Оғози ҷамъоварии пахта дар Хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Беков

Август 26, 2016 11:02

Душанбе, 26.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Беков ба маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.

Тавре маълум  гардид, хоҷагии Ниёзмуҳаммад Беков аз калонтарин хоҷагиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шумор рафта, бисёрсоҳа мебошад. Аҳли меҳнат ба пахтакорӣ, шолипарварӣ, зотпарварӣ, тухмипарварӣ, зироаткорӣ, сабзавоткорӣ, аз ҷумла кишти полезӣ, лаблабу, карам, қаланфур ва кишти маккаи дон машғуланд. Заминҳои хоҷагӣ 1 ҳазору 574 гектарро ташкил дода, дар майдони 1 ҳазору 21 гектар навъҳои беҳтарини пахтаи “Хатлон-2014” ва “Тоҷикистон” парвариш карда мешавад. Дар хоҷагии мазкур 2010 саҳмдор фаъолият дорад.

Сармоягузори хоҷагии Ниёзмуҳаммад Беков Ширкати Исмоили Сомонӣ мебошад ва

ҳосили пахтаи хоҷагӣ тибқи шартнома дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Сироҷиддин Исоев коркард мешавад.

Аҳли меҳнати хоҷагӣ нақша доранд, имсол беш аз 2 ҳазору 600 тонна ҳосил ба даст оранд, ки ба ҳар як гектар 25 сентнерӣ рост меояд.

Зимни суҳбат бо меҳнаткашон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуданд.

Август 26, 2016 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд