Дар остонаи ҷашни Наврӯз боз як сомона аз сӯи ИИТ фаъол мегардад
Душанбе, 17.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар остонаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз сомонаи интернетии соҳавии www.obinushoki.tj- ро фаъол гардонад.
Илҳом Абидов- раиси иҷроияи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадафи роҳандозии сомонаи мазкур ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ буда, дар сомона меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, масъалаҳои марбут ба таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт, дастрасии мардум ба оби ошомиданӣ ҷой дода мешаванд. Сомона тибқи яке аз барномаҳои Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар бахши оби нӯшокӣ таъсис дода мешавад, ки он аз сӯи Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ меёбад.
Сомона дар шакли интерактивӣ фаъол гардида, истеъмолкунандагон имкон доранд аз тариқи онлайн савол ва пешниҳодоти худро дар масъалаи оби нӯшокӣ, мушкилоти вобаста ба таъминоти об ба мутахассисони Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ироа намуда, посухҳои мушаххас гиранд. Илҳом Абидов афзуд, ки роҳандозӣ гардидани сомонаи мазкур ба баланд бардоштани маърифати истеъмолкунандагон дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ буда, соли 2002 ба фаъолият шурӯъ карда, ҳадафаш ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад.
Алҳол Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон бо сохторҳои давлатӣ, назири Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, «Тоҷикстандарт», Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамкории густурда дорад. Ҳамзамон намояндагии Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанду Қурғонтеппа фаъол буда, дафтари марказиаш дар Душанбе воқеъ аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






