Ҷоми Иттиҳод: Дастаи ҷавонони Тоҷикистон бозиро ба Эстония бохт

Январь 20, 2016 09:37

Душанбе, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол, ки иборат аз бозингарони синнашон на калонтар аз соли 1994 мебошад, дар мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод — 2016 дар Санкт — Петербург маротибаи дуюм ноком шуд. Шогирдони Роман Пилипчук дар вохӯрии даври дуюми сабқати гурӯҳӣ бозиро бо ҳисоби 1:4 ба дастаи Эстония бохтанд. Тӯби ягонаро дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ниммуҳофизи дастаи «Истиқлол» — и пойтахт Парвизҷон Умарбоев аз масофаи 11 метр ба дарвозаи ҳариф ворид намуд.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳи мо дастаи Русия дастаи Латвияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт. Баъди ду даври мусобиқот футболбозони Эстония ва Русия, ки ҳар кадом 6 холӣ доранд, пешсафи ҷадвали гурӯҳи «В» мебошанд. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Латвия, ки 21 январ бо ҳам вомехӯранд, дар мусобиқот ҳанӯз ягон хол надоранд.
Дастаи мунтахаби Молдова дар гурӯҳи «А» яке аз аввалинҳо шуда, ба вохӯрии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод — 2016 роҳхат ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи тартиби мусобиқот ғолибони гурӯҳҳо дар вохӯрии ниҳоӣ қувваозмоӣ менамоянд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро ишғол менамоянд, барои дарёфти медалҳои биринҷӣ қувваозмоӣ мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои сеюмро ба даст меоранд, барои гирифтани ҷойи панҷум вомехӯранд.

Январь 20, 2016 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 омодагӣ мебинад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюмро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом дод
Дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Шоми имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Португалия оид ба футзал бозӣ мекунанд
ЛИГАИ ДУЮМИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. «Равшан» бозии якумро бо дастаи футболи «Моҳун Баган» доир намуд
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бозии якумашро анҷом медиҳад
Дар Минск мусобиқаи футбол ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Истиқлол» дар доираи даври аввали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро анҷом дод
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквондо баргузор гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Марокаш бозӣ мекунад
Дар Душанбе мусобиқаи футбол байни кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон оғоз ёфт