд. Онҳо механизми интиқоли арзишҳои фарҳангии аз насл ба насл гузаштан ва василаи ҳамгироии ҷомеа мебошанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки хатари якрангшавии фарҳангҳо (гомогенизатсия) вуҷуд дорад, нигоҳдорӣ ва эҳёи суннатҳои фавқ баҳри ҳифзи гуногунрангии фарҳангии башарият хидмат мекунанд. Маҳз аз ҳамин сабаб Созмони ЮНЕСКО ба ҳифзи чунин унсурҳои мероси ғайримоддӣ аҳамияти хосса медиҳад. Бо ин роҳ, сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вақт ду вазифаро иҷро мекунад, яъне аз як тараф ба таҳкими ҳувияти миллӣ дар дохили кишвар мусоидат  мекунад ва аз сӯйи дигар, барои ғанӣ гардидани  ганҷинаи умумии тамаддуни башарӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳм мегузорад.

Таҳлили илмии раванди эҳёи давлатсозии миллӣ нишон медиҳад, ки он бар пояи чанд ғояи бунёдии ба ҳам алоқаманд устувор мебошад. Идеяи аввал ва меҳварӣ Истиқлолияти давлатист, ки ҳамчун арзиши олӣ ва заминаи ҳамаи дастовардҳо шинохта мешавад. Идеяи дувум, ваҳдати миллӣ мебошад, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба омили асосии наҷоти миллат ва пойдории давлат табдил ёфт. Идеяи севум, худшиносии миллӣ ва эҳёи ҳувияти таърихист, ки ба воситаи забон, фарҳанг ва таърих амалӣ мегардад. Ин се идея дар маҷмуъ мафкураи миллии давлатдории муосири тоҷиконро ташкил медиҳанд.

Дар баробари ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ мекунад, ки ин самтгирии давлатдории муосирро муайян месозад. Аз нигоҳи фалсафӣ, пайванди миёни арзишҳои таърихии миллӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии муосир масъалаи меҳварӣ мебошад. Давлати миллӣ бояд ҳамзамон вориси суннатҳои беҳтарини гузашта ва пойбанди принсипҳои умумибашарии ҳуқуқи инсон бошад. Решаҳои маънавии ин ҳамоҳангиро метавон дар таълимоти ахлоқии ниёгон дарёфт, ки дар он адолат, ростӣ ва хидмат ба ҷомеа ҳамчун арзишҳои олӣ шинохта мешаванд. Ба ин маънӣ, давлатдории муосири тоҷикон на танҳо сохтори идоракунӣ, балки идомаи як анъанаи деринаи ахлоқиву фарҳангӣ мебошад.

Моҳияти фалсафии эҳёи давлатсозии миллиро метавон чунин асоснок кард. Давлати миллӣ танҳо замоне устувор мегардад, ки бар пояи шуури худогоҳонаи шаҳрвандон бунёд шавад. Ин ҷо занҷираи гносеологӣ пурра мегардад ва шинохти таърих (маърифат) ҳисси худшиносиро бедор мекунад, худшиносӣ ба ташаккули мафкураи миллӣ меанҷомад ва мафкураи миллӣ ҷомеаро муттаҳид карда, пояҳои давлатдориро устувор месозад. Аз ин рӯ, ҳама иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз таҷлили ҷашни Сомониён то бунёди марказҳои тамаддунӣ на чорабиниҳои ҷудогона, балки ҳалқаҳои як стратегияи ягонаи ба ҳам пайванди давлатсозӣ мебошанд.

Дар оянда барои таҳкими давлатдорӣ идеяи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар пайванд бо ҳувияти тамаддунии ориёӣ имкон фароҳам меоварад, ки кишвар дар фазои сулҳу суботи комил пеш равад ва боз ҳам устувор гардад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ (глобализатсия), ки таҳдиди аз даст додани ҳувияти миллӣ басо ҷиддист, маҳз ин ғоя метавонад ҳамчун сипари маънавӣ амал кунад. Он бояд бар се пояи асосӣ такя намояд — ҳифзу таҳкими забони давлатӣ ҳамчун асоси ҳувият, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба мероси таърихӣ ва рушди сармояи инсонӣ, илму маориф ва навоварӣ ҳамчун шарти рақобатпазирии давлат дар ҷаҳони муосир. Танҳо ҳамбастагии арзишҳои маънавии таърихӣ бо пешрафти иқтисодиву технологӣ метавонад пойдории дарозмуддати давлати миллиро таъмин намояд.

Ҳамин асилзодагӣ ва афкори ҳувиятсозро ба инобат гирифта, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 таъсиси «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии Наврӯз»-ро дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд Бунёди ин ду маҷмааи бузург қадами ҷиддӣ дар роҳи эҳёи таърих ва муаррифии шоистаи мероси маънавию моддии халқи тоҷик мебошад.

Манзури Сарвари давлат аз ин истилоҳ, пеш аз ҳама, таъсиси муассисае мебошад, ки таърихи халқи тоҷикро аз замони ориёиҳо то замони муосир омӯзад ва муаррифӣ намояд. Ҳамзамон конун гаҳвора ва хостгоҳи тамаддуни ориёӣ будани Тоҷикистонро равшан месозад.

Дар сохтори Конун бояд маркази илмию пажӯҳишӣ, сомонаи расмӣ ва маҷаллаи илмӣ таъсис ёбад, ки ба омӯзиши осори хаттии пешин, ҳафриёти бостонӣ, устураву ривоятҳо ва матнҳои қадимаи паҳлавӣ, ба монанди «Авасто» машғул шаванд. Дар толорҳои алоҳидаи он давраҳои таърихӣ, аз Пешдодиёну Каёниён то Сомониён ва то даврони соҳибистиқлолӣ бо истифода аз технологияи муосир муаррифӣ мегарданд. Вазифаи муҳимми Конун дар оянда ҷамъоварии нусхаву фотокопии дастхатҳои нодир, сикка ва бозёфтҳои марбут ба таърихи халқи тоҷик аз тамоми гӯшаву канори дунё ва ба намоиш гузоштани онҳо тавассути муносибатҳои дипломатӣ хоҳад буд.

Дар маркази диққати илмии Конун бояд омӯзиши мероси гаронбаҳои хаттии ниёгон қарор гирад. Сарчашмаи бунёдии он «Авасто» мебошад, ки аз панҷ бахш (наск) —  Ясноҳо, Яштҳо, Виспарад, Вандидод ва Хурд-Авасто иборат аст. Дар онҳо ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва ойини бостонии мардуми ориёитабор инъикос ёфтаанд. Дар баробари «Авасто» эронитаборон мероси фаровони хаттии паҳлавӣ доранд, ки «Катибаи Бесутун», «Динкард», «Дарахти Асурик», «Ёдгори Зарирон», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Минуи хирад», «Андарзи Хусрави Қубодон», «Шаҳристонҳои Эрон» ва «Достони суғдии Рустам» аз ҳамин қабиланд.  Қисми зиёди онҳо тавассути достонҳои ҳамосӣ ва лиро-эпикӣ то замони мо расидаанд. Муаррифии илмии ин осор дар толорҳои Конун бо истифода аз технологияи муосир имкон медиҳад, ки гузаштаи пурифтихори миллат барои насли ҷавон ва меҳмонони хориҷӣ ба таври дастрасу боварибахш ошкор ва муаррифӣ гардад.

Ҷавҳари маънавии ин Конунро се асли ахлоқии ориёӣ — пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек ташкил медиҳад, ки ҳамчун меҳвари ахлоқии тамаддуни ниёгон то имрӯз арзиши умумибашарӣ доранд. Конун ба масъалаҳои қавмӣ, нажодӣ ё миллатгароӣ рабте надорад, балки хусусияти фарҳангпарваронаву созанда дошта, ба тақвияти гуногунрангии фарҳангҳо хидмат мекунад ва дар оянда барои тоҷикон ҳамчун шиносномаи миллӣ амал хоҳад намуд.

«Маркази байналмилалии Наврӯз» низ бо ҳамин мақсад таъсис ёфта, дирӯзро ба имрӯз барои фардои пурсаодат пайванд месозад.  

Раванди давлатсозии миллии тоҷикон ҷудо аз ҷараёнҳои умумии тамаддуни башарӣ ба амал намеояд, балки дар ҳампайвандӣ пеш меравад.  Тоҷикон, аз як тараф, ба сифати қадимтарин миллати ориёӣ дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ дар соҳаҳои забон, адабиёт, илм, фалсафа ва суннатҳои давлатдорӣ саҳмгузор мебошад, аз ҷониби дигар, дар шароити ҷаҳони бисёрқутбӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ давлати муосири Тоҷикистон вазифадор аст, ки ҳувияти миллии худро ҳифз намояд ва ба арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла, сулҳ, ҳамкорӣ, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон содиқона хидмат намояд.

Хусусияти хоси модели давлатсозии тоҷикон инсонмеҳварӣ ва мардумсолорӣ мебошад, ки дар маркази он манфиати инсон, зиндагии осоишта ва рушди озоди шахсияту оммаи васеи халқ қарор дорад. Маҳз ҳамин равиши инсонмеҳвару мардумсолорӣ суннати деринаи тамаддуни ориёиро, ки дар асли ахлоқии пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек таҷассум ёфтааст, бо ормонҳои муосири рушди устувор ва Ҳадафҳои рушди устувори СММ пайванд медиҳад. Ба ин тартиб, эҳёи суннатҳои устувори инсонмеҳвар на бозгашт ба гузашта, балки роҳи пешрафт бар пояи арзишҳои санҷидашудаи таърихист.

Дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳои бонуфуз баромад мекунад ва бо ташаббусҳои созанда, бахусус дар масъалаи ҳифзи об ва мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим, таҳкими сулҳу субот ба хотири ояндаи башарият эътибори ҷаҳонӣ касб  намудаанд. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки давлати миллии тоҷикон на дар инзиво, балки ҳамчун иштирокчии масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаккул меёбад. Ҳамин тавр, дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм, яъне муаррифии Наврӯз, тамаддуни ориёӣ ва мероси ниёгон дар сатҳи байналмилалӣ ба василаи муассири баланд бардоштани обрӯи давлат ва тақвияти ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ табдил ёфтааст.

Дар ҷаҳони муосир, ки дар он рақобати асосӣ на бар сари захираҳои табиӣ, балки бар пояи дониш, технология ва сармояи инсонӣ меравад, ояндаи давлатдории миллӣ, пеш аз ҳама, ба сифати маориф, рушди илм ва тарбияи насли ҷавони ватандӯсту босавод вобаста аст. Аз ин рӯ, сиёсати давлати Тоҷикистон дар самти рушди илму маориф, дастгирии истеъдодҳо ва ташаккули ҷомеаи донишбунёд идомаи мантиқии раванди давлатсозист. Танҳо насле, ки таърих ва фарҳанги худро амиқ мешиносад ва ҳамзамон ба донишу малакаҳои муосир мусаллаҳ аст, метавонад пойдории давлати миллиро дар шароити ҳамгироии ҷаҳонӣ таъмин намояд. Ба ин маънӣ, эҳёи суннатҳои устувори инсонмеҳвар ва рушди сармояи инсонӣ ду ҷанбаи ба ҳам пайванди як стратегияи ягонаи миллӣ мебошанд.  

Таҳлили илмии масъала нишон медиҳад, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи суннатҳои устувори инсонмеҳвар ва давлатсозии миллӣ хусусияти низомманд ва стратегӣ дорад. Ин абармарди дунёи сиёсат тавонистанд, ки дар марҳалаи таърихӣ се вазифаи ба ҳам алоқамандро ба навъи аҳсан ҳал намоянд. Аввалан, кишварро аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот дода, сулҳу ваҳдати миллиро барқарор карданд, дувум, пояҳои ҳуқуқиву сохтории давлати муосирро бунёд намуданд ва севум, тавассути эҳёи забон, таърих, ҷашнҳо ва рамзҳои миллӣ шуури худогоҳонаи миллатро бедор сохтанд.

Ин се марҳала аз ҷиҳати мантиқӣ ва фалсафӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ дошта,  занҷираи ягонаи давлатсозиро ташкил медиҳанд, ки решаи гносеологии он худшиносии миллист. Таҷрибаи Тоҷикистон собит месозад, ки давлати устувор бе ҳувияти устувор бунёд намешавад ва ҳувияти миллӣ бе шинохти таърих ва мероси гузашта пойдор намемонад. Аз ин рӯ, ояндаи давлатдории миллии тоҷикон ба он вобаста аст, ки идеяҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба тамаддуни ориёӣ бо пешрафти илмиву иқтисодӣ ҳамоҳанг гардонида шаванд.

Дар асоси таҳлили мазкур метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки эҳёи давлатсозии миллии тоҷикон раванди огоҳона, стратегӣ ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок буда, дар он арзишҳои таърихӣ ва ормонҳои муосир ба таври ҳамоҳанг тарҳрезӣ шудаанд. Барои таҳкими минбаъдаи ин раванд зарур аст, ки таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои таърих, забоншиносӣ ва фарҳангшиносии миллӣ вусъат дода шаванд, ниҳодҳои нави тамаддунӣ, аз ҷумла Конуни тамаддуни ориёӣ фаъолона рушд ёбанд ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирад. Танҳо бо ин роҳ устувории дарозмуддати давлати миллиро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир метавон таъмин намуд.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академик

Сентябрь 7, 2026 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Филми «Пешво аз қалби мардум» дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд
Як зумра кормандони гуногункасб, хизматчиёни давлатӣ ва рӯзноманигорон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ
Дар ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир гардид
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Эҳдо ба 35-солагии соҳибистиқлолии мамлакат
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар ноҳияи Ёвон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид