30 октябр-Рӯзи ба муомилот баровардани пули сомонӣ. Пешвои миллат: «Пули миллӣ-сомонӣ ба болоравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва раҳоии кишвар аз буҳрони иқтисодӣ мусоидат намуд»

Октябрь 30, 2016 08:24

asor-2«Дар нимаи дуюми соли 2000-ум рӯйдоди хеле муҳим, ки дар даврони истиқлолият ба вуқӯъ   пайваст, ба муомилот баровардани яке аз нишонаҳои давлати соҳибистиқлол — пули миллӣ, яъне сомонӣ буд, ки он ба болоравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони иқтисодӣ, инчунин беҳдошти ҳолати молиявӣ, муътадил гардидани буҷети давлатӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуд».

Эмомалӣ Раҳмон

Душанбе, 30.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии кишвар – «сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, ба муомилот бароварда шуд.

Дар пулҳои коғазии нав расми арбобони бузурги гузашта ва муосири халқи тоҷик, ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудааст. Унсурҳои ҳимоявии пули «сомонӣ» тамоми воситаҳои пешрафтаи маъмулро дар бар гирифтаанд.

SONY DSC

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ — сомонӣ дар қатори Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти миллӣ ва нишонаҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, эҳтиром гузоштан ба он эҳтироми миллату давлат ва вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Аз касе пӯшида нест, ки пули миллӣ яке аз рукнҳои асосии истиқлолият ва дар айни замон, яке аз нишонаҳои муҳимтарини мустақилияти давлат мебошад. Бисёр рамзист, ки пули миллии мо дар остонаи асри XXI, яъне арафаи ивазшавии ду ҳазорсола ва баъди 1100 соли давлатдории миллии гузаштагонамон — Сомониён ба гардиш оғоз кард. Номи воҳиди пулиро СОМОНӢ гузоштан бесабаб нест, зеро сиёсати пулию молиявӣ ҳанӯз дар давраи Сомониён як пояи бисёр мустаҳкам ва мустақили давлату давлатдории миллӣ буд. Сиккаҳои тилло ва нуқра бо номҳои динору дирами исмоилӣ на фақат дар саросари қаламрави давлати Сомониён гардиши озод доштанд, балки дар Ҳинду Эрон, Чину Қошғару Рум ва сарзаминҳои Араб шӯҳрат ва қурби баландеро доро буданд.

Ҳадафҳои асосии ҷорӣ намудани низоми нави пулӣ, пеш аз ҳама, густариши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани сифат ва қобилияти рақобати маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, таҳкими иқтидори содироти мамлакат ва то андозаи имкон таъмин намудани зиндагии осудаи мардум аст.

Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба ислоҳоти пулӣ гузаронидааст:

Ислоҳоти пулии якум

asor-3Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 10 майи соли 1995 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ — рубли тоҷикии барориши соли 1994 бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот бароварда шуда, дар низоми бонкии мамлакат марҳилаи сифатан нав шурӯъ гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ин ислоҳоти пулӣ дорои нишонаи муҳими давлатдорӣ – пули миллӣ гашта, ниҳоят низоми ягона ва мустақили пулиро ташкил намуд.

Маҳз дар ҳамин давраи инкишоф зарурати қабул намудани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бояд мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро ба сифати бонки танзимгар равшан ифода намуда, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолияти онро ба роҳ монад, ба миён омад.

Иқдоми мазкур дар якҷоягӣ бо дигар чорабиниҳои иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла қабули «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар», таҷдиди низоми бонкӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сирри бонкӣ ва ҳифзи пасандозҳо имкон доданд, ки иқтисодиёти кишвар давраи коҳишёбӣ ва пастравиро паси сар намояд ва барои дар соли 2000-ум ворид намудани пули нави миллӣ – «сомонӣ» заминаи зарурӣ фароҳам орад.

Ислоҳоти пулии дуюм

asorБо назардошти муътадил гардидани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурати гузаронидани ислоҳоти дуюми пулӣ ва ба муомилот баровардани пули дорои унсурҳои ҳимоявии муосир, ки мебоист ҳамзамон мероси таърихию фарҳангии тоҷиконро таҷассум намояд, ба миён омад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат Гурӯҳи корӣ барои ба муомилот баровардани пули миллӣ ташкил дода шуд, ки ба он худи Сарвари давлат роҳбарӣ мекард. Бо мақсади сари вақт чоп намудани пулҳои миллӣ соли 1999 Бонки миллии Тоҷикистон барои чоп намудани пули миллӣ бо корхонаи «Giesecke & Devrient GmBx» (Олмон) шартнома ба имзо расонд.

Дар таърихи 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар-«сомонӣ», ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба имзо расид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ва бо мақсади такмили сохтори низоми пулии кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2001, аз таърихи 3 сентябри ҳамон сол тангаҳои филизӣ бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд.

Аз таърихи 10 сентябри соли 2010 Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ташкили самараноки муомилоти молию пулӣ ва кам кардани хороҷоти чоп, ҳамлу нақл ва коркарди он, инчунин пешгирии истифодаи васеи асъори хориҷӣ дар муомилоти пулии кишвар пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомониро ба муомилот баровард.

Ислоҳоти мазкур идомаи мантиқии давраи ташаккули шабакаи бонкӣ, такмили сиёсати пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии пулӣ буда, дар китоби рушду такомул ва вусъату инкишофи ҳаматарафаи бахши молиявии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун саҳифаи муҳими таърихӣ дарҷ гардидааст.

Аз таърихи пули миллии Тоҷикистон

asor-6 Таърихи пайдоиши муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз давраҳои қадим ибтидо мегирад. Тангаҳои қадимтарине, ки дар қаламрави Тоҷикистон пайдо гардидаанд, дорикҳои тиллоии ҳахоманишиянд (асрҳои VI — V то милод), ки аз бозёфти машҳури «Хазинаи Амударё», ки ҳанӯз соли 1878 дар ноҳияи Қубодиён кашф гардида буд, ба даст омадаанд.

Сарзаминҳои Суғд ва Бохтари қадим, ки ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҷузъе аз қаламрави онҳост, қисмати муҳими империяи Ҳахоманиширо ташкил намуда, дар меҳвари савдои қадими байналхалқии Шарқу Ғарб қарор гирифта буданд.

Муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон минбаъд дар аҳди Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён (асри IV — миёнаи асри III то милод) рушд пайдо кард. Зикри ин матлаб муҳим аст, ки дар давраи ҳукмронии Антиохи I (ибтидои асри III то милод) дар Бохтар сиккахона амал мекард, ки дар он тангаҳои калони нуқрагӣ (тетрадрахма) бо ному тасвири шоҳ сикка зада мешуд. Шукуфоии бештари муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба давраи мавҷудияти давлати Юнонӣ — Бохтарӣ (асрҳои III — II то милод) тааллуқ дорад.

Дар аҳди Кӯшониён рушди муомилоти пулӣ идома ёфт ва хусусиятҳои нави маҳаллӣ пайдо кард. Тангаҳо дар он айём аз тилло, нуқра ва мис сикка зада мешуданд. Дар қаламрави Тоҷикистони қадим бештар аз 20 хазинаи тангаҳои кӯшонӣ бозёфт гардидааст.

Дар тангаҳои кӯшонӣ тасвирҳое, ки бо дини зардуштӣ робита доштанд, бартарӣ пайдо намуда буданд. Дар айни замон шоҳони кӯшонӣ сиёсати муътадили ҳамоии мазҳабиро амалӣ намуда, дар тангаҳои худ тасвири худои ҳиндувон Шива ва ҳамчунин Буддоро ҷой дода буданд. Онҳо халқу фарҳангҳои мухталифро муттаҳид намуда буданд, ки дар шароити ҳамзистии осоишта инкишоф меёфтанд.

Дар асрҳои миёна муомилоти пулӣ дар давраи нахустин давлати мутамаркази тоҷикон — Сомониён дар асрҳои IХ — Х то ба авҷи аълои тараққиёти худ расид. Дар ин замон дар бештар аз 30 шаҳри Мовароуннаҳру Хуросон сиккахонаҳо амал мекарданд. Дирҳамҳои Сомонӣ на танҳо дар ҳудуди ин давлат, балки фаротар аз қаламрави он дар муомилот қарор доштанд.

Рушди минбаъдаи муомилоти пулӣ дар Осиёи Миёна ба давраи Темуриён (асри ХV) рост меояд. Хазинаҳои бузурги тангаҳои мисини Темуриён дар Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор, Регар ва маҳалҳои дигар бозёфт гардидаанд.

Сикказании танга дар қаламрави Осиёи Миёна то соли 1920 идома ёфт. Барориши нахустин пулҳои коғазӣ дар қаламрави Осиёи Миёна, ки мисли сиккаҳои нуқра «танга» ном доштанд, ба солҳои охири ҳукмронии амири охирини Бухоро Саид Олимхон рост меояд. Пулҳои коғазӣ бо арзиши 20, 50 100, 300, 500, 1 000, 2 000, 5 000, 10 000 танга ба муомилот бароварда шуда буданд.

asor-5Моҳи сентябри соли 1920 дар қаламрави аморати Бухоро Ҷумҳурии Халқии Шӯроии Бухоро ташкил гардид, ки барориши ҳамон пулҳои коғазии амириро танҳо бо фарқиятҳои ҷузъӣ идома дод, аз ҷумла дар доираи болоӣ навиштаи «Ҳукми ҳумоюни олӣ содир шуд» ба нишонаи шӯравӣ -тасвири дос ва бастаи гандум иваз гардид ва ному вазифаи мансабдорон дигар карда шуданд. Тамоми матни ин пулҳо ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.

Дар қаламрави Тоҷикистони кунунӣ то соли 1925 ягон муассисаи бонкӣ мавҷуд набуд. Зарурати ифтитоҳи муассисаи мустақили бонкӣ бо ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1924) ба миён омад.

Моҳи майи соли 1925 таъсиси воҳиди ҷумҳуриявии душанбегӣ, баъдтар тоҷикистонии Бонки давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ эълон гардид.

Ташкили низоми муосири бонкӣ танҳо баъди истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ва ташкили Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид. Бо вуҷуди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 истиқлолият ба даст овард, то охири соли 1993 дар ҳудуди ҷумҳурӣ пули давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдтар аз 1 январи соли 1994 — пули нақди Федератсияи Русия гардиш мекард.

Тоҷикистон дар байни давлатҳои нави мустақил ягона кишваре боқӣ монда буд, ки дар қаламрави он то соли 1995 рубли Федератсияи Русия дар муомилот истифода мешуд. Ин вазъият як қатор мушкилоти ҷиддии иҷтимоию иқтисодиро ба миён овард: қарзи давлатии ҷумҳурӣ аз сабаби нарасидани пули нақд барои пардохти музди кор, нафақа ва кумакпулиҳо бемайлон меафзуд; маблағгузории иқтисодиёт амалан қатъ гардид ва ниҳоят Бонки миллии Тоҷикистон аз имконияти гузаронидани сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ ва асъорӣ маҳрум буд.

Ҳалли ин мушкилот ва масъалаҳои дигар зарурати ҷорӣ кардани пули худиро ба миён овард. Ба муомилот баровардани пули миллӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошт ва падидаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие гардид, ки бо мусоидати Хазинаи Байналхалқии Асъор сурат гирифт.

Ин воҳиди пулӣ дар муддати 5 соли дар муомилот қарор доштанаш дар ташкили заминаҳои истиқлолияти иқтисодии кишвар нақши муҳим бозид ва барои оғози фаъолияти нави комилан миллии пулӣ шароити зарурӣ муҳайё гардонд.

Имрӯз сомонӣ яке аз пулҳои устувор дар ИДМ маҳсуб мешавад, ки таваҷҷуҳи доираҳои молиявии давлатҳои ҳамсояро ба худ ҷалб намудааст.

Моҳи ноябри соли 2004 аввалин тангаҳои хотиравии Тоҷикистон- тангаҳои арзиши 5 сомонӣ ба ифтихори 10-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тангаҳои арзиши 3 сомонӣ ба ифтихори 80-солагии пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба муомилот бароварда шуданд. Ин тангаҳо дар ду шакл — аз нуқра ва маводи омехта (латун ва мелхиор) сикка зада шудаанд. Тангаҳое, ки аз маводи омехта сикказанӣ шудаанд, дар муомилоти пулии ҷумҳурӣ қарор доранд.

Пули миллӣ бойигарӣ ва сарвати миллист, обрӯю эътибори миллат аст. Бинобар ин таъмини гардиши озодона, ҳифзи қурб ва қобилияти мубодилавии он қарзи ҳамаи мо дар назди Ватан мебошад.

 

Мавҷуда Анварӣ

Октябрь 30, 2016 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
Аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуд