“Истиқлол” ба дарвозаи “Парвоз” 4 голи беҷавоб зад

Апрель 8, 2016 09:48

Душанбе, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин голи мавсими футболи соли 2016-ро ҳамлагар не, балки муҳофизатгари “Истиқлол”-и Душанбе Сиёвуш Асроров бо зарбаи сар ба нишон расонд. Ин ҳолат дар дақиқаи 29-уми қисми аввал ба амал омад.
Дар бозии ифтитоҳии даври аввали Чемпионати Тоҷикистон чемпиони чоркаратаи мамлакат “Истиқлол” ба дарвозаи рақиби худ- “Парвоз” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 4 голи беҷавоб зад.
Фатҳулло Фатҳуллоев, ки дар нимаи аввал ба ҷои ҳамлагари латбардоштаи соҳибони майдон Александр Каблаш ба майдон омад, бо ду голи задааш дар протоколи бозӣ сабти ном кард. Боз як тӯби дигари “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов ба дарвоза зад.
Бозиҳои дигари даври аввал 9-10 апрел баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе “Регар-ТадАЗ” бо КМВА “Помир”, “Хуҷанд” бо “Вахш” ва рӯзи якшанбе “Хайр” бо “Равшан” ва “Ҳосилот” бо “Барқчӣ” рақобат мекунанд.

Апрель 8, 2016 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Шервонӣ Мабатшоев фаъолияти варзиширо дар бошгоҳи «Капаз»-и Озарбойҷон идома медиҳад
Ҳайати доварони Тоҷикистон бозии Лигаи чемпионҳои элитаи Осиё-2024/25-ро ҳакамӣ мекунад
Мавқеи паҳлавонони тоҷик дар рӯйхати ҷаҳонии гӯштини ҷудо муайян гардид
ФУТБОЛ. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои бозиҳои санҷишӣ муайян шуданд
Футболбози тоҷик Амадонӣ Камолов бозигари дастаи «Гул Гуҳар»-и Эрон шуд
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои машқҳои дастҷамъӣ ба Туркия рафт
Ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон фаъолияташро дар дастаи дигари Суперлигаи Узбекистон давом медиҳад
«ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА-2025». Дар Душанбе мусобиқа ба поси хотири Фарҳод Ҷабборов ба охир расид
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад