Бо паланг Амур ва буз Темур Прокуратураи генералии ФР сару кор мегирад

Декабрь 28, 2015 17:15

Душанбе, 28.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Ташкилоти «Маркази ҳуқуқии ҳифзи ҳайвонот» ба прокурори генералии Русия Юрий Чайка ва раиси Кумитаи тафтишоти ФР Александр Бастрикин бо дархости ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани директори боғ-сафарии Приморск Дмитрий Мезентсев муроҷиат кард.«Ҷуфти ҷудонашаванда»: тарзи зиндагии паланг Амур ва буз Темур. Дар анъанаи ғизодиҳии паланг Амур «хӯроки нисфирӯзии зинда» муҳофизони ҳайвонот нисбат ба ҷонварҳо  муносибати бераҳмонаро диданд, хабар дод президенти марказ ба ТАСС Светлана Илинская. «Дар амалҳои ӯ ҳамаи аломатҳои хоси муносибати бераҳмона бо  ҳайвонот ҳастанд, яъне дар боби 245 Кодекси Ҷиноятии ФР пешбинӣ гардидааст. Сухан дар бораи усули ваҳшиёнаи куштор меравад. Ғайр аз ин, палангҳое, ки  дар табиат зиндагӣ намекунанд, қурбониро боз ҳам зиёдтар шиканҷа медиҳанд. Ин комилан бераҳмии бемаънист», гуфт Илинская. Оид ба ғизодиҳии ҳайвоноти зинда бори аввал маҳз дар мисоли паланг Амур ва буз Темур фаҳмидаанд. Ҳамсуҳбати мақомот тавзеҳ дод, ки хабари сомонаи боғ-сафарӣ дар бораи он, ки шарти барнома оид ба нигоҳ доштан ва афзоиш додани палангҳои амурӣ гӯё вазифадор месозад, ки  ба ҳайвонҳо ғизои зинда диҳанд, ба ҳақиқат рост намеояд. Дар боғи ҳайвоноти Маскав онҳое кор мекунанд, ки бевосита ин барномаро навиштаанд, онҳо гуфтанд, ки ҳол чунин нест ва буда ҳам наметавонад. Ягона омиле, ки барои ғизои зинда додан асос буда метавонад, танҳо он аст, ки агар онҳоро ба озодӣ сар диҳанд. Вале инҳо палангҳои одии боғи ҳайвонотанд, ман шахсан бо Мезентсев суҳбат кардам ва ӯ чанд бор гуфт, ки палангҳои вай дар барномаи ба муҳити табиӣ сар додан иштирок намекунанд», илова кард Илинская. «Маркази ҳифзи ҳуқуқӣ» ба қатъи пурраи ғизои зинда додан ба ҳайвонот ва кӯчонидани бузи Темур ба қафаси алоҳида исрор мекунад.

Декабрь 28, 2015 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи сармоягузорӣ ба соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардид
Оид ба муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе вобаста ба сармоягузорӣ ба оянда ҳамоиши ҷавонон доир гардид
Дар вилояти Суғд ҷаласаи V Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии озмоишгоҳҳо дар Тоҷикистон доир шуд
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ. Нақши Конститутсия дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ муҳим ва асосӣ аст
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ. Бо ин мақсад бо афсарону сарбозони ноҳияи Лахш вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб баҳри пешгирии офатҳои табиӣ соҳили дарёҳо мустаҳкам карда мешавад
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар шаҳри Турсунзода сарбозони аз хизмат баргаштаро бо тантана истиқбол намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази саломатии деҳоти Гулистон ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бо ҷавонони фаъол ва масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш мулоқот доир шуд