Ҳадаф саломатӣ, саёҳат ва ватандўстиву худшиносӣ

Апрель 29, 2016 11:52

Душанбе, 29.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 майи соли равон  ҳамоиши ҷумҳуриявии саёҳати пиёдагардӣ, махсусан дар шаҳри Душанбе аз Боғи Ғалаба то деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб баргузор мешавад, ки дар он шумораи зиёди донишҷӯёну ҷавонони касбу кори гуногун фаро гирифта мешаванд.
Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, мақсад аз баргузории ҳамоиш тарғибу ташвиқи мероси бойи таърихию фарҳангӣ, захираҳои табиию туризми рекреатсионӣ (саёҳат барои истироҳат), мавзеъҳои туристии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди ҷавонон, тарғиби  инсондӯстӣ, якдилӣ, якмаромӣ, баробариву бародарӣ, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ба ин васила тараққӣ додани туризми дохилӣ дар кишвар мебошад.

Апрель 29, 2016 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад