АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 ҳуҷҷати дастурӣ, барномаи мукаммали раҳнамои Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.














