Ду филми истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷашнвораи филмҳои миллӣ дар Москва намоиш дода мешаванд

Декабрь 16, 2016 08:35

ДУШАНБЕ, 16.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 24 декабр дар шаҳри Москва ҷашнвораи филмҳои миллӣ баргузор мегардад.
Тавре ки аз «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «дар ҷараёни ҷашнвора ду филми истеҳсоли Тоҷикистон- «Мушкилкушо»-и Умед Мирзоширинов ва «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов мавриди намоиш қарор мегиранд».
Ба иттилои манбаъ, намоиши филмҳои тоҷикӣ рӯзҳои 19 то 23 декабр дар толори синамои «Иллюзион» сурат мегирад. Дар баробари филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон, дар ҷашнвора намоиши филмҳои коргардонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Эстония низ дар назар аст.

Декабрь 16, 2016 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

КОШИНКОРӢ. Он ҳунари дастии қадимии халқи тоҷик аст, ки давоми ҳазорсолаҳо газанд намеёбад
Дар ноҳияи Данғара 46 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Ба ин муносибат дар Осорхонаи миллӣ 30 барномаи гуногуни фарҳангӣ пешниҳод мешавад
Оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва экосистема дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мегарданд
Ҷаласаи муштараки Шурои ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Ҳамкории олимони Тоҷикистон ва Қазоқистон густариш меёбад
Китоби «Устод Айнӣ, таърих, сиёсат» ба нашр расид
Дар ҳошияи Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои ИДМ вохӯрии рӯзноманигорон доир шуд
Дар Душанбе бо намояндагони академияҳои илмҳои кишварҳои аъзои ИДМ мулоқот баргузор шуд
Нахустин Анҷумани вазирони фарҳанги давлатҳои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт