Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд

Сентябрь 15, 2026 12:00

‎ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи энергетика тақвият мебахшанд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самти энергетика, аз ҷумла имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ барои бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 15, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид