Мусобиқаи идона ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар Новокузнетск

Сентябрь 9, 2016 11:27

Душанбе, 09.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск бо номи «Дӯстии миллати тоҷику рус»  бо ташаббуси Ҷамъияти тоҷикон   мусобиқаи варзишӣ оид ба  волейбол байни ҷамъиятҳои минтақавии дигар миллатҳо ва ҷамъиятҳои динии ин сарзамин баргузор шуд. Дар мусобиқа,  ки ба хотири дарёфти «Ҷоми дӯстӣ»  сурат гирифт, Ҷамъияти қирғизҳои Қирғизистон, Ҷамъияти провославҳои Русия, ҷамъияти мусулмонони шаҳри Новокузнетск ва ҷамъияти тоҷикон бо номи  «Дӯстии миллати тоҷику рус»  иштирок намуданд.
Дастаи «Дӯстии миллати тоҷику рус» ғолиби ҷои аввал гардид.  Раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск  Шавқат Тоҳиров зимни суханронӣ  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳама тоҷикону тоҷикистониён пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик  дар таърихи навини кишвар  арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки: «Мо фарзандони бурунмарзии Тоҷикистони азиз,   баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватан кӯшиш мекунем. Талоши мо ин аст, ки   муаррификунандаи фарҳанги миллати куҳанбунёди  тоҷикон бошем».

Сентябрь 9, 2016 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон дар Ёвон 9 варзишгари ноҳия сазовори ҷойи намунавӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад