«СASA-1000» пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ

Апрель 8, 2016 08:34

Душанбе, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи  «СASA-1000» яке аз лоиҳаҳои  бузургтарин ва муштараки  Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон ба шумор меравад. Лоиҳа барои кишварҳои ширкаткунанда як қатор  манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ хоҳад овард.  Ин Лоиҳа норасоии неруи барқро коҳиш дода,  дар  корҳои тиҷоратии кишварҳои шарик манфиат меоварад ва ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд хоҳад овард.

Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, 12 май  дар Тоҷикистон маросими расмии татбиқи ин лоиҳаи бузург баргузор хоҳад гашт. Вобаста ба ин суҳбате доштем бо муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода.

«Ховар»: Мегуфтед, ки бунёди ин хатти баландшиддати барқӣ ба Тоҷикистон ва умуман шарикони ин лоиҳа чӣ манфиат меоварад?

Ҷ. Шоимзода: Воқеан ҳам «СASA-1000» якумин лоиҳаи минтақавӣ ба ҳисоб меравад.   Маънои ин лоиҳа  пайваст намудани Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Барои Тоҷикистон  ва Қирғизистон ин имконияти воқеӣ барои содироти неруи барқи изофагӣ дар  фасли тобистон ва дастрас намудани даромади воқеӣ аз чунин содирот  мебошад. Барои  Ҷумҳуриҳои Исломии  Покистон ва Афғонистон бошад,  ин қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёташон  бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб меёбад.

Боигарии асосии кишвари мо захираҳои табиӣ буда, маҳз истифодаи самараноки он имкон медиҳад,  ки талаботи дохилиро қонеъ намуда,  содирот низ карда тавонем.   Содироти неруи барқ даромади воқеӣ меорад. Агар 10 соли охирро муқоиса намоем, тамоюл нишон медиҳад,  ки рӯз то рӯз таъмини аҳолӣ бо барқ дар фасли зимистон беҳтар гардидааст.

«Ховар»: Инҷо дар мавриди таъмини аҳолӣ бо барқро таъкид намудед. Тавре ки медонем, Тоҷикистон аҳолии кишварро дар мавсими зимистон пурра бо неруи барқ таъмин карда наметавонад. Дар баробари амалӣ гаштани ин лоиҳа таъминоти аҳолӣ бо барқ  дар фасли сармо чӣ гуна мешавад?  

Ҷ. Шоимзода: Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 5-6 %-и иқтидори гидроэнергетикии худро аз худ кардааст. Мақсад аз татбиқи чунин лоиҳаҳои минтақавӣ-содир намудани неруи барқ дар фасли тобистон ва аз ҳисоби даромадҳое, ки аз он ба даст меояд,  талаботи дохилиро   бо неруи  барқ қонеъ намудан аст.  Яъне мақсади асосӣ иқтидорҳои нави гидроэнергетикиро бунёд намуда,  бо ин иқтидорҳо ба ҳадафи асосӣ — истиқлолияти энергетикии кишвар расидан аст.

«Ховар»: Имрӯз Тоҷикистон  дар фасли тобистон чанд кВ/соат барқ истеҳсол мекунад ва чанд кВ/соати онро ба хориҷа содир хоҳанд кард?

Ҷ. Шоимзода: Истеҳсоли  энергияи барқ дар тобистон бениҳоят зиёд аст. Вобаста ба маҷрои дарёи Вахш аз 3млрд кВ/соат то 8 млрд кВ/соат арзёбӣ карда мешавад. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи мазкур мо тақрибан 3 млрд кВ/с неруи барқро метавонем ба дигар кишварҳо содир намоем.  Солҳои наздик бо назардошти бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ, аз ҷумла Марказҳои барқу гармидиҳӣ иқтидори энергетикии кишвар бештар хоҳад гашт. Ин имкон медиҳад, ки иқтидорҳои мо то 30-40 % зиёд гардад. Бо назардошти истифодаи самараноки нерӯи барқ, инчунин татбиқи як қадор иқдомҳо оид ба сарфаҷӯии неруи барқ имконияти содиротии кишвар то 10 млрд. кВ/с афзоиш хоҳад ёфт.

«Ховар»: Татбиқи Лоиҳаи «СASA-1000» ҳоло дар кадом марҳила қарор дорад ва кадом ташкилотҳо барои маблағгузории қисми тоҷикистонӣ омодагиашонро иброз намудаанд?

Ҷ. Шоимзода: Дар ин лоиҳа чор  кишвар ҷалб гардида, дар он Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон  ва Қирғизистон ҳамчун фурушандагон муайян шуда, Ҷумҳуриҳои Исломии Покистон ва Афғонистон ҳамчун харидорон иштирок мекунанд. Асосноккунии техникӣ-иқтисодии  лоиҳа ҳанӯз соли 2009 анҷом дода шуда, соли 2011 аз нуқтаи назари тиҷоратӣ тасдиқ гардида буд. Яъне аз нуқтаи назари иқтисодӣ лоиҳа фоидаовар мебошад.  Ҳамаи  шарикони лоиҳа  то имрӯз тамоми корҳои омодагиро ба сомон расонида, созишномаҳои асосии лоиҳа байни 4 кишвар таҳия, мувофиқа ва пурра ба имзо карда шуданд.  Барои маблағгузории  ин лоиҳа Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир,  Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва дигар ширкатҳо омодагии хешро изҳор намудаанд.   Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз нуқтаи назари молиявӣ барои татбиқи лоиҳа пурра омода мебошад.

«Ховар»: Лоиҳаи «СASA-1000» кай мавриди истифода қарор дода мешавад?

Ҷ. Шоимзода: Тибқи нақшаи пешакӣ мо ният дорем, ки соли 2018 таҳвили нерӯи барқро оғоз намоем.  Бояд зикр намуд, ки лоиҳа аз нуқтаи назари техникӣ лоиҳаи мушкил буда, чунин таҷриба то ҳол дар минтақа набуд. Лекин дар баробари ин ҳадафи асосии интихоби чунин сохтори техникӣ устувор кардани ҳолати минбаъда мебошад. Лоиҳа танҳо иқтидорҳои мавҷуддаро дарбар мегирад.  Яъне дар  айни замон мо бо дарназардошти иқтидорҳои мавҷудаи худ метавонем ӯҳдадориҳоро назди харидорон таъмин намоем.  Бо зиёд гардидани иқтидорҳои энергетикии кишвар ӯҳдадориҳои мо низ назди харидорон зиёд мешаванд ва ҳаҷми нерӯи содиршаванда низ метавонад афзоиш ёбад.

«Ховар»: Ташаккур барои маълумоти муфассал.

 Лайло Қосимова  

Апрель 8, 2016 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд