Рӯзи Президент бо силсилабарномаҳои фарҳангию варзишӣ ҷашн гирифта мешавад

Ноябрь 15, 2016 08:48

Душанбе, 15.11.2016. /АМИТ «Ховар». Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузаронидани силсилабарномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ аз 12-то 16-уми ноябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин рӯзҳо омода ва пахш намудани барномаҳои махсуси телевизионӣ, мусоҳиба бо таърихнигорону сиёсатшиносон, баргузории суҳбатҳои телевизионӣ бо иштироки олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар мавзӯи «Нақши Президент дар бунёди давлати миллӣ», инъикоси чорабиниҳо ва чопи мақолаҳо вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории суҳбати «мизи мудаввар» бо иштироки сиёсатмадорон ва шоирону нависандагон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ, барномаҳои фарҳангӣ дар Амфитеатр ва мусобиқаҳо оид ба варзиши сабук, шиноварӣ, волейбол, баскетбол, футболи хурд ва гӯштини миллӣ дар назар дошта шудаанд.

Ноябрь 15, 2016 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад