Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд

Октябрь 8, 2026 16:25

ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи барномаи чорабиниҳои фарҳангии Бозиҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин осорхона.

Ҳадафи боздид шиносоии меҳмонон бо таъриху фарҳанг, тамаддун, санъат ва мероси пурғановати халқи тоҷик, инчунин муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ гардид.

Ба меҳмонон гуфта шуд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангиву илмии кишвар дар ҳифз, омӯзиш, муаррифӣ ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик нақши муҳим дорад.

Дар доираи боздид барои ҳайати иштирокчиёни Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сайри  осорхонавӣ ташкил карда шуд. Зимни сайри толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ меҳмонон бо таърихи чандҳазорсолаи тоҷикон ва марҳилаҳои асосии рушди ҷомеа, давлатдорӣ, фарҳанг ва санъати тоҷик шинос гардиданд.

Иштирокчиён аз толорҳои гуногуни осорхона дидан намуда, ба нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои нодири ҳунарҳои мардумӣ, осори санъати тасвирӣ ва амалӣ, инчунин дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Ба меҳмонон дар бораи тамаддуни бостонии сарзамини Тоҷикистон, аз ҷумла осори марбут ба давраҳои қадим ва асрҳои миёна маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин оид ба нақши фарҳанг ва ҳунари тоҷикон дар ташаккули тамаддуни минтақа, анъанаҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ маълумоти ҷолиб манзур  гардид.

Иштирокчиёни Бозиҳои Делфӣ инчунин бо марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон, дастовардҳои фарҳангӣ ва илмии гузаштагон ва намунаҳои мероси моддию маънавии миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Боздиди мазкур барои меҳмонони хориҷӣ имкони хуб фароҳам овард, то дар баробари иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва рақобатҳои Бозиҳои Делфӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ бештар шинос шаванд.

         АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 8, 2026 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон