Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 октябр дар Тоҷикистон таҳти унвони «Забони мо – ҷаҳони мо» Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Анҷумани сеюми забоншиносон иштироки забоншиносон ва муҳаққиқони тамоми давлатҳои дунё, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, дар назар аст.
Анҷуман аз панҷ бахш иборат буда, бахшҳои он мавзуъҳои «Таърихи забон ва масъалаҳои марбут ба он», «Забон дар замони ҷаҳонишавӣ, рақамикунонӣ ва ҳуши маснуӣ», «Масоили мубрами забоншиносӣ дар замони истиқлол», «Истиқлол, рушди ҷомеа ва забон»-ро фаро мегиранд.
Дар доираи Анҷумани сеюми забоншиносон саёҳати меҳмонон-иштирокдорон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор дар назар дошта шудааст.
Забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое, чун Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, зеро тоҷикон аз қадимулайём дар ин минтақаҳо зиндагонӣ мекарданд.
Дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони модарии аксарияти сокинони ин мамлакат буда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» қабул гардидааст. Он пешрафти босуботи ин забонро ҳамчун забони дорои мақоми давлатӣ таъмин менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






