Меъёрҳои муайянкунандаи оила ва хонаи намунавӣ кадом аст?

Май 6, 2016 16:22

Душанбе, 06.05.2016 /АМИТ  «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муайян кардани оилаи намунавӣ, хонаи намунавӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатии беҳтарин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ эълон гардида, марҳалаи нахустини он имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.

Тавре аз муҳтавои Амри Президенти мамлакат бармеояд, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҳар як сокини кишвар метавонад озодона иштирок карда, оила ва хонаи худро дар озмун муаррифӣ намояд. Зиёда аз ин, ҳар як шаҳрванди мамлакат имкон дорад, ки дар ғолибияти маҳаллаи худ, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилояте, ки дар он зиндагӣ мекунад, бевосита саҳм гузошта бошад. Ба ибораи дигар Мусобиқаи ҷумҳуриявии мазкур ҳар як фарди ҷомеаро аз муҳити оила то ба сатҳи вилояту мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаро гирифта, ҳадаф аз баргузории Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон, гиромидошт, тарғибу оммавӣ гардонидани арзишҳо ва суннатҳои беҳтарини миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат, ободонӣ ва бунёдкорӣ арзёбӣ шудааст.

Тавре ки ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, меъёрҳои муайянкунандаи оилаи намунавӣ нишондиҳандаҳои зерин муқаррар шудаанд:

— Тарбияи намунавии аҳли хонавода

— Хониши хубу аълои фарзандон

— Маълумотнокӣ ва шуғли хонавода

— Иштироки фаъоли аҳли хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ

— Мавқеи оила дар маҳал

— Сатҳи дониш ва малака оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, фарогирии кӯдакон бо эмгузаронӣ ва солимии репродуктивӣ

— Эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти миллӣ (донистани забони давлатӣ, суруди миллӣ)

— Мавҷуд будани китобхонаи шахсӣ

— Шароит барои дарстайёркунии фарзандон

— Изҳори эҳтиром ба насли калонсол (таъмини арзандаи пиронсолони хонавода)

— Донишҳои аввалия оид ба банақшагирии буҷети оилавӣ.

Дар баробари муайян кардани оилаи намунавӣ ҳамчунин озмун барои муайян кардани хонаи намунавӣ низ дар доираи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Меъёрҳои муайянкунандаи хонаи намунавӣ чунин муқаррар шудаанд:

            — Симои меъмории ҳавлӣ ва хона
            — Тозагӣ ва ободонӣ
            — Истифодабарии замини наздиҳавлигӣ
            — Ҳолати сабзазоркунӣ ва ниҳолшинонӣ
            — Ҳолати тозагию  беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ (дастрасӣ ба оби

ошомиданӣ ва истифодаи сарфакоронаи он, мавҷуд будан ва

ҳолати ҳоҷатхона, ҳаммом, партовҷойҳо)

             — Пардохти саривақтии маблағҳо барои хизматрасониҳои

коммуналӣ (барқ, обу корезӣ, партов) ва андоз барои амвол.

 

Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи якум аз тамоми  хона ва оила, деҳа ё маҳалла, дар шаҳрак ва деҳот беҳтарини онҳо муайян шуда, ба марҳилаи дуюм (шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) роҳ меёбанд.

Хотиррасон бояд шуд, ки ба ғолибони ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат мукофотҳо тақдим карда мешаванд.

АМИТ «Ховар» аз натиҷаҳои марҳалаи якуми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мунтазам хабару гузоришҳо омода намуда, шартҳо ва меъёрҳои муайянкунандаи деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилояти беҳтаринро ба таври алоҳида нашр мекунад.

Май 6, 2016 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаҳои олии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои ИДМ дарсҳои озод доир шуданд
Дар шаҳри Душанбе вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак таҳлил гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд
Чаро дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод заминҳои хоҷагии ёрирасон самаранок истифода намешаванд?
Дар Душанбе ҷаласаи вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҚАБАТИ ОЗОН. Нақши Тоҷикистон дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ назаррас аст
Бо татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид
Ноҳияҳои минтақаи Рашт дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ пешсаф мебошанд
ХАТИ ЗЕБО НИШОНАИ ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ. Имрӯз дар бисёре аз муассисаҳои таълимӣ ба ин масъала чандон эътибори ҷиддӣ намедиҳанд
Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориҳои зоонозӣ кадом тадбирҳо андешида мешаванд?
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад