28 май- иди марзбонони тоҷик

Май 28, 2016 11:46

Душанбе, 28. 05.2016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз,  28 май аз таъсиси кӯшунҳои  сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии /КДАМ/ Ҷумҳурии  Тоҷикистон  22 сол сипарӣ гардид. Барои дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил намудани ин санаи таърихӣ дар «Боғи Ирам»-и пойтахт бо ибтикори  Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ чорабинии бошукӯҳи идона ташкил карда шудааст, ки дар он дар радифи иштироки ҳайати шахсӣ ва сарбозону афсарони Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунун кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, роҳбарону намояндагони дигар мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба табрики марзбонон омадаанд.
Назар ба иттилои сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ- и кишвар  Муҳаммад Улуғхоҷаев,  ба ифтихори 22-юмин солгарди таъсиси қӯшунҳои  сарҳадӣ дар «Боғи Ирам» деҳкадаи наздисарҳадӣ ташкил карда шудааст, ки дар он тавассути барномаю намоишномаҳои ҷолиби ҳарбӣ — фарҳангӣ  ҳаёти марзбонон, ҷасорату мардонагӣ ва содиқ будани онҳо дар ҳифзи марзу буми кишвар таҷассум ёфтааст. Инчунин аз ҷониби овозхонҳо ва мусиқачиёни гурӯҳи тарона ва рақси «Марзбон»-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ  барномаи идонаи консертӣ намоиш дода шуд, ки он  ба иди марзбонон шукӯҳи тоза зам намуд.
Бояд тазаккур дод, ки нақши ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадии КДАМ- и кишвар дар тақвияти пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тамомияти арзии кишвар аз ҳар гуна неруҳои бадхоҳ хеле бузург буда, ин ниҳоди қудратии кишвар дар зарфи 22-соли фаъолияти худ дар таъмини амнияту субот, оромӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатии  кишвар, ки соли равон аз 25-умин солгарди он истиқбол гирифта мешавад, беназир аст.
Таъсиси қӯшунҳои сарҳадии кишвар дар таърихи 28 майи соли  1994 неъмати бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, имрӯз марзбонони тоҷик дар ҳифзи беш аз 4 ҳазор км хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон синаи худро сипар намуда, чун  гавҳараки чашм онро муҳофизат менамоянд.

Май 28, 2016 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд