Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус

Ноябрь 26, 2016 20:02

Душанбе, 26.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

 «Ҷаноби Олӣ,

Хабари мусибати сангину ҳузнангези мардуми дӯсти Куба — вафоти пешвои он Фидел Кастро Рус боиси  андӯҳи бепоёни мо гардид.

Хотироти Фидел Кастро Рус ба ҳайси шахсияти бузурги давлатие, ки хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди кишварро муайян намудааст, дар таърихи муосири Куба ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд. Ҷаҳду талошҳои пайвастаи байналмилалии ӯ дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот ва ризоияти кулл боиси шинохти умум ва эътирофи марҳум ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ гаштаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону наздиконатон, ҳамчунин ба тамоми  мардуми Куба таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз менамоям”.

Ноябрь 26, 2016 20:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро ба истифода доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии №8-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни болои ноҳияи Данғара бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро ба истифода доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Саодатшо» ва дастовардҳои кишоварзии ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара бо рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи «Муосир» шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз бахшиданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева санги асос гузоштанд