Ҷавондухтарони Хуҷанд- соҳиби «Ҷоми Умед»

Апрель 29, 2016 08:21

Душанбе, 29.04.2016. /АМИТ «Ховар»/.  28 апрел дар варзишгоҳи ДДҲБСТ шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба футбол байни бонувон барои дарёфти «Ҷоми Умед» ба анҷом расид.
Дар мусобиқа, ки 5 рӯз идома ёфт, 7 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят- Хуҷанд, Гулистон, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод  ва ДДҲБСТ иштирок намуда, байни ҳам дар як давр бозӣ намуданд.
Дастаи Хуҷанд бо 18 имтиёз ғолиби ин мусобиқа гардид. Футболбоздухтарони ҷавони МТМУ № 13-и ноҳияи Б. Ғафуров бо 15 имтиёз зинаи дуюмро ишғол намуданд ва дастаи Мастчоҳ бо 12 имтиёз зинаи сеюмро касб кард.
Инчунин беҳтаринҳо муайян гашта, соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини раиси ФФС Рустам Марофиев ва сармураббии бонувони кишвар  Сулаймон Бобокалонов ба ғолибон Ҷом ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.

Апрель 29, 2016 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд