СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Эҳдо ба 35-солагии соҳибистиқлолии мамлакат

Сентябрь 6, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Пас аз сию чор сол, 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи бо ибтикори Тоҷикистон пешниҳодшударо таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» қабул намуд. Пешниҳоди ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид садо дода буд. Ин ду рӯйдод роҳи тайкардаи дипломатияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба таври возеҳ нишон медиҳанд: аз талош барои эътирофи байналмилалӣ, истиқрори сулҳу субот ва таҳкими давлатдорӣ то пешбурди ташаббусҳое, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд.

— Сию панҷ соли Истиқлоли давлатӣ имкон медиҳад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон на танҳо аз рӯйи шумораи муносибатҳои дипломатӣ, сафарҳои расмӣ ё санадҳои имзошуда, балки ҳамчун низоми ташаккулёфтаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ гардад. Дар ин муддат муҳити байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин бор дигар шуд, вале ҳадафҳои асосӣ — ҳифзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, таъмини амнияту субот, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди кишвар ва густариши ҳамкории мутақобили судманд аҳамияти худро нигоҳ доштанд.

Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули сиёсати хориҷӣ 

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳиби Истиқлоли давлатӣ гардид ва нахустин маротиба имкони мустақилона муайян намудани самтҳои сиёсати хориҷӣ ва ҷойгоҳи худро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ пайдо кард. Дар шароити солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазифаҳои таъсиси хизмати дипломатӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷониба, узвият дар созмонҳои байналмилалӣ ва муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамзамон бо мушкилоти сангини дохилӣ ҳал мегардиданд.

Моҳи сентябри соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аз минбари Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд. Дар он марҳала барои Тоҷикистон масъалаи сулҳ ва ҳифзи давлатдорӣ аҳамияти ҳаётӣ дошт. Аз ин рӯ, дипломатияи солҳои нахустини истиқлол ба ҷалби мусоидати ҷомеаи байналмилалӣ ба раванди сулҳ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва пешгирии инзивои байналмилалӣ равона гардид.

27 июни соли 1997 дар Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Дастёбӣ ба сулҳ натиҷаи музокироти тӯлонии байни тоҷикон бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои миёнрав буд. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳалли мусолиматомези низоъро бо ҳифзи давлатдорӣ, тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллӣ пайваста арзёбӣ менамуданд, махсус мебошад. Барқарор шудани сулҳу субот барои гузариш аз дипломатияи давраи буҳрон ба сиёсати хориҷие, ки ба рушд, ҳамкорӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар нигаронда шудааст, замина фароҳам овард.

Сиёсати «дарҳои кушода» ва густариши робитаҳои бисёрсамта

Фаррух САЛИМОВ

Бо таҳкими суботи дохилӣ зарурати ташаккули модели устувори муносибат бо ҷомеаи ҷаҳон ба миён омад. Ҷавоб ба ин талабот сиёсати «дарҳои кушода» гардид. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сиёсат ҳамчун сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз муайян шудааст. Моҳияти он аз густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобили судманд бо кишварҳои гуногун, бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва воқеияти геополитикии Тоҷикистон иборат мебошад.

Сиёсати «дарҳои кушода» маънои дурии баробар аз ҳама шариконро надорад. Баръакс, он ба Тоҷикистон имкон дод, ки ҳамзамон робитаҳои стратегиро бо Русия, ҳамкории босуръати иқтисодиро бо Чин, муносибатҳои ҳусни ҳамҷавориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва робитаҳои судмандро бо Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон, кишварҳои ҷаҳони ислом ва давлатҳои Осиё рушд диҳад. Дар шароити мураккаби байналмилалӣ чунин равиш барои нигоҳ доштани тавозуни манфиатҳо ва мустақилияти интихоби сиёсати хориҷӣ аҳамияти хос дорад.

Дар ташаккул ва пешбурди ин сиёсат нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ мебошад. Самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, афзалияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими робитаҳои бисёрсамта ва пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ пайгирона дар сатҳи олии сиёсӣ муайян гардиданд. Татбиқи амалии ин сиёсат тавассути фаъолияти пайвастаи Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар сохторҳои давлатии кишвар таъмин мегардад.

Осиёи Марказӣ ва амнияти минтақавӣ

Ҳабиб МИРЗОЕВ

Дар солҳои охир Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аҳамияти бештар касб кардааст. Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, рушди тиҷорат, нақлиёт, энергетика ва ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ тадриҷан ҷойи ихтилофҳои солҳои пешинро мегиранд. Рӯйдодҳои соли 2025 дар ин самт аҳамияти таърихӣ доштанд. 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро ба имзо расониданд. 31 март дар Хуҷанд сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадиро имзо карданд.

Ин санадҳо нишон доданд, ки масъалаҳои мураккаби минтақавиро метавон бо роҳи муколама ва музокироти сиёсиву дипломатӣ ҳал намуд. Барои Тоҷикистон суботи ҳамсоягӣ на танҳо масъалаи амният, балки шарти асосии рушди тиҷорат, робитаҳои нақлиётӣ ва татбиқи тарҳҳои муштараки минтақавӣ мебошад.

Самти дигари доимии сиёсати хориҷӣ таъмини амнияти минтақавист. Вазъ дар Афғонистон, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва таҳдидҳои киберӣ ҳамкории байналмилалиро тақозо мекунанд. Тоҷикистон дар доираи СММ, СҲШ, СААД, ИДМ ва дигар созмонҳо фаъолона иштирок намуда, ҳамзамон Раванди Душанберо оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он пеш мебарад. Ин раванд аз як силсила конфронсҳои сатҳи баланд ба механизми васеътари муколамаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Аз дипломатияи об то ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ 

Яке аз дастовардҳои шинохташудаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ташаккули рӯзномаи байналмилалии об ва иқлим мебошад. Бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005–2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018–2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд. Соли 2023 Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҳамраисии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба обро ба уҳда доштанд.

Идомаи мантиқии ин раванд ташаббусҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо гардиданд. Бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шуданд. Барои Тоҷикистон, ки захираҳои об ва неруи он ба пиряхҳо робитаи мустақим доранд, чунин ташаббусҳо ҳамзамон ифодаи манфиати миллӣ ва саҳм дар ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим мебошанд.

Дар айни замон доираи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аз масъалаҳои об фаротар рафтааст. Тоҷикистон, аз ҷумла дар пешбурди Рӯзи байналмилалии Наврӯз саҳм гузошт. Соли 2024 бо ибтикори роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои ҳаммуаллиф Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумӣ қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро қабул намуд, ки идеяи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд. 12 декабри соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи дахлдор соли 2027-ро Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон намуд.

Қабули қатънома оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» дар моҳи июни соли 2026 ин силсилаи ташаббусҳоро бо таҷрибаи таърихии худи Тоҷикистон мепайвандад. Кишваре, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта роҳи душвори расидан ба сулҳу ризоияти миллиро тай намуд, имрӯз фарҳанги сулҳ, муколама ва ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун арзиши муҳимми байналмилалӣ пешбарӣ мекунад.

Пас аз 35 соли истиқлол: сиёсати хориҷӣ ҳамчун омили рушд

Дар шароити имрӯз сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд на танҳо аз рӯйи доираи муносибатҳои дипломатӣ ва шумораи санадҳои баимзорасида, балки аз рӯйи саҳми он дар таъмини рушди устувори давлат ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ гардад. Аз ин рӯ, дипломатияи иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир, тавсеаи имконияти содиротӣ, рушди долонҳои нақлиётӣ, истифодаи самараноки иқтидори гидроэнергетикӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аҳамияти рӯзафзун касб мекунанд.

Дар шароити афзоиши рақобати геополитикӣ Тоҷикистон бояд сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома дода, ҳамзамон ҳамкории минтақавиро таҳким бахшад. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ ва беҳтар шудани фазои муносибатҳо дар Осиёи Марказӣ имконият медиҳанд, ки кишварҳои минтақа аз бартарафсозии мушкилоти гузашта ба татбиқи тарҳҳои муштараки оянда гузаранд.

Сию панҷ сол пеш Истиқлоли давлатӣ ба Тоҷикистон имконият дод, ки дар арсаи байналмилалӣ аз номи худ сухан гӯяд. Сулҳу ваҳдати миллӣ пояҳои давлатдориро таҳким бахшиданд. Сиёсати «дарҳои кушода» фазои ҳамкории бисёрсамтаро васеъ кард. Ташаббусҳои байналмилалӣ нишон доданд, ки Тоҷикистон қодир аст на танҳо дар рӯзномаи ҷаҳонӣ иштирок намояд, балки дар ташаккули он низ саҳм гузорад. Марҳалаи минбаъда тақозо мекунад, ки нуфузи байналмилалии кишвар ҳарчи бештар ба таҳкими амният, ҷалби сармояву технология, густариши имконияти иқтисодӣ ва беҳбуди зиндагии мардум хизмат намояд. Маҳз ҳамин пайванди дипломатия бо манфиатҳои миллӣ ва рушди устувор меъёри асосии самаранокии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои оянда хоҳад буд.

Фаррух САЛИМОВ,
дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии
факултети муносибатҳои байналмилалии 
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ҳабиб МИРЗОЕВ,
дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар ноҳияи Ёвон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид