Ҷанни Инфантино-Президенти нави FIFA

Февраль 27, 2016 09:54

Душанбе, 27.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар Швейтсария дар Конгресси  FIFA Президенти нави ин иттиҳоди шуҳратманд ва қудратманд интихоб гардид. Номзадии Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа аз Баҳрайн, Президенти КФО, Жером Шампан аз Фаронса,  Малик Алӣ бин Ҳусейн аз Урдун, Токио Сексвале аз Африқо ва Ҷанни Инфантино аз Швейтсария ва Италия пешниҳод шуданд.

Токио Сексвале пеш аз оғози овоздиҳӣ номзадии худро бозхонд ва дар даври аввали раъйдиҳӣ  чор нафар иштирок карданд, ки дар натиҷа Ҷанни Инфантино 88, Шайх Салмон  85, Малик Алӣ 27 ва  Жером Шампан 7 овозӣ гирифтанд.

Дар даври дуввум Ҷанни Инфантино бо 115 овози раъйдиҳандагон  ба мансаби Президенти нави FIFA интихоб шуд.  Шайх Салмон дар ин марҳала нисбат ба даври аввал ҳамагӣ 3 овоз бештар гирифт.

Дар суханони пешазинтихобии худ  Ҷанни Инфантино ваъда дод, ки ҳайати иштирокдорони Чемпионати ҷаҳонро бештар мекунад, бозиҳои ниҳоиро дар якчанд кишвар барпо менамояд, технологияи муосирро дар футбол ҷорӣ менамояд ва ба 209 аъзои федератсия ба маблағи 5 миллион доллар барои рушди футбол кумак мерасонад.

Баъди интихоб шуданаш ӯ афзуд: “Аз имрӯз таърихи нави FIFA оғоз шуд, иттиҳоде, ки онро эҳтиром мекунанд ва он ифтихори мост. Ваъда медиҳам, ки барои ривоҷи тамоми федератсияҳои аъзои он меҳнат мекунам. Давраи  нави футбол  дар ҷаҳон фаро расид”

Маълумотнома:

инфантиноҶанни Инфантино (Gianni Infantino) 23 марти соли 1970 дар Бриге (кантон Вале, Швейтсария) таваллуд шудааст.

Факултаи ҳуқуқи донишгоҳи Фрибургро хатм карда, ҳамчун мушовир дар ниҳодҳои футболи Италия, Испания ва Швейтсария фаъолият кардааст. Котиби Генералии маркази байналмилалии тадқиқот дар соҳаи варзиш.

Аз моҳи августи соли 2000 -ум ба Иттиҳоди футболи Аврупо дар масъалаи ҳуқуқ ва тиҷорат кумак кардааст. Аз соли 2007 муовини котиби генералии Иттиҳоди футболи Аврупо.

Аз 1 октябри соли 2009 –Котиби генералии УЭФА

26 феврали соли 2016 бо 115 овоз — Президенти нави  FIFA интихоб шуд.

Февраль 27, 2016 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 омодагӣ мебинад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюмро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом дод
Дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Шоми имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Португалия оид ба футзал бозӣ мекунанд
ЛИГАИ ДУЮМИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. «Равшан» бозии якумро бо дастаи футболи «Моҳун Баган» доир намуд
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бозии якумашро анҷом медиҳад
Дар Минск мусобиқаи футбол ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Истиқлол» дар доираи даври аввали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро анҷом дод
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквондо баргузор гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Марокаш бозӣ мекунад
Дар Душанбе мусобиқаи футбол байни кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон оғоз ёфт