Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Абу Забӣ

Март 17, 2016 17:40

17.03.2016. Аморати Муттаҳидаи Араб

Ҳозирини мӯҳтарам,

Хонумон ва ҷанобон,

Бо камоли мамнуният ҳамаи шумоёнро дар ин қитъаи хурди Тоҷикистон дар сарзамини кишвари ба мо дӯсти Амороти Муттаҳидаи Араб хайра мақдам мегӯям.

Имрӯз мо шоҳиди рӯйдоди хотирнишин – ифтитоҳи дарҳои бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб, ки Тоҷикистон онро аз ҷумлаи шарики муҳим ва боэътимоди худ дар олами араб медонад, мебошем.

Рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи судманд бо ин кишвари барои мо дӯст яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон аст.

Кишварҳои мо дар шароити барои Тоҷикистон нави соҳибистиқлолӣ муносибатҳои дипломатиашонро барқарор намуда, барои ҳамкориҳои васеи байнидавлатиашон заминаи мусоид гузоштанд.

Назаре ба таърихи 20 солаи муносибатҳои дипломатии ду кишвар нишон медиҳад, ки ҳарду давлат аз ибтидо ба якдигар аз нигоҳи некбинона мавқеъ гирифта, барои ташаккули ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳашон як қатор иқдомҳоро амалӣ намудаанд.

Бар асари саъйу талошҳои муштарак ҳамёрии кишварҳои мо имрӯз дар мизони ҳамкории гуногунҷанба қарор гирифта, ҷараёни пешрафти бемайлонро касб кардааст.

Ин амр пеш аз ҳама шаҳодати манфиатдории ҷонибҳо ба густаришу таҳкими муносибатҳои дар воқеъ ҳам дӯстонаву ҳамкории судманди дарозмуддат мебошад.

Пешбурди самарабахши онҳо дар бисёр маврид аз фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ вобаста аст.

Сафорат ва дипломатҳо давлаташонро дар кишвари будубош муаррифӣ намуда, бо фаъолияти ҳадафмандашон барои таҳкиму тавсеаи равобити ҳасана ва ҳамкориҳои судманди онҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Аз ин лиҳоз нақши кормандони риштаи дипломатӣ дар татбиқи амалии ҳамаи самтҳои сиёсати хориҷии кишвар ва дар раванди ба роҳ мондану тавсеаи муносибатҳои дӯстии давлати худ бо кишвари иқомат ҳалкунанда аст.

Дар ин замина басо ҳам муҳим аст, ки ҳайати дипломатӣ барои пешбурди фаъолияти масъулиятнокаш шароити мусоиди корӣ дошта бошад.

Ба ин манзур, ифтитоҳи ин бинои тибқи талаботи замон муҷаҳҳазонидашудаи Сафорати Тоҷикистонро рӯйдоди хотирмон дар таърихи муосири дмпломатияи тоҷик гуфтан мумкин аст.

Бовар дорам, ки Сафорати мо дар Абу Забӣ ҷиҳати иҷрои нияту нақшаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан муфиди байни ду кишвари дӯст дар минбаъда ҳам заҳматҳои пайгиронаашонро дареғ нахоҳад дошт.

Изҳори умедворӣ менамоям, ки намояндагии дипломатии давлати мо ба ҳайси унсури калидии ҳампайвандии мардумони ду кишвар дар ин кор саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.

Дар ҳоле, ки ҳамкории кишварҳои мо марҳила ба марҳила рушду нумӯъ ёфта, имрӯз сатҳи сифатан навро касб кардааст, ин амр аҳамияти хоса дорад.

Ба кормандони Сафорат ғайрати дучанд, фаъолияти ҳадафмандона, дар кору амалашон дастовардҳо ва ба ҳамаи ҳозирин сиҳатмандиву дигар хушиҳои зиндагиро орзумандам.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам изҳори сипоси амиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарияти ширкатҳои сохтмончӣ ва пудрадчии асосии Сафорат иброз намоям.

Ҳамчунини, ғайрату заҳмати кордору кормандони Сафорат, устоҳои гаҷкор ва ҳамаи дигар шаҳрвандоне, ки саҳми арзандаи худро дар сохтмон ва муҷаҳҳазонидани ин бинои зебои дорои санъати хосаи меъморӣ гузоштаанд, қобили таҳсин аст.

Саломату сарбаланд бошед.

Март 17, 2016 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид