Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омодагӣ ба Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» (15-20 октябр) ва таҷлили 100-солагии кинои тоҷик дар соли 2029 7 октябр дар ҷаласаи навбатии Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, дар ҷаласа дурнамои рушди соҳаи кино, аз ҷумла, такмили инфрасохтор, паҳн ва намоиши филмҳои миллӣ, истифодаи платформаҳои рақамӣ ва ҷалби бештари тамошобинон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамзамон ба масъалаҳои ҳифз ва нигоҳдории мероси кинои миллӣ, барқарорсозӣ ва рақамикунонии фонди кино, омодасозии кадрҳои касбӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон диққати махсус дода шуд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳо масъалаҳои баланд бардоштани сифати филмҳо, рушди шабакаи кинотеатрҳо, рақамикунонии бойгонии кино, такмили низоми интихоби филмномаҳо ва омодасозии кадрҳои ҷавон аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳа боқӣ мемонанд.
Дар анҷоми ҷаласа барои рушди минбаъдаи кинематографияи миллӣ ва баланд бардоштани нақши синамои тоҷик дар муаррифии фарҳангу арзишҳои миллӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






