Эмомалӣ Раҳмон: «Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд»

Ноябрь 28, 2016 16:26

31294016635_7a14d6a0b9_zДушанбе, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Равандҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ мушкилоти вобаста ба обро дучанд печидатар мегардонанд», — омадааст дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити оби Будапешт.
Президенти мамлакат аз ҷумла зикр кард, ки «Тайи даҳсолаҳои ахир масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои кишвар, ки сарчашмаи асосии оби дарёҳо мебошанд, ба таври назаррас кам шудаанд. Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд».
Вобаста ба оқибатҳои офатҳои табиӣ Сарвари давлат таъкид карданд, ки «Бар асари чунин офатҳои табиӣ ҳамасола зерсохторҳо вайрон гардида, масоҳатҳои калон зери об мемонанд ва ба иқтисоди мамлакат зарари зиёд расонида мешавад. Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015, обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар ба андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд».
«Чунин ҳолат аз мо андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати ҳифзи манбаъҳои обии кишвар ва бо ин тағйирот мутобиқ гардонидани низоми истифодаи обро тақозо менамояд», — омадааст дар суханронии Президенти мамлакат.

Ноябрь 28, 2016 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд