Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус
Душанбе, 26.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари мусибати сангину ҳузнангези мардуми дӯсти Куба — вафоти пешвои он Фидел Кастро Рус боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.
Хотироти Фидел Кастро Рус ба ҳайси шахсияти бузурги давлатие, ки хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди кишварро муайян намудааст, дар таърихи муосири Куба ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд. Ҷаҳду талошҳои пайвастаи байналмилалии ӯ дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот ва ризоияти кулл боиси шинохти умум ва эътирофи марҳум ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ гаштаанд.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону наздиконатон, ҳамчунин ба тамоми мардуми Куба таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз менамоям”.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ан Сяомэн мусоҳиба анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 81-солагии Рӯзи ғалаба иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд






