КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид

Ноябрь 4, 2026 18:03

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, тарғиби арзишҳои конститутсионӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ташкил карда шуд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро фароҳам оварда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми давлатдорӣ ва самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян менамояд.

Иброз гардид, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳим ба ҳисоб рафта, барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт.

Ҳамзамон, доир ба нақши Конститутсия дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеаву давлат андешаҳо баён гардиданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо қироати шеърҳо, пешниҳоди барномаҳои адабиву бадеӣ ва саҳнаҳои тарбиявӣ мазмуну моҳияти Конститутсия, аҳаммияти қонунгузорӣ ва нақши онро дар ҳаёти ҷомеа инъикос намуданд.

АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат»

Ноябрь 4, 2026 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд