Ифтихорномаи ректори ДДХ ба волидони донишҷӯён: кори бонизоми омӯзгор ва падару модаронро роҳандозӣ бояд кард!

Октябрь 20, 2016 16:58

Хоруғ, 20.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Шермамад Ҷонмамадов дар ҳузури бештар аз 500 донишҷӯ ба гурӯҳе аз волидони донишҷӯён, ки фарзандонашон бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд ва дар барномаҳои фарҳангию варзишии шаҳру вилоят ширкати фаъол доранд, ифтихорномаҳо тақдим кард. Зимни супурдани ифтихорномаҳо ректори донишгоҳ аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд» ёдовар шуда гуфт: «Қонуни мазкур бо тақозои замони муосир, баъди афзоиши рӯзафзуни таъсири фарҳангу суннати ҷаҳони берунӣ ба василаи шабакаҳои мухталифи электронӣ ба тасвиб расид. Фарзандони мо ҳангоми истифода аз ин шабакаҳо дар баробари иттилои зарурӣ, ҳамчунин бо бисёр гузоришу матолиби дурушту ихтилофангез рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба арзишҳои миллии мо  созгор нестанд. Ин метавонад рафтору кирдори онҳоро ноаён тағйир диҳад ва мо замоне аз ин огоҳ мешавем, ки ислоҳаш ғайримумкин мегардад.  Қонуни мазкур бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки дар таълиму тарбияи фарзандонамон ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем, зеро ин  на танҳо ба оилаи мо, балки ба ҷомеа ва кишварамон зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ёдовар шуда, ба устодону донишҷӯён ва волидони онҳо таъкид менамояд, ки зираку ҳушёр бошанд ва ба доми ифротгароён наафтанд».
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки чун ҳамеша, масъалаи ҳифзи шаҳрвандони мо аз таъсири ин гуна тарғибот ва пешгирии  ҷалби онҳо ба сафи ташкилотҳои терррористиву экстремистӣ муҳим боқӣ мемонад. Дар ин ҷо кори ҳаррӯза ва бонизоми ҳар як омӯзгор ва корманди соҳаи маориф дар якҷоягӣ бо падару модарон зарур аст.
Ректори донишгоҳи мазкур бори дигар ба волидони донишҷӯён, ки ҳамеша бо устодон ҳамкорӣ мекунанд ва ҷараёни таҳсили фарзандонашонро пайгирӣ менамоянд, изҳори сипос кард. Аз устодон даъват намуд, ки барои барқарор кардани робитаи доимӣ бо волидон худашон низ бештар саъю талош кунанд.

Октябрь 20, 2016 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид