Беш аз 500 нафар савганд ёд карданд, ки марзу буми Ватанро ҳимоя мекунанд

Ноябрь 1, 2016 11:11

Душанбе, 1.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Мубориза  бар зидди ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ, бахусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар як афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо менамояд, зеро ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ аз ҳар як фарди содиқ ва бонангу номуси ин Ватан вобастагӣ дорад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ мебошад»-ин суханонро аз номи Раиси КДАМ ҶТ ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Бадридин Мирзоев дар маросими савгандёдкунии наваскарон қироат намуд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар маросими бошукӯҳи тантанавӣ беш аз 500 нафар сарбозони навдаъватшуда дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баровардани байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ Савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Намояндагони сарҳадии Федератсия Русия дар Тоҷикистон, собиқадорон, падару модарони сарбозон ва меҳмонон зикр намуданд, ки  маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзӣ имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба афсарону сарбозон барои ба натиҷаҳои назаррас расидан аз номи Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ифтихорномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва медалҳои ҷашнӣ тақдим гардиданд.

Ноябрь 1, 2016 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд