Лахш: Хонандагони лаёқатманд идрорпулӣ мегиранд

Октябрь 31, 2016 16:05, 325 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Лахш, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Лахш тасмим гирифтааст барои  хонандагони болаёқати ноҳия идрорпулӣ ҷудо намояд.

Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Лахш ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳоло ба  панҷ нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия идрорпулӣ дар ҳаҷми 100 сомонӣ ҷудо гардида, ба онҳо ҳар моҳ супорида мешавад.

Ин аввалин иқдом дар минтақаи Рашт буда, аз тарафи  роҳбарияти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ роҳандозӣ гардид.

Октябрь 31, 2016 16:05, 325 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш